иҷтимоиёт
«ҶУМҲУРИЯТ». НАШРИЯИ РАСМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМАРҚАНДУ БУХОРО
Субҳи 11 майи соли 2022 шаҳри Душанбе бо тулуи дигаргуна оғоз ёфт. Бори аввал ҳайати кории рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо мусоидати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо эҳтимоми муассиси худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари Самарқанду Бухоро дошт. Ба гурӯҳи 25 - нафараи ҳамкоронамон шахсиятҳои шинохтаи кишвар академик Кароматулло Олимов, ходими давлативу ҷамъиятӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ ва фарҳангшинос Ҷонибек Асрориён ҳамроҳанд.
Азбаски роҳҳо ҳамвору оинасонанд, зуд ба Панҷакент расидем, дар соҳили дарёи Зарафшон сари дастархони пурнозу неъмат ҷамъ омадем.
Фурсати гузаштан аз марз ҳам фаро расид. Марзбонон ва муҳофизони он бо тақозои масъулияте, ки доранд, дар санҷиши ҳуҷҷатҳо хеле ҷиддӣ, вале хушмуомилаанд. Ва мо баъди соате аз гузаргоҳи сарҳадии «Саразм» - «Ҷартеппа» ба ҳудуди Самарқанд ворид шудем.
ҲАДАФҲОИ НАҶИБИ САФАР
Сафар аслан ду ҳадаф дошт. Нахуст, ошноӣ бо қадамҷову ёдгориҳои таърихии ниёгон бошад, мақсади дигар, равнақи ҳамкориҳо бо ҳамтоёни худ – рӯзноманигорони «Овози Самарқанд» ва «Зарафшон» буд. «Овози Самарқанд» соли 1991 таъсис ёфта, соли гузашта, ҷашни 30-солагии худро истиқбол кард.
Вохӯрии нахустини қаламкашони ду кишвар дар Хонаи матбуоти вилояти Самарқанд баргузор гардид. Сармуҳаррири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода дар баробари эҳдои китобу рӯзномаҳо ва армуғони махсуси «Ҷумҳурият» ва арзи сипос изҳор дошт: «Ҷумҳурият» бо таърихи қариб садсолаи худ ҳамеша пули робита, муаррифгари фарҳангу адаб ва мактаби эҷодиву ҳаётии бузургони миллат будааст. Ин замон низ риштаҳои робитаро бо «Овози Самарқанд» пайвастан мехоҳем, то забону адаб ва оинҳои муштараки мо дар саҳифаҳои ҷаридаҳои ҳамдигарӣ инъикоси воқеӣ ёбанд».
Дар рафти сайру саёҳат Адаш Истад, нависанда ва муҳаққиқ, Акбар Маҳмудов, раиси Ҷамъияти фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд, Зоҳир Ҳасанзода, мухбири махсуси рӯзномаи «Овози тоҷик» дар Самарқанд, Баҳодур Раҳмонов, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд», Фаридун Фарҳодзод, котиби масъули рӯзномаи мазкур, Амина Шарофитдинова, Ҷумъа Ҳамроҳ – фаъолону равшанфикрони ин шаҳри овозадор бо «Ҷумҳурият» ҳамроҳ буданд.
РЕГИСТОН – ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ТАЪРИХ
Регистон, дили Самарқанд ва нигини Осиёи Марказист. Он аз се мадраса: Улуғбек, Шердор ва Тиллокорӣ, ки дар асрҳои XV - XVII рӯбарӯи ҳам сохта шудаанду асоси онро ташкил медиҳанд, иборат мебошад. Дар Осиёи Марказӣ маркази шаҳрҳоро Регистон мегуфтанд ва Регистони Самарқанд маҳз ҳамин қисмати шаҳр буд. Тарҳи меъмории ин мадрасаҳо аз фарҳанги баланди шаҳрсозиву шаҳрдорӣ дарак медиҳад. Дар тарафи ғарбии майдон мадрасаи Улуғбек воқеъ аст, ки дар солҳои 1417-1420 аз ҷониби ситорашиноси бузурги он давр Улуғбек сохта шудааст. Дар мадрасаи мазкур аз фанҳои риёзӣ, ҳандаса, мантиқ, табиатшиносӣ, инсон ва нафси олам, инчунин, илоҳиёт дарс мегузаштанд.
Мадрасаи Шердор дар қисмати шарқӣ ва мадрасаи Тиллокорӣ дар қисмати шимолии майдони Регистон ҷойгиранд, ки баъдтар, дар асри XVII, сохта шудаанд. Деворҳои мадрасаи Шердор бо сураҳои Қуръон ва ҳадисҳои набавӣ кандакорӣ шудаанд.
Мадрасаи Тиллокорӣ баъди даҳ соли сохта шудани мадрасаи Шердор бунёд ёфта, на танҳо ҷойи илмомӯзии толибилмон, балки вазифаи масҷидро ҳам иҷро мекард. Деворҳои он ҳам хеле зебо наққошӣ ва зарҳалкорӣ шудаанд.
УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД
Ҳавлии сабз бо чанд дарахти мевадиҳанда, деворҳои гулкоришуда бо ҳуҷраҳои зебо ва гилемҳои пурнақшу нигор, мизу курсии корӣ ва таомхӯрӣ, чойнику пиёла, рахти хоб, ҷевони китобҳои устод Садриддин Айнӣ – ин ҳама дороии хона – музейи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнист.
Амриддин Пӯлодов бо Назира Очилова, масъулони осорхона, ба мо иттилооти ҷолибу тоза аз ҳаёту фаъолияти аллома Айнӣ дар Самарқанд пешниҳод намуданд. Устод дар ин манзил 35 сол зиста (аз соли 1917 то 1951), беҳтарин осорашро, мисли «Ғуломон», «Одина», «Ятим», «Мактаби куҳна» ва «Исёни Муқаннаъ» офаридааст.
Қисмати аввали хона дар асри ХVIII ва қисмати дувуми он дар асри ХIХ бунёд ёфтааст. Бино ҳамчун объекти таърихӣ соли 1967 ба қайд гирифта шуда, минбаъд расман осорхона гардид. Соли 2018 Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ифтихори 140 - солагии устод Садриддин Айнӣ барои таъмири осорхона 300 ҳазор сӯм (баробар ба 37 ҳазор доллари амрикоӣ) маблағ ҷудо кард. Дар натиҷа, манзили адиб бо тарҳу намои тоза дарашро ба мухлисону ҳаводорон боз кард.
ЭЙ БУХОРО ШОД БОШУ ДЕР ЗӢ!
Бухоро. Ин номвожаи барои миллати мо табаррук асрҳо боз вирди забон аст ва ҳар касе ба остонаи дабистон қадам мениҳад, баъди “Алифбо” аввалин китоби хониши худро рӯи даст мегирад ва дар матну шеърҳои намунавии китоб вожаи «Бухоро» зуд-зуд вомехӯрад. Дар зеҳни хонандаи кунҷков саволе пайдо мешавад, ки ин шаҳр дар куҷост, чӣ шаклу намое дорад?
Баъдтар дар асарҳои устод Садриддин Айнӣ ин номвожа мавҷ мезанад. Мадрасаҳои Бухоро, корвонсаройҳо, бозорҳо, манорҳо, мақбараҳо ва гӯшаву канори гуногуни Бухоро дар осори аллома Садриддин Айнӣ ҳазорон бор ёд мешаванд.
Ин ҳама дар зеҳни мо - хонандагон рафта-рафта ба ривояту афсона табдил ёфта буд, мепиндоштем, ки инҳо танҳо дар китобҳо ҳастанд, вале роҳбарияти Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» афсонаҳои насли моро ба ҳақиқат табдил дод. Якбора ба ду шаҳри нозанин – Самарқанду Бухоро сафари ҳайати корӣ ҷараён гирифт. Дар симои се фарди шинохтаи миллати тоҷик Кароматулло Олимов, Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Ҷонибеки Асрориён агар тамкину оромӣ мушоҳида шавад, дар чеҳраи ҷавонони тими «Ҷумҳурият» шавқу шӯр ва ҳаяҷон ба равшанӣ мушоҳида мешуд. Чунки насли солори мо Самарқанду Бухороро дар замони шуравӣ дидаанд, вале насли замони истиқлол бори аввал ба оғӯши Маккаву Мадинаи тоҷикон мешитофтанд.
ИСТИҚБОЛИ ПУРШУКӮҲ
Бухоро дар ин гирудори бетараҳҳуми таърих ҳаргиз асолати худро аз даст надод. Аз Искандари Мақдунӣ то муғулу турку манғит ва ҳатто Россияи подшоҳӣ ба сари ин шаҳр тиру тӯби бешумор рехтанд, Арки овозадор ҳафтаҳо дар коми оташ монд, моҳҳо ҳаммомҳои шаҳрро бо китобсӯзӣ гарм карданд, аммо Бухоро шукӯҳ ва салобати худро нигаҳ дошт.
Вақте ҳайати рӯзноманигорони «Ҷумҳурият» ба оғӯши шаҳр ворид шуда, аз мусофирбарҳо пиёда гаштанд, ҳамоно мухбири ТВ «Ӯзбекистон» Матлуба Одинаева моро ба суҳбат кашид. Наворбардориву аксгирӣ ва шиору шеърҳо ба ифтихори дӯстии ду халқ садо доданд. Кароматулло Олимов дар мусоҳибаи хуш чунин гуфт: «Дӯстиву рафоқате, ки бо ибтикори таърихии ду сарвари дурандеш – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев асос гузошта шуд, на танҳо дару дарвозаҳои марзҳо, балки дари дилҳоро боз кард ва дар сояи чунин сиёсати башардӯстона мо ба Бухоро қадам гузоштем».
Дар сафи мо ба ҷуз чанд кас, ҳама Бухороро бори аввал медиданд ва шодиву фараҳи онҳо дар чашмонашон ҳувайдо мегардид.
ШОМИ ЗЕБО ДАР ДЕВОНБЕГӢ
Азбаски Бухоро саршори обидаҳои таърихист ва хишт-хишти он аз орзуву ормонҳои гузаштагон қисса мекунад, меҳмонхонаи ҷойгиршудаи мо низ бо номи «Ассалом» бо услуби меъмории миллӣ моро фараҳи дигар мебахшид. Маҳфили дигаре бо сарварии директори филиали Филармонияи давлатии Ӯзбекистон дар шаҳри Бухоро Рауф Авазов дар саҳни мадрасаи Девонбегӣ фазои зебои идона дошт. Рауф Авазов, инчунин раиси Маркази фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони Бухоро буда, бо намоиши муди пироҳанҳои миллӣ, оҳангҳои марғуби классикӣ ва сурудҳои Шашмақому Мавригии бухорӣ таъби меҳмононро болида сохт. Маҳфил бо иштироки садҳо хориҷиён гузашта, ба шоми дӯстӣ табдил ёфт.
Номбурда бо қироати ашъори устод Рӯдакӣ ва дигар бузургон бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ дӯстии ду халқро ситоиш намуд ва рӯзноманигорони мо бо таъби хушу гуворо ба шоми Бухоро пайвастанд.
Эркин Рӯзиев, тарҷумони хушсалиқа аз Бухоро моро ҳамроҳӣ кард ва ба пасткӯчаҳои хуштарҳу қадимии шаҳр гузар доштем. Дар ҳар қадам хонаву кошонаҳои хурду бузурги миллӣ, меҳмонхонаву хостелҳои назаррабо ва шаббодаи баҳорӣ моро иҳота карда буданд.
ЗИЁРАТИ ХОКҶОИ ШОҲ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Субҳи дигар бо роҳбаладии Раҳмат Гулзода, яке аз фаъолони фарҳангу адаби Бухоро ба сӯйи Мақбараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ роҳ гирифтем. Мақбара дар Боғи «Шоҳони Сомонӣ» ҷойгир буда, Девори Бухоро низ дар гирди ҳамин боғ аст.
Дар маркази боғ мақбараи Исмоили Сомонӣ меистод. Онро меъморони давр бо 18 намуди хиштчинӣ ва хиштҳои гуногуншакл сохтаанд. Дар сари қабр дуову фотеҳа хонда, ба руҳи он бузургвор дурудҳо фиристода шуданд.
Фарҳангшинос Ҷонибеки Асрориён таассуроти худро чунин иброз кард: «Боздиду водиди гурӯҳе аз ҷавонони рӯзномаи маъруфи Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» дар ин шабу рӯз аз аҳамияти вижа бархӯрдор аст, зеро таърих ва ёд кардан аз ниёгон насли навро огоҳтару зирактар ва фардои Ватанро мунаввартар менамояд. Ин шаҳрҳо поягузори тамаддуни миллати мо ҳастанд ва ҳаргиз аз ёди мардуми мо фаромӯш набудаанд. Махсусан, амир Исмоил консепсияи аввалини давлатдориро ба мо омӯхт, онро ба девонҳо – вазоратҳо тақсим кард, ба адабиёту фарҳангу санъат арҷ гузошт ва таҳаммулгароиро ҷорӣ намуд. Пайравӣ кардан аз корномаи ин абармард шиори ҷавонони имрӯзи мо бояд бошад».
Бо вуҷуди кӯтоҳ будани фурсат, лаҳзае бо ёди аллома Дониш ва Садри Зиё шудем ва рафтем сари хокҷои эшон. Нақши ин ду пажӯҳишгар, тазкиранигор ва шоиру нависанда дар ташаккули миллати мо бисёр муассир мебошад.
МАРКАЗИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОНИ БУХОРО
Дар нимаи рӯз моро масъулони Маркази фарҳанги тоҷикон ва тоҷикзабонони Бухоро ба вохӯрӣ даъват карданд. Мурод аз вохӯрӣ шунидани ҳамдигар, ивази таҷриба ва эҳдои туҳфаҳои хотиравӣ буд.
- «Ҷумҳурият» бо ҳамон рисолати дерини хеш, яъне тарғиби сулҳу сафо ва ояндасозӣ содиқ аст ва барои рушди фарҳанги тоҷик дар ҳар гӯшаи дунё ҳавасманд мебошад. Аз ҷумла, дар партави сиёсати сарварони ду кишвари ба ҳам қарин вазифадор аст, ки чароғи дӯстиву ягонагии халқҳоро фурӯзон нигаҳ дорад ва ба мисли машъал ба дасти фардоиён бирасонад. Бовар дорем, ки бо мусоидати Маркази фарҳанги тоҷикони Бухоро ва дар маҷмуъ, Ҳукумати Ӯзбекистон ба ин мақсадҳои некамон мерасем, - гуфт Қурбоналӣ Раҳмонзода.
Рауф Авазов бо самимият афзуд: «Равуои тоҷикистониҳо ба Самарқанд бештар аст ва кошкӣ ба Бухоро низ мисли шумо – азизон зуд-зуд меомаданд. Оянда нақша дорем, ки бо дастандаркорони филиали Филармонияи давлатии Ӯзбекистон дар шаҳри Бухоро ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон сафар кунем. Санъат воситаи аслии тарғиби арзишҳои миллӣ ва дӯстиву бародарист. Аз дидори якояки шумо шодем».
Дар поёни вохӯрӣ туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла шумораҳои гулчиншудаи ҷарида, бешатр аз 50 китоби интишордодаи рӯзнома: «Садриддин Айнӣ ва ҳувияти миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлатдории миллӣ» ва «Бобоҷон Ғафуров ва шинохти тоҷикон» ба аъзои марказ тақдим гардиданд.
ТӮШАИ САФАР
Тӯшаи сафари мо як ҷаҳон таассурот, аксу наворҳо, китобҳои тоҷикиву ӯзбекиву русӣ, армуғонҳои вижа аз Самарқанду Бухоро, ошноӣ бо ёру дӯстони тоҷикамон аз Ӯзбекистон ва сафарномаву ёддшотҳои ҳамкорон буд, ки аксари онҳо навишта шуданд ё пайи иншоянд. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» бори дигар муҳри тасдиқ зад, ки як ҷарида метавонад байни кишварҳо пули робита бошад, сулҳу сафоро тарғиб кунад ва бо сухан мӯмиёи дилҳо шавад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
Оламбегими НЕКҚАДАМ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.05.2022 №: 97 Мутолиа карданд: 1557