Хабарҳо
САЙРЕ ДАР ШЕЪРИСТОНИ ЛОИҚ
Бо чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҳфили адабию фарҳангӣ доир гардид. Ҳамоиш дилбохтагони шеър, аҳли қалам, ҳаводорони ашъори шоири ширинкалом Лоиқ Шералӣ – яке аз бузургони адабиёти муосири тоҷикро ба ҳам овард. Ҳозирин дар шеъристони устод Лоиқ сайр намуда, ашъорашро латифу нафис, пурарзиш ва мондагор хонданд.
Аз ҷумла, Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон, гуфт: “Шеъри устод Лоиқ бо тозакории бешабоҳат, башорату иршодҳои шоиронаву ошиқона, мояҳои милливу башарӣ, ҷаззобият, дили дӯстдорони сухани волоро шод карда. Ӯ ҳамон падидаи истисноиест, ки бо рабоиши бузурги инсониву шоириаш дилҳои ҳамагонро дар инҳисори муҳаббат нигоҳ медорад”.
Бузургии Лоиқ дар он арзёбӣ гардид, ки эҷодиёташ пурмазмун, ҳамнавои дили мардум, муассир ва ширину равон мебошад. Ҳамин аст, ки осори ӯ берун аз кишвар низ ихлосмандони зиёд дорад.
Гулчини аввалини ашъораш “Сари сабз” мебошад, ки ба дасти ҳаводорони шеър расида. Шеърҳои дигари шоир ба воситаи китобҳои дигари ӯ, аз ҷумла “Илҳом”, “Нӯшбод”, “Марди роҳ”, “Ташнадил”, “Хоки Ватан”, “Ману дарё”, “Аввалу охири ишқ”, “Варақи санг”, “Дасти дуои модар”, “Фарёди бефарёдрас”, “Ангораҳо”, “Офтобборон”, “Хонаи чашм” пешкаши дӯстдорони шеър гардидаанд.
Истеъдоди фитрии ӯ аз шеър ба шеър такмил ёфта, ҷилои тоза пайдо карда, шеъри асри ҷадидро гардишу тобиши нав бахшидааст.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода роҳандозии чунин маҳфилҳоро муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки баргузории чунин маҳфилҳо ҷавононро ба худшиносиву маърифатпарварӣ, тарғиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, башардӯстӣ ва арҷгузорӣ ба шеъру осори бузургон раҳнамун месозад.
Дар идома ҳунармандони хушсадо, ки ашъори устодро ба оҳанг даровардаанд, хотири аҳли маҳфилро болида сохтанд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1902