Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Синхуа. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бори дигар таъкид намуд, ки тасмими Чин барои таъмини сатҳи баландтари ошкорбаёнӣ бетағйир боқӣ мемонад ва кишвар ният дорад дарҳои худро боз ҳам васеътар ба рӯи ҷаҳони беруна боз кунад.
RT. Сатҳи инфлятсия дар Австрия моҳи апрел ба ҳисоби солона ба 7,2 дарсад расид, ки ин баландтарин нишондод аз моҳи октябри соли 1981 ба ҳисоб меравад.
ТАСС. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар мулоқот бо Президенти Литва Гитанас Науседа изҳор дошт, ки кишвараш мехоҳад муносибатҳоро ба эътидол оварад ва бо Арманистон созишномаи сулҳ имзо кунад.
Лента. ру. Президенти Россия Владимир Путин Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедовро бо
ордени Дӯстӣ қадр намуд.
RT. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Фаронса Анн-Клэр Лежандр гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо ва Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ хостори ҷанг бо Россия нестанд.
Росбалт. Хабаргузории «Интерфакс» бо такя ба расонаҳои румӣ хабар медиҳад, ки Сарвазири Италия Марио Драги хостори ҳифзи каналҳои ҳамкории дипломатӣ бо Москва мебошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3645