logo

иҷтимоиёт

ҲХДТ. ДАВРАИ БОЗОМӮЗӢ БАРОИ РАИСОНИ КУМИТАҲОИ ИҶРОИЯ

Дар асоси дастури Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам густариш ёфтани фаъолияти ҳизбӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои навини мамлакат, ба мардум расондани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат ва барномаву Оинномаи ҳизб ва омӯзиши ҷанбаҳои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ 15 май дар шаҳри Панҷакент бо иштироки раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, фаъолону ҷонибдорон ва намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» курси бозомӯзӣ ба кори худ шуруъ намуд, ки то 20 май идома меёбад.
Тавре маркази матбуот ва таҳлили ҲХДТ хабар дод, дар ҷараёни курси бозомӯзӣ қироати маърузаҳои илмӣ ва оммавӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, баррасии бурду бохти фаъолияти кумитаҳои иҷроия дар самтҳои афзалиятнок, мизҳои мудаввар ва суҳбатҳои гуногун бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти шаҳр, боздид аз қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр ва хонаи маъюбону пиронсолон пешбинӣ шудаанд.
Иштирокчиён таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода нахуст дар маркази ноҳияи Айнӣ аз майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ва дар шаҳри Панҷакент аз оромгоҳи бунёдгузори адабиёти классики тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, хона-музей ва пайкараи Лоиқ Шералӣ ва шаҳраки бостонии Саразм дидан намуданд.
Дар оғози расмии курс, нахуст муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Оқилзода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода сухан карда, ба кори иштирокчиён барор хостанд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар маърузаи худ таъкид намуд, ки ин таҷриба, аллакай, соли дуюм роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он тақвияти маҳорати касбии кормандони ҳизбӣ, омӯзиши роҳу воситаҳои муосири корбарӣ миёни мардум, беҳтар намудани корҳои дохилиҳизбӣ, татбиқи самараноки санадҳои муҳими вобаста ба ҳизб ва дарёфти усулҳои фаъолияти ҷавобгӯ ба талаботи рӯз мебошад.
- Мутобиқи маълумоти оморӣ, имрӯз шумораи аъзои ҳизб беш аз 508 000 нафар буда, онҳо дар 6500 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид гардидаанд. Акнун фурсате фаро расидааст, ки ба ин неруи бузург таваҷҷуҳи бештар намуда, фаъолиятро миёни ҳизбиён тақвият бахшем. Дар ин масъала мо ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ бояд ба саҳлангорӣ набояд роҳ диҳем. Мо бояд сатҳи зеҳнии кормандони ҳизбиро баланд бардорем, то ҳар нафари онҳо аз равандҳои инкишофи ҷомеа огоҳ бошанд. Маҳз фаъолияти огоҳонаву мақсаднок ва илману мантиқан асоснок ҳамон вақт самараи дилхоҳ меоварад, - таъкид намуд А. Азизӣ. 
Гуфта шуд, ки мардуми кишвар ҳамеша бо садоқат аз сиёсати ҲХДТ пуштибонӣ менамоянд ва дастгириҳои пайвастаи роҳбари ҳизбро гиромӣ медоранд. Ғояҳои умумимиллие, ки ҲХДТ ташаккул додаасту маҳаки барномаҳои онро ташкил медиҳанд, имрӯз танҳо дар қолаби шиору назарияпардозиҳо маҳдуд намешаванд ва онҳо, аллакай дар сохтмони иншооти азими аср - НБО «Роғун», роҳу пулҳои сифати байналмилалӣ, корхонаҳо, биноҳои муассисаҳои иҷтимоӣ, таъмини сатҳи муносиби зиндагӣ дар доираи иқдом ва аксияҳои ҳизбӣ татбиқи худро ёфтаанд ва дар оянда ин иқдом идома хоҳад ёфт. 
Инчунин, зикр гардид, ки ҳизб ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсии ҷумҳурӣ, аз рӯзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гаштанаш, тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзояш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст. Ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ ва манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм, сепаратизм, терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум карда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ баҳри расидан ба ҳадафи олии ҳизб, ки зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” мушаххас гардидааст, таваҷҷуҳ ва вазифагузорӣ намуда, гуфт: «Итминон дорам, ки сохторҳои ҳизбӣ фаъолиятро беш аз ин тавсеа бахшида, рисолати хешро самимона ва содиқона анҷом хоҳанд дод». 
Сипас, дар мавзуи «Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ» бо истифода аз техникаи муосири электронӣ маърузаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода пешкаши ҳозирон гардид. 
Инчунин, дар идомаи курс маъруза ва суҳбати раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯдоба Мустаҷобова дар мавзуи «Омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа дар асоси дастуру нишондодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид шунида шуда, иштирокчиён вобаста ба маърузаҳои баёнгардида саволу ҷавоб карданд.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2022    №: 93    Мутолиа карданд: 467
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед