иҷтимоиёт
БОЗЁФТИ МУАССИРИ РАССОМ
Мухлисони санъати тасвирии миллӣ, устодону шогирдон ва ҳампешагони рассоми хушсалиқаю тозанигоҳ Олим Рабизода пас аз интишори қарори Кумита оид ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика, ки дар он номзадии ин мусаввир бобати дарёфти мукофот барои офаридани силсилаи асарҳо: «Президент – кафили сулҳ», «Дарахти зиндагӣ», «Деворнигораҳои Шаҳристон» ва «Рустамнома» зикр гардидааст, хеле хурсанд шуданд.
Олим Рабизода дар соҳа шахси тасодуфӣ нест ва аз рӯи ҳавою ҳавас ба ин муҳити бағоят хосу нозук қадам наниҳодааст, балки аз овони наврасӣ, ки олами атроф, ранги табиат, тобиши нури Офтоб ва сарсабзии дарахту марғзорон, чеҳраи андешаманди куҳансолон, табассуми кӯдаконро дигаргуна - ҷаззобтар медиду эҳсос менамуд, ҷиддияти ин пешаро дарк кард. Табиист, ки таҳсил дар Омӯзишгоҳи рассомии ҷумҳуриявии ба номи Мирзораҳмат Олимов ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дарсу ҳидоятҳои устодони сахтгиру ғамхор нияти азалии вайро маънои бештар бахшида, тақвият доданд. Ӯ ҳамон замон сарфаҳм рафт, ки бидуни амиқ донистани нозукиҳои алифбои рассомӣ ва муҳимтарин рукнҳои он, инчунин, дониши амиқи таърих ягон эҷодкори асил пеш рафтаву асари арзанда офарида наметавонад. Бинобар ин, ба хотири дар гирдоби таҷрибаи ҳаёт ғӯта задан, сайқал додани маҳорат, суфта гардондани фаросати чашму ангуштони даст, ки мӯйқалам рӯи картон меронанд, тобиши рангҳоро ҷудо мекунанд, беш аз бист соли умрашро дар зодгоҳ баҳри ташаккули мактаби кӯдаконаи санъат, дертар бунёд ва пешбурди фаъолияти пурсамари Осорхонаи таърихӣ - этнографии шаҳри Ваҳдат сарф намуд. Рассом он давраро бо табассум мактаби пурталотуми зиндагӣ, талошу эҷод ва навовариҳо медонад.
Қариб ду даҳсола аст, ки роҳбарии Бунёди мусаввирӣ ва Академияи мусаввирии Тоҷикистонро бар уҳда дорад. Бо асарҳояш дар даҳҳо намоишҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, аз имтиҳони мутахассисони варзидаи ватанию хориҷӣ гузаштааст.
Олим Рабизода ҳамеша мекӯшад, ки аҳли санъатро муттаҳид созад, то маҳсули эҷоди ҳамдигарро бубинанду ошкоро, беғаразона ва бо муҳаббат баҳо бидиҳанд. Тавассути заҳматҳои ӯ имрӯз қариб чил рассом, муҷассамасоз, кошинкору ороишгар дар қароргоҳи Бунёди мусаввирии ҷумҳурӣ устохонаи шахсии худро доранд ва баҳрашон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Мутахассисони ин Бунёд тайи беш аз бист соли охир дар ороиши даҳҳо иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла «Душанбе - Плаза», Осорхонаи миллӣ, «Кохи Сомон», «Наврӯзгоҳи пойтахт», «Кохи Наврӯз» ва ниҳоят «Боғи Истиқлол», ки ифодагари таърихи бошукӯҳу ибратомӯзи ниёгонанд, басо фаъолона ширкат варзидаанд.
Чаҳор силсилаи мусаввараҳояш лоиқи пешниҳод ба дарёфти Ҷоизаи давлатӣ дониста шудааст. Силсилаи аввал «Президент – кафили сулҳ» унвон гирифта, аз се мусаввараи олиҷаноб – се портрети Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат буда, дар ҳунари чеҳраофарӣ падидаи ниҳоят нодир маҳсуб мегардад. Рассом ҳар яки онҳоро бо диди тоза, масъулияти том ва бо меҳру эътиқод эҷод намудааст. Ҳар як портрети Сарвари давлат, бешубҳа, набзу руҳи замон, комёбиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии абармарди сиёсати муосирро ифода кардаанд.
Силсилаи «Дарахти зиндагӣ»-ро дида, ҳар тамошогар пай мебарад, ки рассом ба ҳаёт ва одамизод назари фалсафӣ дӯхтааст. Эҳсос мешавад, ки умри фарзанди инсон ба дарахти азим шабоҳат дошта, аз решаҳои қавӣ, шоху барги боровар, рабт ба обу андешаи имрӯзу фардост. Ҳар як мусаввара, ки манзараҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст, аз лаҳзаи тавлиди инсон то вопасин дам бо риштаҳои ноаён марбути ҳамдигаранд. Симои ҳар нафар бағоят инфиродӣ инъикос ёфтааст.
Дар ин радиф силсилаасарҳои «Деворнигораҳои Шаҳристон» ва «Рус-тамнома» мазмунан гузаштаи дур, имрӯзи пуртазоду саршори бунёдкорӣ, мероси маънавии ниёгон ва ояндаи дурахшони халқи тоҷикро пеши назарамон падид меоранд.
Мусаввараҳои Олим Рабизода дар намоишгоҳҳои байналмилалии асарҳои санъати тасвирӣ дар Москваю Санкт-Петербург, Тошканду Минск, Пекину Париж, Теҳрону Боку аз ҷониби санъатшиносону дӯстдорони ҳунар баҳои арзанда гирифтаанд. Бо такя ба ин, месазад зикр намоем, ки чун рамзи эътирофи истеъдодаш Олим Рабизода ва саҳмаш дар таҳкими робитаҳо ба як қатор мукофоту ҷоизаҳои созмонҳои эҷодии соири давлатҳои хориҷа қадр гардидааст. Бешак, онҳо сазовори Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакианд.
Заур ДАХТЕ,
Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.05.2022 №: 94 - 95 Мутолиа карданд: 488