logo

иқтисод

ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ: МАНФИАТ ВА МУШКИЛОТИ ОН

- Бо дард, бо алам нависед, ки ба дилҳо бирасад, вале касе наранҷад, пас аз анҷоми суҳбат хоҳиш намуд, муовини сардори Корхонаи воҳиди давлатии занбӯриасалпарварии «Асали Тоҷикистон» Олим Сайдаминов.

Ин дархост аз ноилоҷӣ нест, балки нидои дили шахси дилсӯзи соҳа аст, ки ҳадаф аз он бори дигар ҷалб намудани таваҷҷуҳи ашхоси масъул ва аҳли ҷомеа ба соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва ҳарчи зудтар бартараф сохтани мушкилоти мавҷуда аст.
Дар ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ тамоми шароит муҳайёст. Бинобар ин, тибқи «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022», барои зиёд, беҳтар гардондани сифат ва маҳсулнокии оилаҳои занбӯри асал, офаридани зотҳои тоҷикии занбӯри асали сермаҳсул, корҳои зотпарварӣ ва илмию селексионӣ амалӣ  мешаванд.  
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 257915 оилаи занбӯри асал нигоҳубин шуда, соли рафта 4390 тонна асали хушсифат истеҳсол гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пешӣ 169,3 тонна бештар мебошад. Аммо ин нишондиҳанда барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти аҳолӣ, ки соле ду килограмм ба як нафар аст, кофӣ нест. Ҳосилнокӣ нисбат ба солҳои 70-уми асри гузашта низ хеле кам шудааст, аммо нарх барои 1 кило аз 90 то 150 сомонист. Барои таъмини талаботи аҳолӣ солона бояд беш аз 18 ҳазор тонна асал истеҳсол кард. 
Олим Сайдаминов дар суҳбат бо мо гуфт, ки КВДЗ «Асали Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ ягона корхонаи занбӯриасалпарвариест, ки мақсади асосии он расондани ёрии амалӣ ва таъмини занбӯриасалпарварон бо асбобу анҷомҳои зарурист, яъне тайёр кардани муми варақин (вашина), оилаҳои хурди занбӯри асал, ҷорӣ намудани технологияҳои ҳозиразамон, ба роҳ мондани корҳои хушзоткунӣ, ёрии байторӣ, гузарондани озмуну чорабиниҳо ва семинарҳои ҷумҳуриявӣ мебошад. Тибқи шартномаи тарафайн, занбӯриасалпарварон аз соли дуюм ва минбаъд ба корхона чор – панҷ кг асали молӣ месупоранд. 
Дар ҷумҳурӣ дарахтон, рустаниҳои гарддиҳанда ва шаҳдҷудокунандаи зиёд мавҷуданд, ки 173 намудро ташкил медиҳанд ва дар майдони қариб 4 миллион гектар доман густурдаанд. Ин имкон медиҳад, ки шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 800 ҳазор ва истеҳсоли асал ба чордаҳ – шонздаҳ ҳазор тонна расонда шавад ва ҳам ба миқдори зиёд мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, заҳри занбӯр, ширеш истеҳсол намоем. Вале аз сабаби норасоии таҷҳизоти соҳавӣ, танҳо асал мегиранду халос, ҳол он ки гарди гул ва ширеши занбӯр дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ нисбат ба асали молӣ аз 6 то 660 маротиба зиёд арзиш доранд. Инчунин, бисёр вақт занбӯриасалпарварон дар ташкил намудани боғчаи занбӯр ба як камбудӣ роҳ медиҳанд. Занбӯрони селашудаи табииро арзон мехаранд. Ба гуфтаи Олим Сайдаминов, чунин оилаҳои занбӯр тараққиёти хуб ва модарзанбӯри босифат доранд, аммо чунин оилаҳо баъди гузашти чанд вақт, боз ба дарди селашавии табиӣ гирифтор мешаванд, чунки ғаризаи селашавӣ дар майнаи сари онҳо сабт гардидааст.
Мутахассисони соҳа, барои бартараф намудани чунин кор, пешниҳод менамоянд, ки модарзанбӯрони селашавандаро бо модарзанбӯрони сунъӣ офарида иваз созанд. Илова бар ин, барои ҳавасмандии ин шуғл, дар соли якум аз се то шаш оилаи занбӯр бихаранд, пас аз таҷрибаи корӣ гирифтан ва бо неш задани занбӯр ошноӣ пайдо кардан, минбаъд чанд оилаи занбӯр, ки хоҳанд, бигиранд. 
Зимистон барои парвариши занбӯри асал мавсими муҳим ба ҳисоб рафта, фаъолияти ояндаи занбӯр ва ҳосили он ба ин мавсим бастагӣ дорад. Олим Сайдаминов ин нуктаро муҳим арзёбӣ намуда, чунин гуфт: «Кам гузоштани хӯрок низ метавонад омили талафёбӣ гардад. Занбӯри асал бо истеъмоли ғизо ба воситаи соиши мушакҳои қафаси сина аз худ гармӣ хориҷ карда, ҳароратро дар қуттӣ муътадил нигоҳ медорад. Ҳангоми дар қуттӣ тамом шудани асал, занбӯриасалпарвар метавонад ба он кандуи асалдор гузорад».
Сифати асал хеле муҳим аст, вале як чизро бояд ба инобат гирифт, ки сифат аз хӯроки занбӯр вобастагии калон дорад. Занбӯриасалпарварӣ ба соҳаи зироаткорӣ сахт алоқаманд буда, бе гардолуд кардани рустаниҳо гирифтани ҳосил душвор аст. Тибқи таҷрибаҳои олимони соҳа ҳангоми гардолуд намудан ба воситаи занбӯри асал ҳосилнокии пахта, офтобпараст аз сӣ то панҷоҳ дарсад ва зироатҳои гармхонагӣ то сад дарсад баланд мегардад. 
Ҷалил Қурбонов, занбӯрпарвар, сокини Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара гуфт, ки асали Тоҷикистони азизи мо, чунонки мо - занбӯриасалпарварон дар бисёр ҷойҳо дидаем, дар таъму лаззат дар миқёси ҷаҳон нотакрору аз ҷиҳати сифат баландтар аст. Чунки Офтоб ба сарзамини мо наздик нуҳ моҳ нурафшонӣ мекунад, ҳам ба меваву сабзавот, ҳам ба гулу гиёҳҳо неру бахшида, онҳоро ҳам аз ҷиҳати таъму лаззат, ҳам аз ҷиҳати витамину ғизонокӣ бой мегардонад. – Аммо мушкилӣ дар он аст, ки ба пахтазор вақте заҳрдору мезананд, моро огоҳ намекунанд, то ки эҳтиёт бошем. Ҳоло мушкили рақами яки мо – занбӯриасалпарварон норасоии хӯроки занбӯр аст. Ҳазорҳо гектар замину майдону чарогоҳу ҷангалҳоро одамон ба иҷораи бисёрсола гирифтаанд ва дар баъзе маврид гузоштани оилаҳои занбӯри асал боиси норизоии хоҷагидорон мегардад. Мушкилоти дигари соҳа норасоии мутахассис аст, дар вақти касал шудани занбӯр байторе нест, ки маслиҳат диҳад, - изҳори нигаронӣ кард Ҷ. Қурбонов. 
- Муаммои дигар фурӯши маҳсулот аст. Яъне, мо ҳам истеҳсолгар ва ҳам бозорёб ва ҳам фурӯшандаем. 20 оилаи занбӯр дорам. Соли рафта қариб 500 кило асал гирифтам. Худ тасаввур кунед, маҳсулоти аълосифат доштабошию онро фурӯхта натавонӣ, аз ин чӣ суд? Ҳоло беш аз 300 кило асал дорам. Ман барин дармондаҳо, дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кам нестанд. Барои фурӯхтан ба воситаи дӯстону пайвандон ба Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муроҷиат кардем, - мегӯяд Руҳулло Сайфиддинов, занбӯриасалпарвар, сокини Ҷамоати деҳоти Лахши ноҳияи Лахш. - Дар ин самт бояд фаъолияти Ассотсиатсияи занбӯриасалпарварон ҷоннок шавад.
Воқеан, Тоҷикистон ғайр аз таъмини бозори худӣ, инчунин, ба давлатҳои хориҷӣ асали табиии тозаро содирот менамояд, вале ба миқдори кам.
- Асали тоҷик аз ҷиҳати сифат беҳтар ва экологӣ тоза буда, имкони содирот ва хусусияти рақобатпазирӣ дар бозорҳои ҷаҳониро дорад, - гуфт Баҳодур Раҳимзода, муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илова кард. - Мувофиқи маълумоти гумрукӣ, соли гузашта аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Афғонистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 28,2 тонна ба маблағи 140,3 ҳазор доллари амрикоӣ асал содирот шудааст, ки нисбат ба иқтидори мавҷуда кам аст. 
Сабаби кам содирот шудани асалро Баҳодур Раҳимзода, пеш аз ҳама, дар бештар мавридҳо аз дохили кишвар тавассути савдои дастӣ, ҳамчун туҳфа интиқол додани он медонад, ки ин намуди савдо дар низоми оморӣ, бинобар кам будани миқдори он ба сифати содирот ба расмият дароварда намешавад. Инчунин, маҳсулоти мазкур дар дохили кишвар бо усулҳои умумӣ истеҳсол  мегардад, ки ба талаботи бозорҳои содиротӣ ҷавобгӯ буда наметавонад. Бахусус, риоя нагардидани талаботи бандубасти он дар зарфҳои дорои ҳаҷмҳои гуногун, қоидаҳои тамғагузорӣ ва борпечонии онҳо, инчунин, бо як сифату намуд ва аз як хоҷагӣ ташаккул наёфтани ҳаҷми зарурии он, набудани лабораторияҳои махсусгардондашуда доир ба муайян кардани пайвастагиҳои биохимиявии таркиби ташаккули асал вобаста медонад. Илова ба қоидаву шартҳои стандартии маҳсулоти занбӯри асал, дар баъзе давлатҳо барои сифати он талаботи алоҳида пешниҳод мекунанд. Аз ҷумла, дар таркиби асал бояд иловаҳои ғизоӣ, моддаҳои органикӣ ё синтетикӣ мавҷуд набошанд. Нишондиҳандаҳои хосиятҳои физикию кимиёии асал барои содирот дар лабораторияҳои махсус муайян ва таносуби об, сахароза, миқдори диастаза, боқимондаҳои дорувориҳои байторӣ ва ғайра санҷида мешаванд.
Муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Қаландарзода, иброз дошт, ки мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқавории Кумита семоҳаи аввали соли равон 1 595 ташхиси асал гузаронда, аз ин ҳисоб, тибқи талаботи байторию беҳдоштӣ 161,5 кг асал ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян ва нобуд карда шуд. Бинобар ин, ба сифати маҳсулоти занбӯри асал диққати ҷиддӣ бояд дод. 
Ҳамчунин, яке аз роҳҳои ҳалли масъала афзудани оилаҳои занбӯр, зиёд кардани номгӯи маҳсулот, аз ҷумла мум, гарди гул ва ба роҳ мондани коркарду бандубасти маҳсулот мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ, бунёди корхонаҳои маҷмуавии иборат аз коркарди чӯбу тахта барои истеҳсоли кандуҳо (қуттӣ) ва дигар асбобу анҷоми занбӯриасалпарварии воридотӣ мебошад. Аз ҷангалзорҳо, соҳили дарёву кӯлҳо, ки манбаи асосии хӯроки занбӯр мебошанд, оқилона истифода бояд бурд. Бо ин мақсад, барои ривоҷи занбӯриасалпарварӣ ба воситаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ парвариши рустаниҳои сершираи липаи майдабарг, липаи калонбарг, клени саҳроӣ, акатсияи зарду сафед, гледигия ва монанди инҳо зарур аст. Боз хуб мебуд, ки ба чарогоҳу ҷангалзорҳо аввал занбӯри асал сар дода, баъд чорво чаронда шавад. Дар ин ҳангом рустаниҳо пухта расида, тухмашон барои соли оянда мерезанд ва ҳам хӯроки серғизои чорво муҳайё мегардад.
Дар ҷумҳурӣ ҳангоми самаранок истифода бурдани омилҳои серҳосилӣ дар тамоми соҳаҳо (ҷангал, зироат, чарогоҳ) 70-80 ҳазор тонна асал истеҳсол кардан имкон дорад. Барои ба ин ҳосили фаровон соҳиб гардидан, 50-55 ҳазор нафарро ба занбӯриасалпарварӣ машғул дошта, миқдори оилаҳои занбӯрро низ зиёд намудан лозим аст. Ин тадбир ба афзоиши ҷойи кор дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард. Ва ҳам тадбире бояд ҷуст, то ки асали тоҷик ба бозори ҷаҳонӣ роҳи васеъ ёбад.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият» 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2022    №: 92    Мутолиа карданд: 2504
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед