Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
RT. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Чжао Лисзян иброз дошт, ки Чин аз кишварҳои G7 даъват мекунад, аз ҷорӣ кардани таҳримҳои ғайриқонунӣ, фиристодани ҳавопаймоҳо ва киштиҳои низомӣ ба остонаи кишварҳои дигар барои намоиш додани қудрати худ даст кашанд.
Известия. Сарвазири нави Фаронса Элизабет Борн 16 май гуфт, ки яке аз авлавиятҳои ӯ ба ҳайси Роҳбари Ҳукумат мубориза бо тағйирёбии иқлим хоҳад буд.
URA. RU. Бузургтарин ширкати энергетикии итолиёвии «Eni SpA» ба талаботи Президенти Россия Владимир Путин розӣ шуд ва омода аст пули гази Россияро бо рубл пардохт кунад. Дар ин бора нашрияи Bloomberg менависад.
RT. Намояндаи доимии ИМА дар СММ Линда Томас-Гринфилд гуфт, ки Амрико аз Ҳиндустон даъват мекунад, то мавқеи худро дар масъалаи маҳдуд кардани содироти гандум бознигарӣ намояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2884