logo

иҷтимоиёт

ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ АДАБӢ

Дар толори Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, воқеъ дар шаҳри Тошкент, маҳфили адабии “Насими дӯстӣ” дар ҳамкории Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон баргузор гардид, ки ба тараннуми воқеии дӯстии адабиётҳои тоҷику ӯзбек мубаддал гашт. 
 
Маҳфилро раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саид бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.
- Адабиёт сафири дӯстиву рафоқат аст. Мо дар марҳилае қарор дорем, ки робитаҳои фарҳангии миёни ду кишвар-Ӯзбекистон ва Тоҷикистон беш аз пеш ривоҷ меёбанд ва он бар асоси иродаи сиёсии сарварони ин ду давлати ҳамҷавор рух медиҳад. Аммо дар ин замина ҳанӯз бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳем, ки барои ривоҷи боз ҳам бештари ин ҳамкориҳо мусоидат намоянд,- гуфт Сироҷиддин Саид. 
Ҳамзамон, афзуд, ки Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон талошҳои бештар ба харҷ медиҳад, ки дар байни адибони ду кишвари дӯсту бародар робитаҳои адабӣ бештар рушду нумӯ намуда, дар равнақи адабиёти ҳар ду мамлакат хизмати босазо анҷом диҳанд. 
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни суханронӣ ба он нукта таваҷҷуҳи иштирокчиёни маҳфилро ҷалб намуд, ки тавсеаи робитаҳои адабии миёни ду кишвар барояш хеле хушоянд мебошад ва инро наметавон нодида гирифт. Вай афзуд:
-Аввалин шеъри мукаммали тоҷикӣ, ки гӯяндааш Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакист, маҳз бо васфи дӯстӣ шуруъ шудааст:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.
Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Ба шарофати касби истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ҳифзу ривоҷи забону адабиёт ва фарҳанги мардуми тоҷик шароити хубе аз сӯйи ҳукумат фароҳам оварда шудааст, ки мӯҷиби шукру сипос аст.
Ба гуфтаи сафири тоҷик мисли давраҳои гузашта имрӯз низ адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон рӯ ба тараққӣ овардааст. Дар мактабҳои таълимоти умумӣ, коллеҷу литсейҳо ва  чанд донишгоҳи ин кишвари дӯст фарзандони мардуми тоҷиктабор ба забони модарӣ дониш меомӯзанд.
- Доман фарох намудани корҳо дар мавриди чопи китобҳои дарсӣ, таъсиси нашрияҳои давлатӣ ва хусусӣ, нашри асарҳои илмӣ ва адабӣ ба забони тоҷикӣ рӯйдоди хеле хурсандибахш мебошад. Дар натиҷаи фароҳам будани шароит ва имкониятҳо дар Ӯзбекистони кунунӣ тақрибан 400 нафар шоиру нависандаи тоҷикзабон машғули эҷоди асари бадеӣ ҳастанд. Аксари ин адибон, ки дар шаҳру вилоятҳои мухталифи Ӯзбекистон – Тошкенту Фарғона, Самарқанду Бухоро, Сурхондарёву Қашқадарё, Ҷиззаху Сирдарё зиндагӣ ва эҷод мекунанд, китобҳои худро дар нашриётҳои ватаниву хориҷӣ ба чоп мерасонанд, - таъкид намуд сафири Тоҷикистон.
Ба таъкиди Абдуҷаббор Раҳмонзода беш аз 10 адиби тоҷик аъзои Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва беш аз 10 нафари дигар аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошанд. Ибрози умедворӣ шуд, ки дар ояндаи наздик аз миёни адибони Тоҷикистон шумораи аъзои Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон зиёдтар хоҳад шуд.
-Боиси ифтихор аст, ки бархе аз адибони тоҷики Ӯзбекистон, чун Асад Гулзодаи Бухороӣ, Аслиддин Қамарзода, Адаш Истад, Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ, Паймон, Абдулло Субҳон, Муҳаммадҷон Шодӣ, Чоршанбеи Деҳнавӣ ва Саидаи Синавӣ на танҳо дар саросари кишвар, балки дар кишварҳои Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва хориҷ аз он низ хуб шинохта шудаанд. Дар байни онҳо баъзе суннати адабии зуллисонайниро идома дода, осори арзишманде ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ офаридаанд, - тазаккур дод Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Гуфта шуд, ки дар ростои сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ташкил гардидани бахши адабиёти тоҷикӣ дар Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар Самарқанд, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шудани як гурӯҳ адибони тоҷики муқими он падидаи хеле нек мебошад. 
-Мо аз он ифтихор мекунем, ки бо ибтикори раҳбари шуъбаи Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Асадуллоҳ Шукуров маҷаллаи адабӣ-илмии “Дурдонаи Шарқ” таъсис ёфт. 
- Ба узвияти Иттифоқи нависандагони якдигар пазируфтани адибон падидаи навест, ки маҳз аз беҳбуди робитаҳои фарҳангии миёни ду кишвар шаҳодат медиҳанд. Робитаҳое, ки қаблан устодони мо роҳандозӣ кардаанд, дубора аз сар гирифта мешаванд, - гуфт мудири бахши робитаҳои байналмилалии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо.
Дар маҳфил ба Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ, Муҳаммадҷон Шодӣ, Абдулло Субҳон ва Юнуси Имомназар, ки аъзои Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон мебошанд, шаҳодатномаи  узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон супурда шуд. Ин ҷо ду нафар адибони ӯзбектабори Тоҷикистон ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон қабул гардиданд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, 
“Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2022    №: 90    Мутолиа карданд: 768
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед