сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН
13 май суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат сарварони ду давлат ҷараёни рушди ташвишовари вазъият дар Афғонистон ва дар ин зимн, вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар робита ба ин, ҷонибҳо аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаи амниятӣ таъкид карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.05.2022 №: 91 Мутолиа карданд: 967