logo

иҷтимоиёт

РӮШОН. ЗИМНИ АМАЛИЁТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ ЯГОН СОКИНИ ОСОИШТА ОСЕБ НАДИДААСТ

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки 17-18 майи соли 2022, аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии ноҳияи Рӯшон дар ҳайати 200 нафар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Кулмаро дар 3 нуқта баста, ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиётро маҳдуд карданд. 
 
Гуфта мешавад, ки онҳо таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии аъзои дар ҷустуҷӯи расмӣ қарордоштаи ташкилоти экстремистӣ-террористӣ Алим Шерзамонов ва ҳаммаслакони ҷиноятии ӯ Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти конститутсионӣ, монеа шудан ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба таҳлука андохтани аҳолӣ бо силоҳу аслиҳаи ҷангӣ мусаллаҳ гардиданд. Гурӯҳи дуюм таҳти роҳбарии саркардагони гурӯҳи муташаккили ҷиноятию террористӣ Ёдгор Ғуломҳайдаров, Қулмаҳмад Палаев ва Паҳлавон Шералиев дар мавзеи Вамардара, ки аз маркази ноҳияи Рӯшон дар баландии 350-400 метр ҷойгир аст, 6 мавқеи ҷангӣ ташкил намуданд. Аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ аз мавқеъҳои ҷангӣ бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, пости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иншооти маъмурии сохторҳои давлатӣ ва шоҳроҳи асосиро мавриди ҳамла қарор дода, вазифадор шуда буданд, ки бо истифода аз гранатамёти РПГ 7В, пулемёти Калашников, автомати Калашников ва норинҷакҳои ҷангӣ ба қатораи автомашинаҳои хизматчиёни низомӣ ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом диҳанд. Рӯзи 18 май гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда ба колоннаи автомашинаҳои хизматчиёни воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҳамлаи мусаллаҳона намуданд, ки бар асари он 1 афсар ба ҳалокат расида, 13 хизматчии ҳарбӣ ҷароҳати вазнин бардоштанд. Тафтишоти пешакӣ ва далелҳои расмии дастрасгардида собит менамоянд, ки гурӯҳҳои ҷиноятӣ барои содир намудани амали террористӣ қаблан омодагии пурраи ҷангӣ гирифта, аз хориҷи кишвар роҳбарӣ ва бо силоҳу аслиҳа таъмин шудаанд. Аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиву террористии ноҳияи Рӯшон муддати 6 моҳи охир дар ҳудуди ноҳия ба қонуншиканӣ, халалдор намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва ба тарсу таҳлука андохтани сокинони осоишта даст дош-танд. Аз ҷониби онҳо постҳои ғайриқонунӣ ташкил шуда, воситаҳои нақлиёти давлатию хусусӣ ва мусофирони онҳо мавриди таҳқир қарор мегирифтанд. Новобаста аз таъкидҳо ва муроҷиатҳои расмии кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ барои қатъи ҳама гуна қонуншиканиҳо 16-17 майи соли ҷорӣ онҳо раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додихудоро таҳқиру дашном дода, муовинони ӯ Гулмад Дӯстализода, Лайло Чоршанбезода ва сардори агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Маҳмаднабӣ Маҳмаднабиевро мавриди лату кӯби шадид қарор доданд. Бо мақсади пешгирии пурраи кирдорҳои мудҳишонаи террористон, таъмини амнияти шаҳрвандон, суботу оромӣ, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, барқарор кардани ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи байналмилалии «Душанбе-Хоруғ-Кулма» 18 майи соли ҷорӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид. Дар натиҷа 8 силоҳбадаст нобуд, 11 нафар захмӣ, 114 аъзои гурӯҳи террористӣ дастгир ва 8 нафар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. Аз онҳо 24 автомати Калашников, 5 пулемёт, 18 пистолети гуногунтамға, 4 милтиқи ТОЗ-18, 11 норинҷаки дастии Ф-1, 86 коктейли Молотов, 3 кг тратил, 15 ратсия ва 53 телефон мусодира гардид. Зимни гузарондани амалиёт аз миёни сокинони осоишта ягон нафар осеби ҷисмонӣ, ҷонӣ ва молӣ надидааст.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА,
"Ҷумҳурият"
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2022    №: 96    Мутолиа карданд: 1065
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед