logo

иҷтимоиёт

ШОИРӢ ҲАМ ВОРИСИ ПАЙҒАМБАРИСТ

Миллатҳои зиёди дунё бузургонеро парвардаанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи халқ ва таърихи миллат фаромӯш нагашта, зиндаю ҷовидонаанд. 
Ба бахти мо, чунин шахсиятҳо дар байни миллати тоҷик ҳам кам нестанд. Чунин бузургон тавонистаанд бо осори гаронбаҳо ва ғояҳои инсонпарваронаи худ дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоранд.
Фарзанди фарзонаи миллат, шоири тавоно, донишманди бузург, ходими номдори сиёсию давлатӣ Муъмин Қаноат аз чунин шахсиятҳост, ки тавонистааст дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми бениҳоят калон дошта бошад. Дар радифи бузургони миллати тоҷик мақоми ин шоири шаҳир ва тавоно ниҳоят бузург аст. Инро, пеш аз ҳама, бузургӣ, соҳибистеъдодӣ, соҳибмактабӣ, шуҳратмандӣ, маҳбубият, хоксорӣ, одамият, ба ҳамагон баробар будан ва шеъри волояш, ки фалсафаи ҳаётро тараннумгар аст, ифода менамоянд.
Зи қаъри замин то ба чархи барин,
Басе раҳ бурдам, ба ҷуз роҳи кин.
Чор сол боз ин шахсияти нотакрор бо мо нест, аммо зиндагиномаю эҷодиёт ва хулқу атвори некаш доимӣ дар ёдҳост. Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ навиштааст: «Шоирӣ ҳам вориси пайғамбарист». Ин аст, ки шоири забардаст Муъмин Қаноат зиндагиро дақиқназарона тасаввур намуду ашъори ҷовидона суруд, ки бо он ҷаҳонгир гашт. 
Солҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯи табъ,
Олиме гардад наку ё шоире ширинсухан.
Шеър барои устод яке аз воситаҳои асосии тарбия ва зебоӣ буд. Ба воситаи шеър нияти нек, ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва ростию вафодорӣ барин сифатҳоро ташвиқу тарғиб кардааст.  Аз аввали эҷодиёт то вопасин нафас шеърҳое сурудааст, ки дар онҳо ҳисси баланди ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ тараннум шудаанд. Худи шоир дар ҷое навиштааст: «Шоир бояд ба як дил ҳам ёр, ҳам диёр ва ҳам ҷаҳону ситорагонро эҳсос кунад». Шеърҳояш содаю равон ва ниҳоят оммафаҳманд.  Дар онҳо ҳасби ҳол, бешу ками рӯзгор, нидои хомӯшиҳо, розгӯиҳо ва садҳо масъалаҳои дигар ҷой гирифтаанд. 
Муъмин Қаноат дар адабиёт навгониеро ба бор овард ва шеърро ба пояи баланд баровард, ба он рангу ҷило, мазмуну мундариҷа ва сабку услуби тоза бахшид. Бо шеърҳои баландмазмунаш писанди ҳар як хонадони тоҷик шуд. 
Мо ин ҷаҳони ташнаро бас об додаем-
Аз оби рӯи хеш, аз оби ҷӯи хеш.
Устод Лоиқ Шералӣ навиштааст: «Аз ашъори шоири озодтабъи мо Муъмин Қаноат суруди маҳину пуршӯри дарё, рақси пурасрори мавҷҳои Волгаю Днепр, Ладогаю Вахш, садои нақши аспони ҷанги саворон, гармии оташ, бӯи корзор ва шодии лаҳзаи дидор эҳсос мешавад. Ҳар гоҳ «Достони оташ»-ро бихонем, ба дили мо, ба олами руҳонии мо гӯё аз равзанае дастаи нур метаровад. Ҳар гоҳ «Суруши Сталинград»-ро бихонем, дар пеши назарамон қаҳрамонону шаҳидони корзори таърихнадидаи Сталинград зинда мешаванд, бо сари баланд дар рӯ ба рӯи мо арзи дил мекунанд». 
Устод ба қадри миллат ва забон мерасид. Таъкидан мегуфт, ки забон симои миллат, фарҳангу маданияти халқ аст. Баҳри ҳифзи он пайваста дар талош буд.  Шеъри «Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ», ки дар солҳои ниҳоят ҳассоси Иттиҳоди Шуравӣ навишта шуда буд, далел ба гуфтаҳоянд. 
Қанд ҷӯӣ, панд ҷӯӣ, эй ҷаноб, 
Ҳар чӣ меҷӯӣ биҷӯ.
Бекарон баҳрест гавҳар беҳисоб,
Ҳар чӣ меҷӯӣ биҷӯ.
Форсӣ гӯӣ дарӣ гӯӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯӣ бигӯ.
Лафзи шеъри дилбарӣ гӯӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯӣ бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам,
Дӯст медорам варо.
Чун навозишҳои гарми модарам,
Дӯст медорам варо.
Донишманди бузурги рус В. Г. Белинский дар бораи шеъру шоирӣ чунин нуқтаи назарро пеш овардааст: «Шоири бузург дар бораи шахси худ-«ман»-и худ сухан гуфта, дар бораи умум-дар бораи башарият сухан мегӯяд, зеро дар табиати ӯ ҳамаи он чизе, ки боиси ҳастии башарият аст, мавҷуд мебошад». 
Муъмин Қаноат аз зумраи шоирони эҷодкор буд. Аз зумраи шахсиятҳое буд, ки доимо баҳри сайқал бахшидани истеъдоди худододаш меҳнат менамуд. Ҳамеша бар он мекӯшид, ки ба воситаи таълифоти навоваронаи шеъри худ ба ҳаёти иҷтимоӣ таъсир расонад. Зодгоҳашро бисёр дӯст медошт ва ба куҷое мерафт, доимо ба ёди зодгоҳаш буд. Устод ба шоирони гузашта ва ҳаммаслаконаш эҳтироми бузург дошт. Худ, ки аз мактаби устодони бузург Мирзо Турсунзодаю Боқӣ Раҳимзода гузаштаву нозукиҳои шеъру шоириро омӯхта буд, кӯшиш менамуд, ки ба шогирдонаш низ муносибату рафтори некбинона дошта бошад. Аз муваффақияти шогирдон шод мешуд. 
Яке аз шогирдони устод Муъмин Қаноат шоири боистеъдод ва номвари тоҷик Лоиқ Шералӣ буд, ки менависад: «Як хусусияти бетакрори шоирии М. Қаноат дар он аст, ки ҳамчун сарроф ҳар калима, ҳар мафҳумро, ки бешубҳа дар он маншаи шеър ё нутфаи шеър ҳаст, бо ҳама тобишҳои асливу маҷозӣ ва мантиқиву фалсафӣ бармекашад, паҳлуи ҳар калимаро палмосида ё ҳар суханро мисли як пора маъдани ба сангу регу хок омехта, рӯи каф гирифта, ба он дуру дароз дақиқ менигарад, сангу регу хокашро ҷудо мекунад, навъи он маъданро муайян месозад ва баъд андеша мекунад, ки он сангро дар бунёди кадом шеър метавон гузошт ё аз ӯ чӣ колое, чӣ ҳайкале, чӣ сурате метавон тарошид».
Муъмин Қаноат аз донандагони хуби таърихи ниёгон буд. Достони «Гаҳвораи Сино» аз он достонҳое буд, ки барои навиштани дигар таърихномаҳояш таъсири худро гузошт. Ӯ доим таъкид мекард, ки таърихи имрӯзаи халқ бо гузаштаи он ва фарзандони бузургаш пайваст аст. Дар яке аз суҳбатҳои хеш устоди бузургвор чунин таъкид намудаанд: «Таърих илмест, ки моро сабақ медиҳад, гузаштаро меомӯзонад, таълим медиҳад, бо ҳаводиси худ тарбия мекунад ва роҳи ояндаро нишон медиҳад. Таърих аст, ки моро худшиносу худогоҳ месозад». 
Устод баҳри худшиносӣ, худогоҳӣ, мероси ниёгон ва донистани таърих кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ додааст. Ватанро меписандид, ситоиш ва тараннум мекарду муқаддас медонист. 
Ватан гуфтам ва донистам, 
ки оғозаш ҳамин хок аст,
Баландиҳои он болотар 
аз эҳсосу идрок аст.
Муъмин Қаноат аз зумраи он шоироне буд, ки ғурури баланди миллӣ дошт. Аз гузаштаи миллати худ ифтихор мекард. Аз он ифтихорманд буд, ки олимону донишмандони зиёде зери номи тоҷик тарбия ёфта, номвар шудаанд.
Аз рафтани хуршеди сухан мегирям,
Бар зулмати сарди анҷуман мегирям.
Холист хиёбони ватан бе шоир,
Пур гашта ғамаш ба ҷону тан мегирям. 
Ёди устоди гиромӣ ва 90-солагии зодрӯзи шоири дарёдил ва зиндаёд Муъмин Қаноат ба дӯстдорони шеъри тоҷик, муборак бошад! 
 
Диловар ҚОСИМӢ,
муовини раиси ноҳияи Дарвоз


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2022    №: 92    Мутолиа карданд: 506
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед