Хабарҳо
Путин: «Роҳбарони СААД дар бораи ҳамкориҳои низомӣ изҳороти муштарак қабул мекунанд»
ТАСС. Президенти Россия Владимир Путин 16 май дар нишасти солгарди ин Созмон дар Москва гуфт, ки роҳбарони кишварҳои узви СААД изҳороти муштарак дар бораи ҳамкориҳои низомиро қабул мекунанд.
«Бо ба назар гирифтани таҷрибаи амалиёти дар Қазоқистон бадастомада мо изҳороти муштаракеро имзо хоҳем кард, ки дар рушди ҳамкориҳои минбаъдаамон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҳарбӣ, таъсиргузор мебошад», - гуфт Путин.
Дар маҷмуъ, ба гуфтаи ӯ, муваффақияти амалиёти посдори сулҳ моҳи январ дар Қазоқистон далели рушди СААД, тавоноии воқеии он барои муқобила бо чолишҳои шадид ва таҳдидҳо гардид.
Токаев: «Вазъият дар Афғонистон ба суботи кишварҳои СААД
таҳдид мекунад»
Мир24. Вазъият дар Афғонистон ба суботи кишварҳои СААД таҳдид мекунад ва созмон бояд инро ба назар гирад, - гуфт Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев.
«Вазъияти ноустувор дар Афғонистон, инчунин, фаъолияти бидуни коҳиши гурӯҳҳои мусаллаҳ дар хоки Афғонистон, ҳамчунон, ба амният ва суботи давлатҳои мо таҳдид менамояд. Зарур меҳисобам, ки СААД тамоми таҳдидҳои эҳтимолиро ба назар гирифта, ба таъмини амнияти сарҳадҳои ҷанубии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунад», - гуфт Токаев дар нишасти сарварони кишварҳои узви СААД дар Москва. Президенти Қазоқистон, ҳамчунин, таъкид намуд, ки СААД ба фаъолияти посдори сулҳи СММ ҳамроҳ гардад.
Суҳбати телефонии Мирзиёев бо Бердимуҳамедов
CentralAsia (UZ). 16 май Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Гурбонгули Бердимуҳамедов гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Туркманистонро баррасӣ карданд.
Сарвари Ӯзбекистон ҷониби Туркманистонро ба муносибати бомуваффақият баргузор шудани як қатор чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ – нахустин Форуми байнипарлумонӣ ва мулоқоти Муколамаи занони Осиёи Марказӣ ва Россия, ки 12-13 майи соли ҷорӣ дар Ашқобод баргузор шуд, табрик гуфт.
Ҳамчунин, доир ба рӯзномаи байналмилалӣ, масъалаҳои идомаи ҳамкориҳои зичи минтақавӣ ва рушди ҳамкориҳои судманд дар доираи созмонҳои бисёрҷониба, аз ҷумла оид ба мусоидат ба сулҳу амният, инчунин, барқарорсозии иқтисоди Афғонистон, табодули афкор сурат гирифт.
Виктор Орбан бори панҷум Сарвазири Маҷористон интихоб шуд
CentralAsia (CA). Парлумони Маҷористон Виктор Орбанро бори панҷум ба мақоми Сарвазири ин кишвар интихоб кард. Парлумон, ки баъд аз интихобот дар аввалҳои моҳи апрел ташкил шуда буд, интихоботи пӯшидаро барои мақоми Сарвазир баргузор намуд. 133 вакил ба ҷонибдорӣ аз Орбан, 27 вакил муқобили ӯ овоз дод. Баъди овоздиҳӣ Орбан бори дигар савганд ёд кард ва расман ба кор шуруъ намуд.
Қаблан маълум гашт, ки ҳукуматдорони Лаҳистон баъди оғози амалиёти махсуси Россия дар Украина равобити сиёсӣ бо Маҷористонро қатъ кардаанд. Ба маълумоти агентии «Reuters», қаблан Варшава ва Будапешт муносибатҳои хуб доштанд ва аксаран дар як қатор масъалаҳо бо Иттиҳоди Аврупо мухолифат менамуданд, аммо мавқеи ҳукуматдорони Маҷористон дар робита ба равобити иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Россия ба як монеа табдил шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2985