logo

иҷтимоиёт

БАДАХШОН. ҶАВОНОН НАБОЯД ФИРЕФТАИ ГУРӮҲҲОИ ҶИНОЯТПЕША ШАВАНД

Ҷаҳон ва минтақа дар вазъи мураккаб қарор дошта, хурдтарин иштибоҳи мо метавонад ҷомеаи осудаву ороми кишварро халалдор созад. Бояд ҳар як шахси ба ору номуси Ватан ҳадафи пок дошта бошад ва оромии мамлакатро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад. Сулҳу субот яке аз неъматҳои бузургтарин ва муқаддастарин ба ҳисоб меравад. Барои таъмини амният ва ободии кишвар ҳар як фарди тоҷик уҳдадор аст, ки софдилона хизмат намояд ва ҳар зарра хоки диёрро муқаддас шуморад.
 
Мутаассифона, бархе аз шаҳрвандони мо имрӯзҳо ба ҷойи даъват ба оромиву осудагӣ ва пешравии диёрамон зидди сохти конститутсионӣ аз берун ва дохили кишвар мубориза мебаранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои бесубот сохтани муҳити ороми Тоҷикистон рӯйрост ҷавононро ба қонуншиканиву фитнаангезӣ даъват менамоянд. Барои ба даст овардани мол ё маблағ виҷдони худро фурӯхта, ба суханони иғвоангезонаи хоҷагони худ бовар намуда, зидди сарзамини хеш амалҳои нопок ва ҷиноятӣ содир мекунанд. Онҳо касонеанд, ки Тоҷикистон ва сокинони Бадахшон барояшон арзише надорад. Дар талоши обрӯву эътибори худ ҳастанд. Мо набояд ба таҳқири зодагони ин ё он минтақаи Тоҷикистон роҳ диҳем, зеро маҳалгароӣ боиси сар задани хусумат ва кинаву адоват байни манотиқи гуногуни кишвар мегардад. Мо ҳама тоҷику тоҷикзабонем. Ҳар шахсе, ки фикри ноором сохтани ин кишварро дорад, хоин, ҷосус ва душмани халқу миллати худ ҳисобида мешавад. 
Имрӯзҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ мебинем, ки хоинони миллати тоҷик аз воқеаҳое, ки дар Бадахшон рӯй дода истодааст суистифода карда, барои татбиқи нақшаҳои разилонаи худ дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба фитнаангезӣ шуруъ кардаанд. Ҷойи таассуф аст, ки бархе аз шаҳрвандони кишвар дар баробари душманони миллат, ки аз асли воқеа хабар надоранд, ба онҳо пайравӣ намуда, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. 
Тавре ба ҳамаи мо маълум аст, солҳои охири асри гузашта Ватани азизи мо дар ҳолати вазнини сиёсӣ қарор дошт. Хушбахтона, Худованд ба бахти миллати мо фарзанди фарзонаеро дар симои Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат овард, ки тавонист Ватану миллатро аз вартаи нестӣ раҳо намуда, аз як мардуми ноумед як миллату давлати ободу машҳур созад. 
Он вақтҳо ман хеле хурд будам, аммо дар хотир дорам, ки вақте падарам субҳ ба кор баромаданӣ мешуд (он солҳо дар кӯчаҳои шаҳр озодона қадам задан душвор буд), назди дар ба мо фарзандон бо як ноумедӣ ва чашмони пур аз ашк назар менамуд ва бегоҳирӯзӣ бо хушҳоливу шукргузорӣ ба хона бар мегашт (зеро, аз сабаби ноамнӣ ҳеҷ кафолати саломат дубора баргаштан ба назди оила набуд). 
Пайваста Худоро тавалло мекарданд, ки ба Ватани мо оромиву сулҳ ато фармо ва ба модарам мегуфтанд: «Бовар кун он қадар хастаам, ки намехоҳам субҳ шавад, агар шавад якум садои онро шунавам, ки дар Тоҷикистон сулҳ барпо шудааст, дигар ҷанг вуҷуд надорад, меҳру муҳаббат байни мардуми мо барқарор шудааст». 
Азбаски ман хурд будам, он қадар сарфаҳми ин суханҳоро намерафтам. Акнун, ки бузург шудам, ба ҳоли ҳамонвақтаи падарам ва миллати тоҷик ашк мерезам ва шукр мегӯям, ки дубора сулҳ ба Тоҷикистони азиз баргашт. Ҳамаи ин ризоии Худо ва заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. 
Ҳамин ки ин сухани зеборо падарам шунид: «Оштии миллӣ» эълон шудааст, бо хушнудӣ насиҳат намуд: «Фарзандонам, ин шахс, яъне Эмомалӣ Раҳмон бе назари Худо нест. Ҳеҷ як шахси одӣ наметавонад сари роҳи ин қадар нооромиву парокандагӣ ва ҷангу хунрезиро гирад. Аз ин рӯ, то ҷон дар бадан доред ҳатто номашро шунидед, аз ҷой бархезед ва эҳтиромашро ба ҷо оред». 
Аз ҷавонон ва сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар тазоҳурот ширкат варзидаанд, даъват менамоям, ки аз кирдорҳои ношоям (терроризм ва экстремизм), ки ҳамчун вабои аср эътироф гаштааст, худдорӣ намоянд ва пайваста дар роҳи илм, хирад, сулҳу субот ва ояндасозии ин марзу бум саъю кӯшиш намоянд ва хизмат ба Ватан - Модарро барои худ қарзу фарз шуморанд. Чунончи паёмбари ислом Муҳаммад (с) низ фармудаанд: «Ватандорӣ  аз гӯшаи имондорист!».
 
Содиқҷон ЯТИМОВ,
ходими пешбари илмии Институти геология, 
сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2022    №: 94 - 95    Мутолиа карданд: 1078
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед