иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Махсусан рӯзгори босаодати шахсиятҳои барӯманд барои насли ҷавон мояи ибрату ифтихор, роҳнамои зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Гурез Иброҳимов, аз зумраи чунин инсонҳоест, ки бо кору фаъолияти ибратбахши хеш дар ҷомеа нуфузу эътибори шоистаро соҳиб гардидааст. Мавсуф бо дуои неки волидонаш роҳ ба сӯи илму маърифат пеш гирифтааст. Тарбияи хуби падару модар буд, ки ӯ аз хурдӣ ба омӯхтани илму дониш мароқи бештар зоҳир намуд. Соли 1960 бо кӯшишу истеъдоди аз бар намудааш роҳ ба сӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ пеш гирифт ва соли 1969 ин боргоҳи илму маърифатро бо муваффақият хатм намуда, соҳиби дипломи аъло гардид.
Бояд тазаккур дод, ки Гурез Иброҳимов аз давраҳои дар Донишгоҳ таҳсил кардан ба фанни педагогика таваҷҷуҳи махсус пайдо намуда, баъди ду соли фаъолият дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тасмим гирифт, ки барои ба муваффақиятҳо ноил гардидан дар ин ҷода саъю талоши зиёд лозим аст. Бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давом додани фаъолияти педагогӣ соли 1972 ба ноҳияи Қумсангири вилояти Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) омад. То соли 1975 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и он ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти тоҷик ва ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият намуд.
Ӯ бо малакаву маҳорати баланди касбӣ соли 1975 ба кафед-раи «Педагогика ва психология»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баргашт. Соли 1983-1987 бо мақсади давом додани кори илмӣ дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (он замон ба номи Т. Г. Шевченко) дохил шуда, таҳти роҳбарии И. Обидов дар мавзуи «Тарбияи байналмилалии хонандагони синфҳои 5-6 ҳангоми таълим ва корҳои беруназсинфӣ» тадқиқоти илмӣ бурда, онро соли 1991 дар Шурои илмии ҳамин Донишгоҳ бомуваффақият дифоъ намуда, ба гирифтани унвони номзади илмҳои педагогика сазовор гардид.
Номбурда, дар давоми фаъолияти илмӣ-омӯзгории худ дар баробари ба корҳои таълиму тарбия машғул гардидан, инчунин, ба корҳои илмӣ-эҷодӣ пайваст. Воситаҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ, ки дар давоми фаъолияти омӯзгорӣ ба қалам додааст, аксаран мазмуну муҳтавои баланд доранд.
Роҳбарияти олии мамлакат хидматҳои ин олими намоёнро ба назар гирифта, ӯро ба «Ифтихорнома»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999) қадрдонӣ намудааст.
Одинамо ШАРИПОВА,
декани факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, дотсент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.05.2022 №: 89 Мутолиа карданд: 494