Хабарҳо
ДАҲСОЛАИ ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР
Мина ва марафони саёҳатӣ доир ба иқдоми байналмилалии Тоҷикистон
Мина Гули, шаҳрванди Австралия, бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об (соли 2023) дар Тоҷикистон марафони дав баргузор мекунад.
Муҳлати марафон аз 15 май то 10 июнро дар бар мегирад. Дар ин муддат Мина Гули дар 11 марафони дав 458,2 километрро тай карда, аз захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии “Роғун” ва “Норак” ва маконҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан ва дар Конфронси II байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" (6 – 8 июн) ширкат меварзад.
Мина Гули ва ҳамроҳонашро 15 май дар гузаргоҳи сарҳадии «Саразм - Ҷортеппа» (Тоҷикистон – Ӯзбекистон) масъулони Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати нақлиёт, Кумитаи миллии олимпӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Панҷакент пешвоз гирифтанд.
Аввалин марафони бонуи австралиягӣ 16 май дар самти Панҷакент – Айнӣ – Душанбе (масофаи 42 километр) шуруъ гардид.
Мина Гули тоҷир буда, дар бахши ҳифзи муҳити зист фаъол аст. Директори генералии Фонди “Thirst” мебошад, ки дар самти таблиғи сарфаи об фаъолият мекунад.
ҲЕНДБОЛ
Кадом даста ғолиби кишвар шуд?
Тими «Душанбе – 1» дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҳендбол миёни бонувон (12 – 16 май) мақоми аввалро касб намуд.
Бар пояи иттилои федератсияи ин ришта, зинаҳои дуюму сеюмро мутаносибан дастаҳои ВМКБ ва «Хатлон – 1» ишғол карданд.
Дар чемпионат 7 даста - «Душанбе - 1», «Душанбе - 2», ВМКБ, «Суғд», «Хатлон - 1», «Хатлон - 2» ва ШНТҶ иштирок карданд. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор гардид.
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2806