logo

иҷтимоиёт

МАҚСАДИ ОЛӢ – ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА БАРОИ МАРДУМ

 
Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ гаронбаҳотарин неъматҳоянд. Ҳар кишваре, ки мардумаш соҳибистиқлол асту дар муттаҳидӣ зиндагӣ мекунад, пешрафтаву обод мебошад. Ҳазорон шукр, ки халқи тоҷик ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин неъматҳо бархӯрдор аст. 
Соли рафта мардуми шарифи Тоҷикистон Ҷашни бузурги миллӣ -  30 - солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи соҳибистиқлолиро барои мардуми сарбаланди тоҷик давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи озодии Ватан, пешрафти давлат ва ободии кишвар маънидод карданд. 
Бахшидани гуноҳи гунаҳгорон яке аз хислатҳои нек мебошад. 
Сарвари давлат дар Паёми хеш иброз намуданд, ки тибқи сиёсати башардӯстона Фармони «Боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004 ба тавсиб расид, ки дар заминаи он қарори дахлдор қабул шуд, ба ҷазои қатл ва иҷрои он дар кишвар мораторий эълон гардид. Илова бар ин, дар даврони истиқлол 17 маротиба қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба 170000 нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод шуданд. Аз ҷумла, 7 сентябри соли 2021 ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ қонуни авф қабул шуд, ки дар асоси он 11500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардид. 
Ҳукумати ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз беҳтару хубтар кардани сатҳи зиндагии мардумро мақсади олии худ медонад. Президенти мамлакат дар Паёми хеш гуфтанд, ки Ҳукумати кишвар ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии мамлакатро, тадриҷан амалӣ карда истодааст. Аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлол рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, мо барои расидан ба мақсади олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расондем.
Бинобар, аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022 - 2026, яъне то Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд.
Бояд мо - шаҳрвандони мамлакат дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳлона заҳмат кашида, Меҳани азизи хешро боз ҳам зеботару ободтар гардонем ва Ҷашни бузурги миллӣ - 35 - солагии Истиқлоли давлатиро сарбаландонаву шоиста истиқбол гирем.  
 
Далер ШОЕВ, 
иҷрочии калони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2022    №: 94 - 95    Мутолиа карданд: 642
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед