logo

Хабарҳо

Суҳбати телефонии Путин ва Президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб

Известия. Президенти Россия Владимир Путин ва Президенти нави АМА Муҳаммад бин Зоид оли Наҳён 17 май суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Сиёсатмадорон омодагии худро барои рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор доштанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар додааст.
«Дараҷаи бадастомадаи шарикии стратегии ду кишвар бо қаноатмандӣ зикр шуд ва тарафҳо барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона назар карданд. Ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаҳои савдо, иқтисод ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Сарварони давлатҳо, инчунин, ба тарафдории идомаи ҳамоҳангӣ дар масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ сухан ронданд. 
 
 
 
Аз ифлосшавии ҳаво ҳар сол дар ҷаҳон 6,7 миллион нафар мефавтад
Росбалт. Ба гуфтаи коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол дар ҷаҳон дуд ва дигар шаклҳои ифлосшавии ҳаво тақрибан 6,7 миллион нафарро аз байн мебаранд. Ин рақамҳо нисбат ба тахминҳои қаблии дар соли 2015 нашршуда зиёдтаранд.
Хулосаи олимон дар асоси маълумоти ҷамъовардаи онҳо дар маҷаллаи Lancet Planetary Health нашр шуд. Яке аз муаллифони мақола Ричард Фуллер таъкид кардааст, ки ифлосшавии атмосфера ба сифати зиндагии инсон таъсири калон мерасонад. Аҳолии кишварҳои даромадашон кам ва  миёна аз ҳама бештар осеб мебинанд. Олимон таъкид мекунанд, ки ифлосшавии ҳаво яке аз мушкилоти хатарноки саломатии инсон аст. Консентратсияи афзояндаи аэрозолҳои заҳролуд, зарраҳои хокистар ва чанг на танҳо ба пайдоиши варамҳо дар узвҳои нафаскашӣ таъсир мерасонад ва боиси бемории музмини обструктивии шуш мегардад, балки эҳтимолияти инкишоф  ва бисёр бемориҳои музмини дигарро зиёд менамояд.
 
 
 
 
Раҳбарони Ӯзбекистон ва Қазоқистон масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба 
ва минтақавиро баррасӣ карданд
CentralAsia (UZ). Президенти Ӯзбекис-тон Шавкат Мирзиёев 17 май бо Роҳбари Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом дод. Сарвари давлати Ӯзбекистон Президенти Қазоқистонро ба муносибати зодрӯзаш табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, бахту саодат, комёбиҳо, сулҳу субот ва шукуфоии кишвари бародарро самимона таманно намуд.   
Зимни суҳбат, инчунин, аҳамияти суръат бахшидан ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ, масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ таъкид шуд.
 
 
 
 
Ҳамгироии биржаҳои ИДМ дар Беларус баррасӣ шуд
Мир24. Дар Беларус Ассотсиатсияи байналмилалии биржаҳои ИДМ масъалаҳои ҳамгироӣ ва амнияти озуқавориро баррасӣ карданд. 
Ассотсиатсияи байналмилалӣ 20 биржаи пешқадами кишварҳои ИДМ-ро муттаҳид менамояд. Ҳаҷми савдои байни онҳо мунтазам меафзояд. Дар шароити маҳдудияти иқтисодии Ғарб вазифаи асосӣ – тартиб додани консепсияи нави ҳамкорӣ мебошад.
Биржа акнун на танҳо миёнарав байни фурӯшанда ва харидор аст, балки як механизми боэътимод ва самараноки савдо, рушди бозори умумӣ ва як қадами содагардонии муомилот дар дохили кишварҳои иттиҳод мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2831
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед