мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РАИСИ СИТОДИ КУЛЛИ НЕРУҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶИЭ МУҲАММАД БОҚИРӢ
17 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ситоди кулли Неруҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқириро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Эрон, бахусус дар соҳаҳои амниятӣ ва низомии техникӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.05.2022 №: 93 Мутолиа карданд: 2523