logo

сиёсат

БАҲСҲОИ МАРЗӢ. МУЗОКИРОТ ВА ГУФТУШУНИД ТАРҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН АСТ

Баҳсҳои марзӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон беш аз сӣ сол аст, ки идома доранд. Дар ин муддат чандин иқдомҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта роҳандозӣ гардида, то андозае масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатӣ ҳал гардид. Масалан, аз соли 2002 Комиссияи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳадӣ фаъолият менамояд, ки дар натиҷаи фаъолияти комиссия аз 987 километр сарҳади давлатӣ миёни ду давлат 663,7 километр марз мушаххас ва мувофиқа карда шудааст. Аммо новобаста аз ин иқдомҳо, давоми ин солҳо баҳсҳои марзӣ барои сокинон мушкилиҳоро дар пай доштааст. 
Дар ин маврид, даҳҳо далел ва рӯйдодҳоро номбар кардан мумкин аст, ки мушкилоти ҷойдоштаро бозгӯӣ менамоянд. Вале, дар ин ҷо кифоя аст, аз муноқиша ва баъдан низое, ки 29 – 30 апрели соли 2021 дар минтақаҳои Ворух, Хоҷаи Аъло, қисмате аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сар зад ва дар пай талафоти ҷонӣ аз ҳар ду тараф дошт, мисол орем. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози ба вуҷуд омадани баҳсҳои марзӣ гуфтушунид ва музокиротро дар авлавияти сиёсатгузории худ қарор додааст, ки ин тасмим воқеӣ, огоҳона, пеш аз ҳама, бо назардошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ гирифта шудааст. Ин нукта борҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарони давлатҳо таъкид гардидааст. Инчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ворух дар соли гузашта оид ба масъалаи мазкур мавқеи Тоҷикистонро чунин баён доштанд: “Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад”. 
Воқеияти таърихӣ ва таҳлили раванди баҳсҳои марзӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор буда, ҳеҷ гоҳ хилофи он амал накардааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони шаҳри Исфара 17 апрели соли 2022 бори дигар оид ба мавқеъ ва дидгоҳи Тоҷикистон дар ин масъала чунин ибрози назар намуданд: “Такроран таъкид менамоям, ки масъалаҳои марзии байни давлатҳо танҳо ва танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда мешаванд ва дар ин масъала роҳи дигар вуҷуд надорад”. 
Яъне, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳалли мушкилоти марзӣ пурра равшан аст. Дар амалия низ мушоҳида намудан мумкин аст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дар марзи ду кишвар барои сокинони ҷонибҳо монеа ва ё мушкилот эҷод накардааст. 
Аммо, таҷриба нишон медиҳад, ки ҷониби Қирғизистон дар аксар ҳолатҳо дар марз монеаҳоеро эҷод менамоянд, ки омили сар задани нофаҳмӣ ва муноқишаҳо миёни аҳолии маҳал мегарданд. Таҳлилҳо собит намуданд, ки дар ҳодисаи 29 – 30 апрели соли 2021, ки дар Ворух сар зад ва харобиҳою қурбониҳои зиёд овард, маҳз ҷониби қирғизҳо сабаби сар задани он моҷаро гардида буданд. Ё ин ки аз аввали соли 2022 то ҳол дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ду муноқиша сар зад, ки дар ин ҷо низ ҷониби Қирғизистон ташаббускори ҳодисаҳои мазкур буд. Масалан, дар муноқишаи шоми 27 январи соли 2022 рухдода, ки дар пай талафоти ҷонӣ дошт ва дар ҳодисаи 12 апрели соли ҷорӣ, ки дар натиҷа як сарбози Тоҷикистон кушта шуд, мушоҳида намудан мумкин аст, ки омили сар задани ҳодиса амалкарди ҷониби қирғизҳо шудааст.
Тавре таҳлили матолиби муҳтавои шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба бардошти масъалаи мазкур нишон медиҳад, баъзе афрод иброз медоранд, ки кишвари мо дар баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон бештар гузашт менамояд. Чунин андешарониҳо мантиқӣ набуда, комилан аз воқеиятҳо дур аст. Албатта, дар меҳвари сиёсатгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музокирот бартарӣ додан маънои онро надорад, ки ҷониби Тоҷикистон иқтидори кам дорад ва ё гузашт намуда истодааст. Вобаста ба ин, ки чаро Тоҷикистон дар масъалаи ҳалли баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон музокирот ва гуфтушунидро тарҳи миллии худ қарор додааст, чанд нуктаро баён менамоем, ки барои хонандаи гиромӣ асли масъала ошкор мегардад. 
Аввал. Маърифати сиёсии миллати тоҷик ва фарҳанги баланди сиёсии роҳбарияти олии кишвар яке аз омилҳои меъёр қарор додани музокирот ва гуфтушунидҳо дар раванди баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон мебошад. Дар раванди ҳалли мушкилиҳо рӯ овардан ба хирад ва мантиқ яке аз хислатҳои муҳими миллати тоҷик аст, ки тули садсолаҳо ҳамчун фарҳанги баланди сиёсӣ шакл гирифтааст. Дар пайвастагӣ ба ин масъала, Сарвари давлат зимни суханронӣ бо сокинони шаҳри Исфара (17 апрели соли 2022) чунин баён доштанд: “Фаромӯш набояд кард, ки мо – тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои бостонии дунё дар тули таърих тамоми мушкилоту масъалаҳои пешомадаро бо ақлу хирад, солориву тамкин ва сабру таҳаммул ҳаллу фасл кардаем».  
Дуюм. Дар тарҳрезии сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз сиёсати сулҳхоҳонаро ҳамчун авлавияти худ муқаррар кардааст. Ин арзиш аз Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрӣ сарчашма мегирад. Масалан, дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст, ки сиёсати хориҷии мамлакат бар пояи сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз шакл гирифтааст. Ҳамчунин, дар сиёсати хориҷии мо бо кишварҳои ҳаммарз ва минтақа сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва мудохила накардан ба корҳои дохилии якдигарро ҳадафи бунёдӣ арзёбӣ намудааст. 
Сеюм. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарки воқеияти равандҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза ва оқибати ногувори низоъҳо ба масъала баҳои воқеӣ дода истодааст. Таҷрибаи низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам нишон медиҳад, ки ҷангҳо ба рушди дилхоҳ давлат таъсири манфӣ гузошта, суръати ташаккули онҳоро садсолаҳо ақиб мекашад. Дар ин замина, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки давлатҳои ҷавон ва дар ҳоли рушд ҳастанд, маҳз бо роҳи осоишта ҳал намудани дилхоҳ мушкилоти сарҳадӣ ҷавобгӯи манфиатҳои онҳо мебошад. 
Чорум. Тоҷикистон ва Қирғизистон давлатҳои аъзои ИДМ, СҲШ ва СААД мебошанд. Тоҷикистон, то имрӯз принсипҳои асосии оинномаҳои ин созмонҳоро риоя намуда, талош дорад, ки дар ҳеҷ ҳолате хилофи арзишҳои созмонҳои мазкур амал накунад. Мутаассифона, ҷониби Қирғизистон хилофи меъёрҳои арзишии созмонҳои болозикр амал намуда истодааст, ки нигаронкунанда мебошад. 
Панҷум. Музокирот ва гуфтушунидро асоси ҳалли мушкилоти марз эътироф намудани Тоҷикистон маънои онро надорад, ки Тоҷикистон иқтидори ҳарбии камтар дорад ё дар ин масъала бар хилофи манфиатҳои худ гузашт намуда истодааст. Имрӯз ҷумҳурии мо иқтидори азими ҳарбӣ ва зарфияти лозимаи мудофиавиро дорост, ки метавонад дилхоҳ хатару таҳдидро бартараф созад. Дар робита ба ин, зикр намудани ду воқеияти арзишманд ба маврид аст. Якум, 22 июли соли 2021 зимни чорабинии санҷиши омодабошии ҷангии «МАРЗ-2021» тамоми шаҳрвандони кишвар шаҳомати Артиши миллиро мушоҳида намуданд. Дар ин чорабинӣ 230 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ ширкат доштанд. Инчунин, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва, махсус 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки далели гуфтаҳои болоанд. 
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳолатҳои болозикр музокирот ва гуфтушунидро ҳамчун тарҳи миллӣ дар масъалаи ҳалли баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон қарор додааст, ки иқдоми мазкур дар дурнамо ба манфиати миллии на танҳо ҷумҳурии мо, балки ба фоидаи тамоми кишварҳои минтақа аст. Дар ин раванд, ҷомеаи огоҳи Тоҷикистонро зарур аст, ки аз ин иқдом ҳаматарафа ҳимоя намоянд ва чи дар фазои воқеӣ ва чи дар фазои маҷозӣ мавқеи сулҳхоҳонаи Тоҷикистонро ба таври васеъ шарҳ диҳанд.
 
Алиназар АШУРОВ, 
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2022    №: 90    Мутолиа карданд: 973
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед