logo

сиёсат

АЗ ТАҲАВВУЛ ТО ТАКОМУЛ

(Дар ҳошияи китоби “Забони миллат – ҳастии миллат”-и Эмомалӣ Раҳмон. Китоби II. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – 432 саҳ.)
Дар замони соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба таҷрибаи андӯхта, донишу фазилати адолат китобҳои зиёд роҷеъ ба таъриху давлатдорӣ, чеҳраҳои мондагор ва дигар ҷанбаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаи гузаштаву муосир интишор намудаанд, ки воқеан, барои насли имрӯзу оянда чун дастур хидмат менамоянд. Ва бо назардошти зарурати воқеӣ – дар мабнои худшиносию худогоҳӣ, худҷӯию хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ тарбият намудани ворисони даврони навин китоби Пешвои муаззами миллат бо номи “Забони миллат –ҳастии миллат” рӯи чоп омад. Нашри китоби мазкур дар ҳаёти фарҳангии кишвар, бавижа бахши забоншиносӣ, як рӯйдоди фараҳбахши илмӣ маҳсуб мешавад.
Китоб аз сарсухан ва ҳафт боб иборат буда, вобаста ба марҳалаи густариши забони тоҷикӣ аз оғози асри XIII то ибтидои асри XX вазъу ҳолати замони мушаххасро перомуни забон ва таҳаввулоти он фаро мегирад.
Дар боби аввал, ки “Забони тоҷикӣ ва санҷиши замон” номгузорӣ шудааст, баъд аз тафсилоти ҳуҷуми муғул ва оқибатҳои он дар сарнавишти тоҷикон роҷеъ ба вазъияти забону адаби тоҷикӣ дар ин давра сухан рафта, ба таври возеҳ оид ба осори баргузидаи адибону олимони эрониасл андешаҳои раднопазир ироа мегарданд. Ва ақидаҳои нобу бикр дар бораи ҳусну қубҳи забони шевои тоҷикии Шайх Саъдиву Хоҷа Насриддини Тӯсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофизу Хоҷа Камол ва баъдан авзои сиёсӣ ва таърихӣ дар давраи Темуриён, вазъи забону адаб дар ин аҳд бо номи Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ рабт доштани комёбиҳои нодири рушди забон ва адабиёти тоҷик баён гардидаанд, ки барои омӯзиш ва таҳқиқ асноди қотеанд. 
Боби дуюм густариши забони тоҷикӣ дар Ҳинд ва даврабандии он, раванди густариши забони тоҷикӣ дар Ҳинд аз истилои араб то барқарор шудани сулолаи Темуриёни Ҳинд, сабки ҳиндӣ ва вижагиҳои забони он, фарҳангнависӣ дар Ҳинд ва дигар масоили мубрами давраҳои таърихро фаро гирифта, бо тафсири саҳеҳи “Ригведо” оғоз меёбад.
Муаллифи асар қаробати ҳиндуҳо бо тоҷикон ва дигар халқҳои эронитаборро бо назардошти хусусиятҳои умумӣ ва ягонагии маъноиву адабӣ баён кардаанд.
Мактаби машҳури адабии Ҳирот, ки дар замони вазири номдори Султон Ҳусайни Бойқаро – Алишери Навоӣ ва устодашон Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ арзи вуҷуд дошт, кӯчонда шуд. Ва вазъи воқеии ин марҳила дар китоб хеле барҷаставу мушаххас арзёбӣ мешавад. Пешвои миллат ин давраро бар асоси мушоҳидаи таърихӣ чунин тасвир намудаанд: 
“Ин марҳала ба рушди забони тоҷикӣ таъсир расонида, аз чанд ҷиҳат ҷолиб аст. Нахуст ин, ки дар оғоз барои ташхиси забони ба Ҳинд рафта аз забони тоҷикии Мовароуннаҳр ва Хуросон истилоҳоти нав, ба монанди “форсии Ҳинд”, “форсии Мовароуннаҳр”, “форсии Эрон”, “форсии Эрон ва Тӯрон” ва “форсии Эрон ва Мовароуннаҳр” арзи ҳастӣ карданд.
Пасон аз охири номи забон калимаҳои нисбат меафтанд ва танҳо истилоҳи “забони форсӣ” боқӣ мемонад. Зоҳиран афтидани истилоҳи “дарӣ” низ ба ҳамин усул дар ҳамин давра сурат гирифтааст, зеро пас аз асрҳои XVII- XVIII истилоҳи “форсии дарӣ”, ба истиснои баъзе порчаҳои шеърӣ, тақрибан дар адабиёт дида намешавад. 
Дуюм ин, ки чун забони тоҷикӣ забони расмии дарбор ва мақомоти идорӣ қарор гирифт, зарурати омӯхтани он низ барои табақаҳои гуногуни ҷомеа ба миён омад. Аз ҳамин ҷиҳат дар ин марҳала луғатсозӣ ниҳоят авҷ гирифт ва то ибтидои садаи XX маркази луғатсозӣ ва фарҳангнависӣ ба забони мо кишвари Ҳиндустон гардид. Теъдоди фарҳангҳое, ки дар ин сарзамин аз тарафи тоҷикону эрониён ва аз ҷониби ҳиндуҳои тоҷикидон тадвин шудааст, ниҳоят бисёранд. Баъзе олимон миқдори онҳоро аз 200 бештар медонанд. 
Сеюм ин, ки муҳити Ҳинд ва фарҳангу ҳунари рангини он дар забони мо таъсири амиқ гузошт ва ба он рангу бӯи “ҳиндӣ” бахшид...”  (Саҳ.115).
“Забони тоҷикӣ дар асрҳои XVII – XVIII” номи боби дигари китоб аст. Дар ин боб масъалаҳои мубрами замон – Аштархониён ва ҳукумати онҳо дар Мовароуннаҳр, забони адаби тоҷик дар замони Аштархониҳо, услубҳои забонии ин давра, хусусиятҳои калимасозӣ, санъати саҷъ ва хусусиятҳои забонии он, истифодаи истилоҳот ва андешаҳои амиқи илмӣ вобаста ба мақоми забони тоҷикию мавқеи он сухан дар миён аст.
Баъд аз шарҳи иҷмолии вазъияти сиёсии ин давр ба фаъолияти доираи адабии Бухорову Қӯқанд ва Балх ишора шуда, дар бораи ба ҳиҷрати ватан рӯ овардани адибону шоиронро муаллифи асар таъкид намуда, ин замонро даврони номусоид барои аҳли назару ҳунар зикр менамоянд. 
Дар шарҳи ҳоли Сайидои Насафӣ (1618-1707/1711)  Пешвои миллат навиштаанд: 
“Забони асарҳои ин шоир аз забони зиндаи гуфтугӯйии халқ сарчашма гирифтааст, Сайидо сухансароест, ки забони шеъри тоҷикро ба забони гуфтугӯйии халқ наздик кардааст. Ашъори ӯро мутолиа карда, бевосита гуфтугӯ ва тарзи баёни халқи одиро эҳсос намудан мумкин аст. Дар шеърҳо ӯ гӯё худи халқ ба забон омада, ба калимоту ибороти хоси худаш ба гуфтугӯ даромадааст...” (Саҳ. 215). 
Ҳамин тавр, дар бораи эҷодиёти пурқимати Мирзо Азизбек Ҳиҷрии Дарвозӣ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Мирзо Олимҷон Ҳасрати Ҳисорӣ ва дигарон дар ин боб андешаҳо баён шуда, услуби забони онҳо тавзеҳ дода мешавад. 
Андешаҳои муаллиф роҷеъ ба санъати саҷъ ва хусусиятҳои забонии он дар осори шоирону орифони давр хеле муъҷаз ифода ёфта, намунае аз “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Зайниддини Восифӣ низ оварда шудааст. 
Бобҳои боқии китоби “Забони миллат – ҳастии миллат”: Забони тоҷикӣ дар асри XIX; Вазъи забони форсӣ ва дарӣ дар Эрону Афғонистон; Забони тоҷикӣ дар ибтидои асри XX номгузорӣ шуда, масоили дархӯри забоншиносиро фарогиранд. 
Ҷараёни маорифпарварӣ ва мақоми он дар интишори забони адабии тоҷик дар китоб таҳлилу шарҳи возеҳ ёфта, нақши намояндагони ҷудогонаи ин ҷараён тавсифу тарғиб шудааст.
Мақому манзалати яке аз бузургтарин шахсиятҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии он давра Аҳмад Махдуми Дониш (1826-1897) дар китоб аз ҷониби муаллиф  - Пешвои миллат чунин баҳогузорӣ шудааст: 
“Дар Аморати Бухорои нимаи дуюми асри XIX донишмандон ва ашхоси равшанфикре пайдо шудаанд, ки ҳам ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва мадании кишварҳои ҳамҷаворро таҳлил мекарданд ва ҳам ба воқеияти замон баҳои воқеӣ медоданд. Саромади чунин андешаварон бузургтарин шахсияти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он давра Аҳмад Маҳмуди Дониш (1826-1897) буд...” (Саҳ. 288-289).
Ва ҳамин тавр, ҷиҳати ифшо намудани асрори таҳаввули забони тоҷикӣ дар ин давраҳо ақидаҳои олии омӯзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” иброз шудаанд, ки барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, инчунин, доираи васеи хонандагон аҳамияти махсусро соҳибанд. 
Бо ибтикори маъмурияти Маркази мероси хаттии назди раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва раёсати Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҷиҳати омӯзиши васеи китоб барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат минбаъд барномаи семинарҳои махсус таҳия гардида, дар онҳо мавзуъҳои ҷудогонаи китоби мазкур мавриди мунозира қарор дода мешаванд, зеро муҳтавои он барои тарбияи насли оянда дар масири худшиносию худҷӯӣ ва ҳувияти миллӣ аҳамияти махсусро дорост.   
 
Хоналӣ ҚУРБОНЗОДА,
ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, 
доктори илми таърих, профессор,  
Меҳриддин ҒИЁСИЕВ, 
мудири шуъбаи иттилоот, робитаҳои илмӣ 
ва омӯзиши тамаддуни Шарқи ММХ АМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2022    №: 90    Мутолиа карданд: 955
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед