Хабарҳо
ҶОМИ ОСИЁ
Дурахши ҳунари паҳлавонии Абубакр Шеров дар қора
Гӯштигирони тоҷик дар Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон (12 – 15, май, Алмаато, Қазоқистон) ду медал (тилло ва биринҷӣ) гирифтанд.
Бар пояи маълумоти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, медали тиллоро Абубакр Шеров ва нишони биринҷиро Парвиз Абдураҳмонов ба даст оварданд.
Абубакр Шеров (-66кг) барои роҳ ёфтан ба финал Бекзод Каиргалиев, Куралбек Саталиев (Қазоқистон), Муҳриддин Ғиёсов (Ӯзбекистон) ва Нурдавлат Базиржани қазоқро аз сари роҳаш дур кард. Дар зӯрозмоии ҳалкунанда гӯштигири бомаҳорати тоҷик Азизбек Ортиқови ӯзбекистониро шикаст дода, ғолиби мусобиқа гардид.
Боз дар финал "Челси" аз "Ливерпул" шикаст хӯрд
Дастаи «Ливерпул» дар бозии финалии Ҷоми Англия, ки дар варзишгоҳи Уэмблии шаҳри Лондон баргузор шуд, бошгоҳи «Челси»-ро шикаст дода, маротибаи 8-ум барандаи ҷом гардид.
Тибқи иттилои сомонаи мусобиқот, дар вақти асосӣ ва иловагӣ дастаҳо натавонистанд ба дарвозаи якдигар гол зананд. Аз ин рӯ, кор то ба силсилазарбаҳои 11-метра расид ва футболбозони шаҳри Ливерпул бо натиҷаи 6:5 ғолиб омаданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар финали Ҷоми лигаи Англия низ «Ливерпул» бар «Челси» (0:0, 11:10) ғолиб омада буд.
CAFA – 2022
Мусовии Тоҷикистон ва пирӯзии Эрон
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври сеюми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо тими Афғонистон мусовӣ (0:0) бозӣ карданд.
Дар вохӯрии дигар Эрон ба дарвозаи Қирғизистон ду голи беҷавоб зад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3242