порлумон
НОТАРИАТИ ДАВЛАТӢ. ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН ОИД БА НИЗОМИ ЯГОНАИ ИТТИЛООТӢ
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»-ро ба тасвиб расонданд, ки тибқи он, ба 39 моддаи Қонун тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Ба гуфтаи Музаффар Ашуриён, вазири адлия, ба Қонуни амалкунанда илова намудани боби нав иборат аз 3 модда вобаста ба низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ пешбинӣ гардида, ба низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ маълумот дар бораи амалиёти иҷрошуда ва маълумоти дигареро, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, ворид мегарданд. Ҳуқуқи дастрасӣ ба низоми ягонаи иттилоотии нотариалӣ, ба ғайр аз нотариусони давлатӣ, ба шахсони ваколатдори пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, ҳифзи маълумоти дар он мавҷудбуда мутобиқи қонунгузории кишвар ба амал бароварда мешавад.
Дар маҷмуъ, тағйиру иловаҳои дигари пешниҳодгардида барои бартараф намудани такроршавӣ, зиддият, гуногунфаҳмии меъёрҳо, ҳифзи сирри амалиёти нотариалӣ ва таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар бойгонӣ, мазмунан ба якдигар мутобиқсозии фаъолият, баланд бардоштани малакаи касбии тахассусии нотариусони давлатӣ ва сифати хизматрасонии ҳуқуқӣ, ки бояд ба талаботи замон ҷавобгӯ бошанд, равона гардидааст. Гузашта аз ин, меъёрҳои Қонуни мазкур ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият», кодексҳои гражданӣ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ карда шуда, монеаҳо ба фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз байн бардошта мешаванд.
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.05.2022 №: 91 Мутолиа карданд: 3666