Хабарҳо
ТИМИ МИЛЛӢ
Петр Сегрт кадом футболбозонро ба ҳайат даъват кард?
Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти сарварии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати мунтахабро барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ (19 май – 3 июн, Дубай) номбар карданд.
Ба тими миллӣ инҳо даъват гардидаанд: дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»), Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»); ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров («Персеполис», Эрон), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Сиёвуш Асроров («Раҳматганҷ», Бангладеш), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров («Истиқлол»), Меҳрубон Каримов (СК «Пеликан», Туркия); нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов (АГМК, Ӯзбекистон), Парвизҷон Умарбоев («Локомотив-Пловдив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Комрон Турсунов («Черчилл Бразерс», Ҳиндустон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов, Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Алиҷони Айнӣ («Регар-ТадАЗ»); ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Мактаарал», Қазоқистон), Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).
Тими мунтахаб субҳи имрӯз ба Амороти Муттаҳидаи Араб парвоз кард. Дастаи мо пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай ба Бишкек рафта, дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё – 2023 дар гурӯҳи «F» бо тимҳои Мянмар (8 июн), Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) неру месанҷад.
ЛИГАИ ОЛӢ
Аввалин пирӯзии «Истиқлол» дар мавсими нав
18 май чор бозии даври 8-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии марказӣ «Хуҷанд» бар «Истаравшан» бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.
Тибқи иттилои ЛФТ, қувваозмоиҳои боқимонда чунин хотима ёфтанд: «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 3:1, «Файзканд» – КМВА – 2:2, «Хатлон» – «Равшан-З» – 1:0.
Нерусанҷии охири давр миёни тимҳои «Эсхата» ва «Равшан-К» 22 май мегузарад.
ЛИГАИ АВРУПО
«Айнтрахт» баъд аз 42 сол боз ғолиб омад
Тими «Айнтарахт» (Олмон) дар рақобати финалии Лигаи Аврупо бар «Рейнджерс» (Шотландия) ғолиб омада, пас аз 42 сол бори дуюм барандаи ҷом гардид.
Вақти асосӣ ва иловагии вохӯрӣ мусовӣ (1:1) хотима ёфта, дар силсилазарбаҳои 11-метра бозигарони Франкфурт бо ҳисоби 5:4 ғолиб омаданд.
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3801