logo

иҷтимоиёт

ФАРБЕҲӢ. ЗИНДАГӢ НА АЗ БАРОИ ХӮРДАН АСТ!

Ин суханони Суқрот ба пайомадҳои нохуш бар асари истеъмоли зиёди ғизо дар ҷисми инсон пайвандӣ дорад. Ҳилолӣ низ дар ин боб гуфтааст: 
 
Ғизои кам шифоангез бошад, 
Давои дардҳо парҳез бошад. 
Мунтаҳо аз ин гуфтаҳо он аст, ки асри ХХI - даврони рушди техникаву технология буда, хоссатан истифодаи технология дар рӯзгордорӣ инсонҳоро камҳаракат мекунад. Аз ин ҷост, ки пешравии технология аҳолии давлатҳои мутараққиро мувоҷеҳи мушкилоти дигар - бемории фарбеҳӣ гардондааст. 
Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, қариб 1,7 миллиард аҳолии кураи Замин вазни зиёдатӣ дошта, аз онҳо 300 миллион нафар бемории фарбеҳӣ дорад. Дар давоми 15 соли охир гирифторони бемории фарбеҳӣ, махсусан дар Амрикои Ҷанубӣ, Амрикои Шимолӣ ва Аврупо се маротиба зиёд ба назар мерасад. Дар соли 2010 - ум 55 дарсади аҳолии Россия вазни зиёдатӣ дошт. Ҳамчунин, 60 дарсади аҳолии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Канада, 44 дарсади аҳолии Аврупо, 19 дарсади аҳолии Африқо ва 24 дарсади Амрикои Лотинӣ аз бемории фарбеҳӣ азият мекашанд.
Тибқи таҳлилҳои мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон ҳам дар байни калонсолон 17 дарсад вазни зиёдатӣ дошта, ба бемории фарбеҳӣ гирифторанд. Дар байни кӯдакони синни аз 6 то 17 – сола низ бемории фарбеҳӣ паҳн гардида, 4,7 дарсадро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар рӯйхати 204 давлате, ки аҳолиаш ба бемории фарбеҳӣ дучор гаштааст, дар ҷойи 128-ум аст. 
Бинобар иттилои Амриддин Абду-раҳмонов, мудири шуъбаи муолиҷавии Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндо-кринологӣ, сабаби асосии ба вуҷуд омадани фарбеҳӣ ин қабули зиёди энергияи ғизо ва сарфи ками он мебошад, яъне шахсоне, ки фаъолияташон ба кори ҷисмонии вазнин вобаста аст, бояд бисёртар ғизо истеъмол намоянд ва ононе, ки кори сабук доранд, бояд камтар хӯрок бихӯранд. Боз дигар омилҳое низ мавҷуданд, ки фарбеҳиро ба вуҷуд меоранд. Ба монанди бемориҳои ҳипотиреоз дар вақти нокифоягии ҳормонҳои ғадуди сипаршакл ва ғайра. Инчунин, ҳомиладории занҳо, камҳаракатӣ, вайроншавии реҷаи истеъмоли хӯрок низ метавонанд ба фарбеҳӣ оварда расонанд. Ғайр аз ин, сабаби дигари фарбеҳшавӣ истеъмоли зиёди хӯроки чарби ҳайвонотдошта ва карбогидратҳои зудҳазмшаванда мебошад. Истеъмоли хӯрокҳои серравған, маҳсулоти макарониву қаннодӣ, нон, анвои хӯроквории дорои ҳар гуна контсентратҳои кимиёӣ вазни баданро зиёд мекунанд.
Мутахассисон фарбеҳиро ба чаҳор дараҷа тасниф намудаанд. Дараҷагузорӣ аз рӯи индекси вазни бадан бо истифодаи ҷадвал ва формулаи олими белҷиягӣ Кетл, ки онро соли 1869 пешниҳод намудааст, то ба имрӯз санҷида мешавад. Дараҷаҳои зиёдшавии вазни бадан аз 10 дарсад то 29 дарсад, аз 30 дарсад то 49 дарсад, аз 50 дарсад то 99 дарсад ва аз 100 дарсад то беш аз он ҷудо шудаанд. Агар андозаи даври камару шикам дар занҳо 88 сантиметр ва мардҳо 102 сантиметрро ташкил кунад, ташхиси фарбеҳӣ гузошта мешавад. Фарбеҳӣ аз рӯи таснифоти чарбҳои бадан ба ду гурӯҳ: гиноидӣ - шакли занона, нокмонанд, сурин – ронӣ, поёнӣ ва андроидӣ - шакли мардона, себмонанд, болоӣ, абдоминалӣ ҷудо мешаванд. Чарбҳое, ки шакли фарбеҳии занонро ба вуҷуд меоранд, ҳамзамон, дар худ ҳормонҳои ҷинсии занонро ҳосил ва захира мекунанд. Ин барои организми занҳо дар марҳилаҳои баъди қатъшавии давраи ҳайз (постменопауза) ва пешгирӣ аз атеросклероз зарур аст. Барои мардон бошад, фарбеҳии андроидӣ як қатор мушкилиҳоро ба вуҷуд меоварад. Чарбҳои захирашуда дар атрофи узвҳои дохила ҷамъ мешаванд, ки ин фаъолияти муқаррарии узвҳоро халалдор месозад. Оқибат шахси бемории фарбеҳидошта боз ба навъҳои хавфноки бемориҳои дил – атеросклероз, бемории ишемиявии дил, фишорбаландии шараёнӣ, талхадон – санги талхадон, ғадуди зери меъда – диабети қанди навъи 2, устухону бандҳо – остеоартроз, меъдаву рӯда – фаромадани меъда, қабзият ва гурдаҳо – санги гурдаҳо дучор мегардад.
Хусусияти дигари манфии фарбеҳӣ дар он аст, ки молекулаҳои равған фаъолияти ҳормонҳои ҷинсиро суст менамояд, ки ин дар навбати худ ба деринкишофёбии ҷинсии ҳам духтарон ва ҳам писарон таъсири манфӣ мерасонад. Ҳангоми сари вақт пешгирӣ накардан фарбеҳшавӣ дар ҷисми инсон тағйироти ҷиддиро ба вуҷуд меоварад. 
Тавре Меҳроҷ Хӯҷамуродов, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз намуд,- Ҳукумати ҷумҳурӣ дар қатори дигар давлатҳои дунё барои раҳондан ва пешгирии аҳолии кишвар аз оқибатҳои нохуши ин беморӣ аз 2 октябри соли 2019 Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2024 - ро қабул намуд. Ҳадаф аз ин барнома паст фаровардани сатҳи афзоиши мушкилии фарбеҳӣ ва аз байн бурдани хавфи маъюбиву фавти бармаҳали одамон аз аворизҳои фарбеҳӣ мебошад. 
Барои табобат ва пешгирии фарбеҳӣ иҷрои се шарт хеле муҳим буда, аз ин шартҳо нақши калидиро ҳаракати ҷисмонӣ мебозад. Қадамзанӣ, велосипедронӣ, давидан, оббозӣ ва аэробика ба ҳаракатҳои ҷисмонӣ дохил мешаванд. Дуюм, мутахассисони диетолог тавсия медиҳанд, ки шахси дучори фарбеҳӣ бояд бисёртар об нӯшад, реҷаи доимии хӯрокхӯрии пагоҳирӯзиро риоя намуда, аз истеъмоли хӯроки бегоҳирӯзӣ даст кашад ва ин ҳама дастурро бо маслиҳати мутахассис ба иҷро расонад. Шарти сеюм баъди гузоштани ташхиси фарбеҳӣ аз дорувории тавсиядодаи табибон истифода бурдан аст. 
 
Иронбӣ МӮСОЗОДА, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2022    №: 91    Мутолиа карданд: 1991
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед