иҷтимоиёт
ОЙГУЛ МУҲАММАДҶОНОВА. АВВАЛИН ЛОЧИНДУХТАРИ ТОҶИК
Ҳанӯз муҳорибаи назди шаҳри Смоленск идома дошт. Ба полки авиатсионии наздики шаҳр, ки дар хати пеши ҷанг меразмид, аз диёри кӯҳҳои сар ба афлок духтари сияҳчашму сияҳмӯйе (ба ибораи командири полк Лапко) ҳозир шуд. Не, не, на ба ҳайси ошпаз ва на чун ҳамшираи тиббӣ, балки чун лётчик – ҷанговар. Он духтари ҷасур Ойгул Муҳаммадҷонова буд, ки ба қасди душман, дар шумори ҳазорон мардони гурд ба ҳимояи Ватан бархосту ба фронт рафт.
Ҳузури ӯ дар ҷабҳа, балки хати пеши размгоҳ, ки коршиносон даҳшатноктарин дар таърих шумурдаанд, ихтиёрӣ буд. Ӯ бо амри дил ба ҷанг рафт. Рафт то қарзи инсониву фарзандиашро назди Меҳан ба ҷо орад.
Муҳаққиқ А. Набиев дар китоби «Ватандӯстии занони Тоҷикистон» дар бораи Ойгул Муҳаммадҷонова нигоштааст, ки исми ин бону на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар ҷумҳуриҳои бародар маълуму машҳур буд. Аввалин лочиндухтари тоҷик мебошад, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ худ ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Набиев, ҳамчунин, нигоштааст, ки Ойгул хоҳиши ихтиёрӣ ба ҷанг рафтанашро дар аризаи худ ба Комиссариати ҳарбӣ чунин иброз намуда буд: «Дар солҳои сахти ҷанг мехоҳам Ватани азизи худро аз истилои Гитлер то қатраи охирини хун муҳофизат намоям».
Маҳз ба ҳамин хотир, ба Техникуми авиатсионӣ шомил шуда, мутахассиси ҳарбӣ - лётчик шуд. Баъди хатм ба полки авиатсионии наздики шаҳри Смоленск фиристодандаш. Дар эскадрон, ки лётчикҳои собиқадор, аммо куҳансол фаъолият доштанд, Ойгули ҷавонро хуш пазируфтанд ва ба ҷойи лейтенанти ҳалокшуда Петров сарнишин таъин намуданд.
Дар нахустин парвози таҷрибавӣ ҳавопаймои Ойгулро командири полк Лапко назорат мебарад. Ӯ мебинад, ки Ойгул сафро вайрон намекунад. Мувозинатро ҳам дар фазо дуруст нигоҳ медорад. Назди хати фронт душман ба онҳо ҳуҷум овард. Ҳайат худро муҳофизат намуд. Маҳз дар ҳамин ҷо Ойгул аз имтиҳони ҷангӣ гузашт.
Дар номае, ки Лапко мавриди корномаи нахустини ҷангии лётчикдухтари тоҷик Ойгул нигоштааст ва онро 28 октябри соли 1943 рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» нашр намудааст, чунин омада: «Ӯ як самолёти душманро зада афтонда, дуюмашро зери оташ гирифт ва бо кумаки шариконаш онро аз кор баровард. Мо ҳуҷуми душманро гардонда, худ ба ҳуҷум гузаштем. Ба душман наздик шуда, бомбаборон намудем. Дар ин муҳориба шарики ҳампарвози Ойгул ҳалок гардид. Ойгул аз китфаш захм бардошт. Тири душман ба қисми пеши самолёт низ зарари калон расонд. Ба ҳавопаймо хатар ва ба Ойгул марг таҳдид мекард, аммо ӯ аз ин наҳаросид. Ҷасурона ва бо чолокӣ тайёраро аз корзор бароварда, ба замин фуруд овард. Ҳам ҷони худ ва ҳам тайёраро наҷот дод. Ҳоло адади парвозҳои ӯ ба 93 расидааст. Корнамоиҳои духтари шуҷои тоҷикро ба назар гирифта, ӯро бо ордени Ленин қадр намуданд».
Муҳимтарин маълумоте, ки то имрӯз дар бораи корнамоиҳои ҷангии Ойгул Муҳаммадҷонова дар даст дорем, ҳамин мактуби командири полкашон мебошад. Мутаассифона, дар бораи корнамоиҳои дигари ҷангии ӯ иттилое пайдо карда натавонистем. Баъди мактуби командири полк Ойгул чанд парвози ҷангӣ анҷом дод? Чӣ гуна, кай ва дар куҷо ҳалок шуд? Инҳо суолҳои ҳанӯз беҷавобанд. Аммо ин, ки дар майдони корзор дар шумори ҳазорон мард баҳри ҳимояи Ватан сина сипар намуд, ҳақиқатест собитшуда.
Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ дар ин боб бо ҳасрат сурудааст:
Ҳаваси духтаронааш ҷовид
Дар дили орамидаи ӯ монд.
Даста - даста ҳинои нобаста,
Вусмаи нокашидаи ӯ монд.
Ойгул Муҳаммадҷонова дар қатори 92 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ барнагашт, аммо номаш чун фарзанди содиқу шуҷои Ватан барои ҳамеша дар таърих сабт гардид.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.05.2022 №: 89 Мутолиа карданд: 864