сиёсат
МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
16 май дар шаҳри Москва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи вохӯрии сарварони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин мулоқот карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Россия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти имрӯзаро имкони хуби баррасии дурнамои ҳамкории ду кишвар маънидод намуданд.
Аз вазъи феълии робитаҳои дуҷониба, рушди бемайлони муносибатҳо ва сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанба изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҷиҳати баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судовари бахшҳои иқтисодӣ ва ҷоннок кардани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ табодули андеша намуданд.
Дар мулоқот сарварони давлатҳо, ҳамчунин, авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа, вазъи сиёсии кишвари ҳамсоя – Афғонистон, ҳамкорӣ дар соҳаи амният, масъалаи таъмини амният дар минтақаи ҳудуди СААД ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.05.2022 №: 92 Мутолиа карданд: 992