logo

иҷтимоиёт

АЗ ЭҶОД ТО УСЛУБИ ЯК РОМАН. МАСЪАЛАҲОИ МАТНШИНОСӢ ДАР РОМАНИ «ДАР ОРЗУИ ПАДАР»-И КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

 
Бузургони илму адаби мо аз қадимулайём ба оила ва таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, дар асарҳои пурғановати худ мавзуи мазкурро дар мадди аввал гузоштаанд.
«Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Хористон»-и Маҷдуддини Хофӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Ахлоқи муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Оила ё худ вазоифи оиладорӣ»-и Абурауфи Фитрат, «Дар орзуи падар»-и Кароматуллоҳи Мирзо, «Баъд аз сари падар»-и Абдулҳамид Самад аз ин ҷумлаанд, ки муаллифонашон мавзуи хонадон ва муносибатҳои оилавиро ба таври муфассал ба риштаи таҳқиқи адабӣ кашидаанд.
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар паёмҳо ва суханрониҳои худ дар хусуси оила ва масъулияти падару модар ва таълиму тарбияи фарзанд махсус таъкид намуда, дастурҳои муфид додаанд. Аз ҷумла: «Ҳамаи дастовардҳо ва корномаҳои мардонагиву қаҳрамонии фарзандони халқи тоҷик, бешубҳа, натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии падару модарони азизи мо мебошанд. Чунки ҳамчун инсони комил ба воя расондани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва дастгириву садоқати падару модар имкон надорад.
Аз ин лиҳоз, падару модарони арҷманд бояд рисолати муқаддаси худ – тарбияи поктинативу зебопарастӣ, башардӯстиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар руҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд парчами давлатамонро дилпурона ба сӯи уфуқҳои ояндаи ободу осуда баранд. Дар баробари ин, эҳтиром намудани падару модар ва расидан ба қадри заҳмати онҳо қарзи фарзандии ҳар як инсони бонангу номус мебошад.
Шахс дар сурате метавонад ба пирӯзиву комёбиҳо ноил гардад, ки агар дуои неки падару модарро гирад ва ба қадри ранҷу заҳмат ва дилсӯзиву ғамхориашон расад». 
Аз ин рӯ, романи «Дар орзуи падар»-и Кароматуллоҳи Мирзо, ки дар мавзуи оила ва хонавода навишта шудааст, дар адабиёти мо мавқеи барҷаста дорад. Чуноне ки худ иброз медорад: «Романи «Дар орзуи падар» аслан сарнавишти талхи инсонист, то тавонистам, дар ин асар талхиву шириниҳои рӯзгор, фоҷиаи оилавиро ба риштаи тасвир кашидам».
Роман наздики 50 персонаж дошта, он қисмати як оила ва моҷароҳои бардавому фоҷиабори он асоси хати сужаи романро ташкил медиҳад.
Ҳанӯз аз оғози ин роман ва нахустин сатрҳояш бӯи фоҷиа меояд. «Нозимӣ бо димоғи сӯхта аз кор баргашт. Қавоқҳояш овезон, пеши чашмонаш ожангҳо афтода, сараш урён, аз афташ кулоҳаш дар идора мондааст, фаромӯш кардааст. Пайкараш ҳам пеш хам зада, гӯё бо асо роҳ мерафта бошад, дар зери бағалаш ҳамон ҷузвдони чармини сурхи наваш… Ӯ бо ҳамон ҳол аз назди Меҳрубон, ки бо пешвозаш ба долон баромада буд, гузашт, ба саломаш алейк нагуфт, мисли ҳаррӯза вайро оғӯш карда, ба қадаш бардошта, аз рухсораҳояш бӯсида, меҳрубониаш накард. 
Романи мазкур асари сегона буда, бори аввал соли 1987 дар шумораи 10 ва 11-и маҷаллаи «Садои Шарқ» ва соли 1989 чун асари алоҳида, дар шакли қисса дастраси хонандагон мегардад. Сабаби ба романи 3-ҷилда табдил ёфтани ин асар ҳам танқиди адабӣ буд ва ҳам оммаи хонандагон.
Адабиётшинос С.Саидов доир ба қисса муҳокима ронда, симои асосии асар – Нозимӣ ва Мушаррафро нопурра ва инкишофноёфта медонад: «Доираи амалиёти Нозимӣ ҳамчун образи бадеӣ, дар оғози повест каму беш равшан бошад ҳам, дар охир тамоман хира мегардад. Ин образ, ба фикри мо, ҳоло номукаммал аст. Фаъолияти минбаъдаи ӯ ба хонанда пурра равшан нест». Ё худ: «Симои Мушарраф ба занони солҳои 20-30 монанд аст, вай барои беҳбудии ҳаёташ мубориза намебарад. Ба назар чунин мерасад, ки занҳои солҳои 70-ум ҳеҷ ташаккули маънавӣ надидаанд. Инкишофи маънавии зани тоҷик дар солҳои 60- 70-ум дар тамоми соҳаҳои ҳаёт мушоҳида мешавад, вале ҳаминро дар повест намебинем».
Ва чӣ гунае, ки адиб борҳо дар мусоҳибаҳояш таъкид кардааст, хонандагон пайваста занг задаву аз тақдири Меҳрубону Нозимӣ пурсон мешуданд ва ниҳоят адиб инро ба назар гирифта, соли 2000 қисмати 2-юми асарро ба итмом мерасонад.
Дар ҷилди 2-юми асар сухан дар атрофи Меҳрубону Нозимӣ ва муносибатҳои оилавии онҳо идома ёфта, густариш меёбад. Адиб дар ин ҷилд воқеаҳое, ки дар ибтидои солҳои 90-уми қарни ХХ, аз қабили дуздию ғоратгарӣ, ифротгароӣ, ба сари қудрат омадани шахсони дар гузашта беобрӯю бемавқеъ, нашъамандӣ, аз байн рафтани меҳру вафо, инсондӯстию инсонпарварӣ рух дода буданд ва амсоли инҳоро ба таври воқеӣ ба қалам додааст.
Баъди навиштани ин 2 ҷилд, чуноне ки нависанда дар рӯзномаи «Оила» гуфтааст: «Ҳанӯз вақте, ки қисми аввали «Дар орзую падар» дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шуд, аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ба унвони банда номаҳои зиёде мерасиданд. Зану шавҳароне, ки бо ҳамдигар носозгор буданд ва нияти ҷудо шудан доштанд, наздам омада маслиҳат мепурсиданд. Ман «Дар орзуи падар»-ро ба дасташон дода мегуфтам: «Ин асарро ба хона бурда, бодиққат хонед! Агар баъди мутолиаи асар аз фикратон нагардед, марҳамат ҷудо шавед!»
Садҳо нафар баъди мутолиа аз фикрашон гаштанд. Тақдири Мушаррафу Нозимӣ хонаводаҳоро аз вайроншавӣ ва чандин Меҳрубонҳоро аз дарди ятимӣ наҷот дод.
Нависанда қисмати 3-юми асарро менависад. Дар ин хусус чунин нигоштааст: «Ман қисмати 3-юми «Дар орзуи падар»-ро, ки аз 2 қисми аввали асар дида пурсӯзтару фоҷианоктар аст, ба хонандагон пешниҳод намудаам».
Ҷилди 3-юми асар «Дарҳои баста» ном дорад. Дар ин ҷилд сарсону саргардониҳои ин оила ба риштаи тасвир кашида шудааст. Дар ин қисм дари ёру дӯстону хешовандон барои Меҳрубону Нозимӣ баста мешавад.
Ин ҷилд бо «Дуои падар» ном фасл ба анҷом мерасад. Падар марги худро ҳис карда васият мекунад:
«Ту, бачам, гӯш кун. Гӯш кун, ки ман чӣ мегӯям. Очата суроғ кун. Вай Муҳаммади Паҳлавон гуфт, ки боз рӯзаш сиёҳ шудааст, рӯз надид. Рав, сарбони очаат шав, рав, Мижгонро ёб, шавҳар кардааст, вайро таги бол кун. Вай духтаракам, ман вайро дӯст медорам.
Ту, бачам, додоятро фаромӯш накун, аз хотир набарор, - падар канда-канда, базӯр-базӯр ҳарф мезад, васият мекард».
Қаҳрамонони роман ҳам мусбат, амсоли Мушарраф, Меҳрубон, Шафақ, Шариф, Муҳаммадӣ, Паҳлавон Мавлонзода ва ҳам манфианд, монанди Нозимӣ, Шафиӣ, Абдушукур, Шаҳноза, Шоҳназар ва ғайра.
Аз нигоҳи матншиносӣ бошад, таҳриру тадвини асар дар чанд ҳолат рух медиҳад. Аввалан, худи муаллиф норасоиро пайхас карда, ба таҳрир мепардозад ва ё аз ҷониби мунаққидону муҳаррирон ва тақозои давр. 
Достони «Ҳасани аробакаш»-и устод Мирзо Турсунзода мисоли равшани ин гуфтаҳост. Пас аз он, ки достон дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ мерасад, адабиётшинос, мунаққиди шодравон Соҳиб Табаров ҳусну қубҳи онро бо навиштану нашри мақолае дар ин маҷалла баён медорад. Пас аз он адиб танқиди адабиётшиносро ба инобат гирифта, достонро таҳрири ҷиддӣ мекунад ва мукаммал месозад. Ҳамин буд, ки адиб барои «Ҳасани аробакаш» сазовори баландтари ҷоизаи он давр ё худ мукофоти ленинӣ мегардад.
Романи мазкур аз оғози таълифу анҷомаш 20 соли фикру хаёли нависандаро ба худ ҷалб кард, вале он ҳангоми таҳрир аз ҷиҳати услубу забон, мазмуну муҳтаво ва мундариҷа тағйир наёфт, ба ҷуз андаке, ки дар чопи пурраи асар ин 3 ҷилд бо «Айби волидайн», «Бехонумон», «Дарҳои баста» номгузорӣ шудаанд. Номи Нозимӣ дар матни чопии қисса Афзалшоҳ ва дар матни роман Сафармурод омадааст.
 
- Гиред, Афзалшоҳ, камакак.
- Гиред, Сафармурод, камакак
 
Ва, инчунин, баъзе вожаҳои дар поварақҳои мақола шарҳдодашуда ба чашм мехӯрад, аммо дар матни китобӣ нест. Монанди курпаат (бачаат), рӯрез (парешону овора), ардом (ҳабсхона), бур (бузбала), менутум (кор мекунам), янга (занҳое, ки аз паси арӯс ба хонаи домод мераванд), барроқӣ (сарбаланду хурсанд), ҳини (базӯр).
Бояд зикр кард, ки ҳар адиб дар эҷоди асари бадеӣ услуб ва тарзу усулҳои худро дорад. Ҳастанд адибоне, ки муддатҳои дуру дароз як асарро фикр карда, баъд рӯи қоғаз меоранд ва дигар ҳоҷат ба таҳрири дуюмбора намемонад. Романи «Дар орзуи падар» тайи 20 сол фикру хаёли нависандаро банд кардааст. Ё дар ин муддат аз ҳамкасбону ҳаммаслакон маслиҳат мегиранд. Кароматуллоҳи Мирзо дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд, ки: «Ҳоло ҳам навиштаҳоямро пеш аз нашр ба дӯстонам – А. Ҳаким, С. Турсун, А. Самад, У. Кӯҳзод медиҳам, то хонанду фикру мулоҳизаҳояшонро баён созанд.
Ҳамин тариқ, асари «Дар орзуи падар»-и Кароматуллоҳи Мирзо муҳимтарину мубрамтарин масъалаи ҷомеаи инсониро дар бар гирифтааст. Аз ин рӯ, адиб бо дарки масъулият ва талаботи давру ҷомеа онро такмил доду таҳрир намуд, аз қисса ба романи 3-ҷилда расид. Ҳамин тавр, он рухдоди тозае буд дар адабиёти давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Зебунисо ҲАМИДЗОДА, 
магистранти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 
ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2022    №: 89    Мутолиа карданд: 526
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед