фарҳанг
ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ
Миллати соҳибфарҳанг ҳамон миллатеро метавон гуфт, ки дар раванди инкишофи ҷомеаи башарӣ бо дастовардҳои муҳиму таъсиргузор ҳувияти таърихии худро такмил дода, бо беҳтарин равиш намунаҳои шоистаи дастовардҳоро дар баробари ҷаҳониён ба намоиш гузоштааст. Аммо мушкили асосӣ адами огоҳии пурра аз таърихи инкишофи фарҳангу тамаддун, ба сурати куллӣ, падидаҳои ҷудогонаи фарҳангӣ, аз ҷумла фарҳанги китобхонӣ ва аҳамияти он дар ташаккули шахсият ва пешравии ҷомеа, ба сурати нисбатан ҷузъӣ, аст.
Барои ба дараҷаи шахсияти миллӣ расидан ва дар ҷомеаи мутамаддин саҳм гузоштани одамон одат кардан ба китобхонӣ мебошад. Арҷ гузоштан ба мақоми китобу китобхон масъалаи дигарест, ки ба тарбияи шахсияти дорои андешаи мустақили созанда дар ҷомеа замина мегузорад.
Дар миёни беш аз панҷсад ва ё бештар аз он фаҳмиши вожаи “фарҳанг”, ки дар тули таърих шакл гирифтааст, яке аз муҳимтарини онҳо фарҳанги китобхонӣ мебошад. Фарҳанги китобхонӣ дар миёни тоҷикон аз давраи оғози тамаддуни башарӣ ва сабти донишҳои гуногун аз ҷониби башарият шакл гирифта, дар дарозои таърихи куҳан ба одат табдил шуда, бо таваҷҷуҳ ба роҳҳои нав ба нави аз худ кардани дастовардҳои дониш такмил ёфтааст.
Китоб ва ба сурати куллӣ ҳамаи навиштаҳо, махсусан китоби бадеӣ, ба инсон ҳам дониш ва ҳам ахлоқи некуву писандидаро меомӯзад. Аз омӯзаҳои ахлоқии китобҳо аҳли мутолиа чизҳои зиёдеро аз зиндагӣ ва оқибати корҳо меомӯзанд, ба мисли падидаҳои ҷолиби табиат ва муносибати одамон ба онҳо, тазодҳои зиндагӣ, арзишҳои инсонӣ, пиндору гуфтору кирдори нек, мубориза ва талош, таҷрибаи рӯзгор, панду андарзҳои ҳосил аз зиндагӣ ва сулуки одамон, фарқ карда тавонистани неку бад.
Ба наздикӣ андешаҳои бисёр муҳими Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзодро дар хусуси фоидаи мутолиаи китоби бадеӣ хондам: “Бештари одамон китобҳои илмию ихтисосии худро хонда, ба комёбиҳо ноил мегарданд. Лекин хонанда аз китобҳои илмию соҳавӣ касб ёд мегирад, аз китобҳои бадеӣ одамият меомӯзад. Асари бадеӣ, ҳамчунин, ҷаҳонбинии хонандаро васеъ мекунад, ба зиндагӣ таҳрик медиҳад, некиро талқин менамояд. Сониян, асари бадеӣ хонандаро ба фикр кардан водор месозад... Дар замони иқтисоди бозаргонӣ ба мардум талқин намудани мутолиаи китоби бадеӣ коре саҳл нест. Вале, мо бояд дар ин роҳ кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем, ки миллатамон китобхон шавад, то ба худогоҳӣ, ватанпарварӣ, инсондӯстӣ бештар даст ёбем.
Хонанда бояд андеша кунад, ки зиндагӣ чист, воқеият чист, афсона чист, ривоят чист? Барои пешравии ҷомеа чӣ кор бояд кард? Чаро инсонгарӣ зарур аст? Ҳамин гуна фикрҳоро ба сари ӯ асари бадеӣ меорад. Инчунин, ӯ дар атрофи ҳодисаҳои мавриди тасвири адиб меандешад: Чаро ин тавр шуд? Чаро қаҳрамони асосӣ ин гуна рафтор кард? Оё ин гуна рафтор кардан мумкин аст? Ва ғайра. Ҳамин тариқ, агар кӯтоҳ гӯем, вазифаи осори бадеӣ тарбияи фикр мебошад. Бе фикру андеша коре ба мурод кардан душвор аст. Бе фикру андеша миллат пеш намеравад. Хулоса, хондани китоби бадеӣ манфиати зиёди маънавӣ мебахшад”.
Масъалаи муҳими дигар интихоби китоб барои мутолиа аст. Дар назари аввал, агар имкон бошад, ҳар як сатри ба даст омадаро хондан мумкин аст. Набояд аз назар дур дошт, ки мувофиқи фармудаи яке аз нависандагони бузурги таърихнигори асримиёнагӣ Абулфазли Байҳақӣ, ки имрӯзҳо сабки нигориши вай ҳамчун намунаи беҳтарини омӯзиши забони порсии дарӣ (форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ)-и сара ё худ “роҳи рост” ва намунаи хуби нависандагӣ ба ин забон эътироф шудааст, “ҳеч набишта нест, ки он ба як бор хондан наярзад”.
Аммо, агар хонанда ба мутолиаи китоб одат кунад, худаш мустақилона интихоб кардани китоби мутолиа мекардаашро ёд мегирад. Инчунин, барои мутолиа аз маслиҳату машварати аҳли мутолиа ва пешниҳодҳои нафарони гуногун ҳам истифода кардан мумкин аст. Китобҳои хуб захираҳои бебаҳои ақлу хирад, нуқтаи назарҳои мухталиф, бозёфтҳо, ҳофизаи таърихӣ ва тафаккуру ҷаҳонбинӣ ҳастанд, ки аз насл ба насл мегузаранд ва барои нависандагони баъдӣ ҳамчун сарчашмаву манбаи офариниш хизмат мекунанд. Китобҳои хуб сабаб мешаванд, ки боз китобҳои ҷадид офарида шаванд ва ба ин восита, анъанаи навиштану ҳифзу интиқоли дониш аз насл ба насл идома пайдо мекунад.
Ба китобхонӣ одат кардани фарзандонро аз хурдӣ бояд таҷриба кард. Муҳити хонаводагӣ, махсусан дараҷаи алоқа ва таваҷҷуҳи волидайн ба китоб, ба фарзандон таъсири мусбат мегузорад. Агар падару модар китобхониро ба доираи вазифаҳои ҳатмии ҳамарӯзаи худ ворид карда тавонанд, натиҷаи матлуб ба даст омаданаш мумкин аст. Инчунин, дар мавридҳои муносиб, масалан, сари дастархон нақл кардани порчаҳои муносиб аз китобҳои хонда, ташкили байтбарак бо аҳли хонавода, шавқманд кардани фарзандон аз тариқи ташкили озмунҳои хонаводагӣ ва ташвиқи онҳо аз рӯи натиҷаҳо роҳҳои самарабахшу фоидаовар ҳастанд.
Зинаи дигар мактаб ва таваҷҷуҳи шоистаи омӯзгорону масъулин дар баробари хондани китоб аст. Хондани китоби бадеиро дар мактаб аз синфи дуюм ва бо мутолиаи асарҳои ҳаҷман хурд ва ё порчаҳо аз асарҳои мансури бузургҳаҷм оғоз ва қадам ба қадам доираро васеътар бояд кард. Навиштани нақли хаттӣ аз рӯи асари хондашуда, таҳлили асарҳои бадеӣ, баргузор кардани виктаринаҳо, нишастҳои адабӣ, озмунҳои дохилимактабӣ ва дигар чорабиниҳои маъмули тарбиявӣ аз ҷумлаи роҳҳои тарғиби китобхонӣ дар миёни хонандагон аст. Ин зина бе дахолати хонавода ва ҳамкории муштараки омӯзгору волидайн камтар самараи дилхоҳ медиҳад.
Хонандае, ки дар ду зинаи мазкур ба хондани китобҳои бадеӣ одат мекунад, дар зинаҳои дигари ҳаёти мустақилонаи хеш ин амали худро огоҳона ва пайгирона давом дода метавонад. Дар зинаи сеюми мутолиа барои интихоби асари бадеӣ дар дилхоҳ мавзуъ маҳдудият вуҷуд дошта наметавонад. Аммо дар ду зинаи болоӣ ба навъе маҳдудият лозим аст, ки ин ҷиҳат ба хусусияти синнусолӣ ва ахлоқу одоби тоҷикӣ бастагӣ дорад.
Мутолиаи китоби бадеӣ барои ҳамаи намояндагони касбу кори гуногун, махсусан ҷавонон, амрест зарурӣ, лозимаи рӯзгори бошууронаи инсони худогоҳ, тарбияи насли бомаърифату фаъоли ҷомеа. Китоб ҳамвора ҳамдами ҳамешагии инсон буд ва, ҳамчунон, боқӣ хоҳад монд.
Мисбоҳиддини НАРЗИҚУЛ,
профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.05.2022 №: 91 Мутолиа карданд: 1926