Хабарҳо
ҲИСОР. БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕШ АЗ 1500 ИНШООТ БУНЁД МЕШАВАД
Дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 1500 иншооти дорои таъиноташ гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Ин нукта дар ҷаласаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки муовинон, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисон ва котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар сохторҳои масъул, ки ба ҳайати зергурӯҳҳои корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шомиланд, зикр гардид.
Дар ҷаласа нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ оид ба корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраку деҳот бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси шаҳри Ҳисор «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид.
Қосим Роҳбар, раиси шаҳр, нақшаи зергурӯҳҳои кориро, ки дар самти сохтмон, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва фарҳангиву варзишӣ, сайёҳию хизматрасонӣ ва савдо, ки дар маҷмуъ, 1545 ададро ташкил додааст, тариқи монитор муаррифӣ намуд. Лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба ҷаласаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ки моҳи июн баргузор мегардад, ирсол гашт.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2116