иҷтимоиёт
МАЙДОНИ ИТТИЛООТӢ БОЯД БА МАНФИАТИ МИЛЛАТ БОШАД
Қонунгузории Тоҷикистон ба фаъолияти матбуоти озод ва мустақил шароит ва имконияти васеъ фароҳам овардааст, ки ин ба афзоиши теъдоди нашрияҳои мустақил боис гардидааст. Ҷомеа ҳамеша ба хабари алтернативӣ эҳтиёҷ дорад ва ин ниёзи хонандаро имрӯз матбуот ва дигар расонаҳои мустақилу ҷамъиятӣ бароварда месозанд. Таъмини озодии матбуот ва сухан, ки яке аз рукнҳои муҳими давлати дунявиву демократист, дар Тоҷикистон фароҳам аст.
Вале, ин ҷо таъкиди як нукта ба маврид аст, ки дар баробари афзун намудани теъдоди расонаҳои хабарӣ ба беҳбуд бахшидани сатҳу сифати матолиби онҳо аҳамияти аввалиндараҷа бояд дод. Зеро ҳар бинанда, шунавандаю хонанда дар масири интихоб қарор дорад ва, ба андешаи мо, танҳо бо пешниҳоди матолиби рақобатпазир, ҳадафрасу аз ҷиҳати услуб муосир мо метавонем, майдони иттилооти бегонаро, ки ба манфиатҳои милливу давлатӣ ва ба идеологияи ягонаи миллии мо созгор нест, танг созем. Барои он ки ба ин ҳадаф ноил гардем, пеш аз ҳама, бояд ба тайёр кардани мутахассисони касбии ҳамаи соҳаҳои васоити ахбори омма эътибори ҷиддӣ диҳем.
Дар баробари ин, лозим аст, ки ба омода кардани журналистони сатҳи байналмилалӣ эътибори хосса зоҳир гардад. Дар муҳити журналистикаи тоҷик қаламкашоне, ки матлабашон ҷавобгӯи хостаҳо ва талаботи сатҳи байналмилал бошад, ангуштшуморанд. Шароити феълӣ тақозо мекунад, ки маводу матолиби журналистӣ, ки хусусияти ҳимояткунанда аз манофеи милливу давлатиро дороянд, бештар аз ҳама бояд берун аз кишвар нашр ва тарғиб гарданд. Чун набардҳои иттилоотӣ, ки бештар сари манофеи ҷонибҳо сар мезананд, аз хориҷ роҳандозӣ мешаванд. Бинобар ин, доштани журналистоне, ки ба забонҳои гуногуни хориҷӣ балад мебошанд ва бо матолиби худ вокунишҳои саривақтиро дар фазои иттилоотӣ мекунанд, шарт ва зарур аст.
Бобоҷони ХАЙРИДДИН, устоди ДДХ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.05.2022 №: 90 Мутолиа карданд: 1319