logo

иҷтимоиёт

ҲИСОБОТИ ДОНИШУ ҲУНАР

Консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов» дар сатҳи баланд бургузор гардид.
 
Чанде пеш консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов» бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Дар он муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Бобошоҳзода Муҳаммадшариф Сангинмурод,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Юсуфзода Ҳамзаалӣ, сармуҳаррири Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода ва дигар меҳмонону устодон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ иштирок карданд. 
Аз рӯи барнома донишҷӯёни таълимгоҳ баромад карда, маҳорату ҳунари аз устодон омӯхтаашонро манзури тамошобинон гардонданд. Ҳозирин ба хори бо номи «Ҷашни Истиқлол», навозиши умумии «Субҳи Ватан», навозиш бо сози ғиҷак «Рақси кӯлобӣ», навозиш бо сози қонун «Навои Бухоро», навозиш бо дутор «Гулдастаи дил», навозиш бо сози най «Рақси ҷавонӣ», саҳнаи тарбиявии  «Модар», «Весёлая кадриль» оҳанги В.Темнов, навозиш дар сози фортепиано «Токатино», сурудҳои «Меҳри Ватан», «Лола баромад» ва сюитаи рақсӣ диққати хосса дода, барои маҳорати баланди иҷрокунандагони онҳо кафкӯбиҳо намуданд.
Баъд аз анҷоми барнома Шарифзода Манучеҳр Муртазо, Юсуфзода Ҳамзаалӣ, Қурбоналӣ Раҳмонзода, мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҷалолзода Хайриддин  ва директори Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов» Раззоқзода Салоҳиддин Шамсиддин ба минбар баромаданд.
 Нахуст, муовини вазири фарҳанг суханронӣ карда, барои дар сатҳи баланди омодагӣ ва гузарондани консерти ҳисоботӣ ба маъмурият ва устодону донишҷӯёни таълимгоҳ баҳои арзанда дода, инчунин, иброз намуд, ки дар оянда аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Коллеҷ тақдими китобҳои тозанашр дар назар мебошад ва минбаъд ҳам, ин таълимгоҳ дар ҳама самтҳо ёрӣ ва дастгирӣ меёбад. 
Сипас, директори Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов» Раззоқзода Салоҳиддин Шамсиддин суханронӣ карда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  фарҳангро  ҷавҳари ҳастии миллат номидаанд. Ин баҳои олии Пешвои миллат мо - аҳли фарҳангро  водор менамояд, ки барои рушди соҳа фаъолиятамонро боз ҳам ҷоннок намуда, дар тарбияи ҷавонону донишҷӯёни  соҳибҳунару донишманд саҳми шоиста бигирем.
Дар охири ҷамъомад аз ҷониби меҳмонон ба як қатор устодону донишҷӯёни фаъол аз номи маъмурияти таълимгоҳ Сипоснома ва ба даҳ нафар донишҷӯи дигар, ки нав  ба сафи ҲХДТ шомил гардиданд, билети ҳизбӣ   тақдим карда шуд.
 
Миралӣ ВОҲИДОВ,
ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2022    №: 90    Мутолиа карданд: 565
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед