иҷтимоиёт
ШАХСИЯТИ ФАРОМИЛЛӢ
Меҳрубон Назаров роҳи дуру дарозеро аз ҷодаи ҳунар то маснади роҳбарӣ ба соҳаҳои фарҳанги миллӣ тай намуда, дар қуллаи баландтарини он қарор гирифтааст. Марди ҷӯё ва пӯё буд. Ба саҳна тавассути бозигарӣ ворид шуда, ҳунари дандоншикани коргардониро аз бар кард ва барои он асарҳои ҷолибе низ иншо намуд.
Нақши зиёӣ дар пешрафти ҷомеа мавзуи асосии асарҳои саҳнавии ӯ мебошад. Дар мисоли эҷод ва фаъолияти роҳбарии М. Назаров метавон таҳаввулоти бузурги равонию маънавии ҷомеаро дар давраҳои миёна ва охири садаи ХХ ба риштаи таҳқиқ кашид.
Ин нукта қобили зикр аст, ки М. Назаров ба театр бо қадамҳои устувор, хеле ҷиддӣ ва донистани хуби ҷаҳони афкору андешаи муосиронаш ворид гашт. Аз ин лиҳоз, асарҳои нахустинаш ҳам аз ҷиҳати актуалии мавзуъ, тезу тундии низоъ, ҳам аз ҷиҳати фарогирии ҷаҳони маънавии муосирон ҷанбаҳои пурқувватро фарогир мебошанд.
Фарҳангу ҳунари миллии мо дар шаст соли асри ХХ бо тамоми шаҳоматаш дар мисоли ҳаёт ва фаъолияти эҷодии М. Назаров мунъакис гардидаанд. Ба ақидаи ӯ, маънию мароми зиндагӣ иборат аз некӣ ва накукорӣ аст. Аз ин ҷост, ки аксар намояндагони аҳли фарҳангу ҳунар пеш аз зикри фаъолияти пурсамар ва густурдааш дар соҳа аз хислатҳои наҷиби инсониаш ёд мекунанд. Дасти мададаш ба аҳли соҳа расидааст. Ӯ ҳамқадами замон, ҳаммаслаку ҳаммароми ҳамзамонони худ дар роҳи такмили зиндагӣ буд. Воқеияти зиндагӣ, дигаргуниҳои замон ва вобаста ба онҳо дигар шудани рафтору муносибати инсон ба худ ва атрофиёнаш ҳамеша мавриди назараш қарор дошту инъикоси дурусти ин ҳама таҳаввулоти руҳиву равонӣ дар ҷанбаҳои мухталифи ҳунарӣ дар маркази диққаташ мечархид. Ин раванд мавқеи худи М. Назаровро низ дигар намуда, аз як фардияти шинохтаи ҳунарӣ ва сиёсӣ ба шахсияти фаромиллӣ табдил дод. Дарду ормонҳои қавму халқиятҳои дигарро низ дар вуҷудаш ҳал намуда, вокуниши худро бо ҳунар пешниҳод кард ва маҳз бо ҳамин башардӯстӣ номашро дар дафтари таърих сабт намуд.
Соли 1941 пас аз хатми Комбинати бадеии шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) саркоргардони Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин мешавад. Дар ин миён солҳои 1943 ва 1944 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди фашизм низ меҷангад. Соли 1944 аз майдони набард баргашт ва то соли 1946 роҳбарии театри мазкурро ба зимма дошт. Маҳз дар ҳамин давраи фаъолияташ нишон дод, ки малака ва маҳорати хуби роҳбарӣ дорад. Аз ин ҷост, ки ҳамчун мудири шуъбаи санъати Кумитаи иҷроияи намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузида шуд. Чуноне арқоми оморӣ ва авроқи таърих нишон медиҳанд, дар давраи роҳбарии ӯ соҳаи фарҳанги вилоят ба пешравиҳои чашмрас ноил гардид.
Соли 1951 Донишкадаи давлатии театр, мусиқӣ ва кинематографияи ба номи А. Н. Островскийи шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт – Петербург) – ро ҳам бомуваффақият ба поён расонд.
Оғози фаъолияти ҳунариву эҷодии М. Назаров бо Театри шаҳри Хоруғ тавъам аст. Дар саҳнаи ҳамин театр нақшҳои ҷолибе офарида, ба ҳайси коргардон чандин намоишро таҳия намуд. Асарҳои беҳтарини саҳнавии театр ба фаъолияти коргардонии ӯ алоқаманд мебошанд. Дар ин давра Меҳрубон Назаров беш аз 30 намоишро таҳия ва бо аҳли ҳунар манзури тамошогарон гардонд, ки беҳтаринашон «Гунаҳкорони бегуноҳ» - и А. Островский (соли 1946), «Макр ва муҳаббат» - и Ф. Шиллер (1946), «Қишлоқи тиллоӣ» - и М. Миршакар (1947), «Калтакдорони сурх» - и С. Улуғзода (1948), «Тошбек ва Гулқурбон» - и М. Миршакар, «Шуҳрати нек» - и М. Рабиев (1957) шумурда мешаванд.
«Гунаҳкорони бегуноҳ» нахустин муроҷиати ҳунарварони тоҷик ба ин асари хеле мураккаб ва пурмуҳтавои адиби рус буд. Ҳунармандони бадахшӣ ҳоло бо урфу одатҳои мардуми рус аз наздик ошно набуданд ва ба нозукиҳои муносиботи байниҳамдигариву вазъи маишии мардумони он давр пурра сарфаҳм намерафтанд. Ба коргардон лозим омад, ки корҳои зиёди омодагӣ ва омӯзиширо миёни ҳунармандон пиёда созад. Дар ин намоиш нақши қаҳрамони асосӣ Кручининаро ҳунарпешаи боистеъдод С. Бандишоева иҷро намуд. Ба ҳунарпеша, ки аз паси коргардон рафта, ба ӯ пурра бовар карда буд, даст дод симои барҷастаи зани ҷафокашида, таҳқиршуда, вале номусу номи ҳудро нигаҳдоштаро хеле боварибахш иҷро намояд. Як бозёфти муҳими ин намоиш ҷалб шудани А. Хоҷаев ба нақши фоҷиавии Незнамов буд. Пасон ин ҳунарманд ба дастаи ҳунарии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ пайваста, дар саҳнаи он нақшҳои ҷолибу ҷовидонаеро аз осори классикон, драматургияи ҷаҳонӣ ва тоҷик бо маҳорати том офарид.
Б. Карамхудоев дар симои Шмага ба намоиш як ҷаҳон умеду шодмонӣ ворид намуд. Намоиши «Гунаҳкорони бегуноҳ» нишон дод, ки сарвари маънавӣ ва дастаи ҳунарӣ дар роҳи рост қарор доранд ва онҳоро корнамоиҳои нави ҳирфавӣ раҳнамун сохт.
Коргардон ҳини таҳияи дигари асари саҳнавиаш - «Хизматгори ду хоҷа» аз рӯйи асари машҳури драматурги итолиёвӣ Карло Голдони на танҳо тавонист малака ва маҳорати хешро сайқал бидиҳад, балки ҳамчун ҳунарманд дар иҷрои нақши Труффалдино бишукуфад.
Бо даст задан ба драматургияи хориҷӣ ва дар ин роҳ муваффақ гардидан, шавқи дастаи ҳунарӣ ба аз худ намудани ин ганҷинаи ғании маънавӣ афзуд. Қадами ҷиддии дигар ва ҳамвора имтиҳони ҷиддии ҳунарии ин даста таҳияи намоиши «Макр ва муҳаббат» - и Фридрих Шиллер гардид. Дар ин намоиш ҳам М. Назаров бо такя ба фардияти ҳунарии бозигарони алоҳида муҳити пӯсидаи ашрофзодагони замони пешро эътимодбахш рӯйи саҳна овард. Фердинанди Назаров ҷавони поку беолоиш ва Миллери Карамхудоев орӣ аз шавкату шон баромаданд, ки муҳтавои асарро ғанӣ гардондаанд.
Доктори илми санъатшиносӣ, профессор Низом Нурҷонов ба асари дигари саҳнавии Меҳрубон Назаров таҳти унвони «Тошбек ва Гулқурбон» (он ҳам аз рӯи асари М. Миршакар) дар асари бунёдии хеш «Таърихи театри шуравии тоҷик» баҳои баланд дода, зикр намудааст: «Дар асари бар мабнои фолклори мардуми Бадахшон асосёфта ҳаёти халқ бо тамоми ҷузъиёти маишиаш тасвир ва характерҳои мардумӣ барҷаста нишон дода шудаанд».
Бо ҳамин кулвор Меҳрубон Назаров озими Афғонистон гардида, дар эҳёи ҳунари театрӣ дар ин кишвар камари ҳиммат баст.
Бо фаъолияти ҳунарии М. Назаров дар театри Афғонистон давраи нав, марҳилаи душворе сар шуд, ки ба таври қатъи дигаргунсозии фаъолияти театриро тақозо менамуд. Меҳрубон Назаров роҳи душвори тағйир додани фаъолияти ғоявию эҷодӣ ва ташкилиро интихоб намуд. Ба самти дуруст даровардани фаъолияти театрӣ кори саҳлу содае набуд.
Меҳрубон Назаров муддати ду соли мушовири бахши фарҳанг буданаш, дар саҳнаи театри «Кобул нандорӣ» намоишҳои «Шамъҳое, ки месӯзонанд» - и А. Латифӣ, «Марде, ки номаш фаромӯш шудааст» - и Ю. Кӯҳзод, «Гунаҳкорони бегуноҳ» - и А. Островский, «Табиби зӯракӣ» - и Ж. Б. Молйер ва чандин асари дигари диданиро рӯйи саҳна овард.
Пас аз бозгашт аз Афғонистон ӯ дар рушди ҳунари театрии тоҷик хидматҳои мондагор намуд. Он замон драматургияи миллии мо нав қомат рост менамуд ва талаботи рӯзафзуни театрро ба асарҳои хубу ҷолиби саҳнавӣ пурра таъмин карда наметавонист. Биноан, барои рафъи норасоии мазкур даст ба нигоштани асарҳои драмавӣ низ зада, дар ин роҳ ҳам муваффақ гардид. Асарҳои саҳнавиаш «Орзу» (1964), «Дасти дӯст» (1968) ва «Ҳалокати одат» (1970) зеби саҳнаи театрҳои гуногуни кишвар гардиданд. Боз як зумра пйесаҳои якпардагӣ ва чанд асари оммавӣ ҳам таълиф намуд.
Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи М. Назаров дар асоси студияи тоҷикии фориғуттаҳсили соли 1971 – и Донишгоҳи давлатии ҳунари театрии ба номи А. В. Луначарскийи Москва Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон таъсис ёфт.
Хидмати профессор Меҳрубон Назаров дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа низ хеле бузург аст. Бо ташаббуси ӯ соли 1967 дар назди Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) факултаи санъат ташкил шуд. Баъди ба вуҷуд омадани базаи мусоиди моддиву техникӣ ва омода шудани кадрҳои омӯзгорӣ дар асоси факултети мазкур Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (1973) таъсис ёфт.
Қариб 10 сол, аз соли 1979 то 1988, ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буд. Баъди ба нафақа баромадан низ то охири умр дар ин таълимгоҳ ба ҳайси профессор фаъолият кардааст.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.05.2022 №: 94 - 95 Мутолиа карданд: 463