Хабарҳо
ТОШКАНД. ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР САМТИ САЙЁҲӢ
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Tashkent Travel Mart-2022”, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ширкатҳои сайёҳии 10 кишвари олам - Олмон, Утриш, Испания, Исроил, Чехия, Эстония, АМА ва кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳам овард. Онро Иттиҳодияи ташкилотҳои хусусии сайёҳии Ӯзбекистон бо дастгирии Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон, Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Switch Asia, Лоиҳаи рушди USAID “Тиҷорат ва соҳибкорӣ”, Агентии ҳамкориҳои техникӣ ва рушд ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ роҳандозӣ карданд.
Он дар шакли B2B, яъне “бизнес ба хотири тиҷорат” сурат гирифта, ду рӯз давом кард. Дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи сайёҳии тоҷик, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва лоиҳаи ЮСАИД оид ба рушди соҳибкорӣ ва тиҷорат, инчунин, мудирони 16 ширкати сайёҳии Тоҷикистон даъват шуданд.
Дар ифтитоҳи он ноиби Сарвазир, вазири сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов гуфт, ки он бори аввал соли 2019 баргузор гардид, вале ба далели коронавирус баргузории он то ин муддат мавқуф гузошта шуд. Итминон дорам, ки ин намоишгоҳ барои тавсеаи ҳамкориҳои ширкатҳои сайёҳӣ шароити созгор фароҳам меорад.
- Мо дар заминаи ҳамкориҳое, ки ин ҷо ба роҳ мемонем, талоши бештар ба харҷ хоҳем дод, ки дар ин соҳа ба дастовардҳои бештар муваффақ шавем. Ҳадафамон бо ҳамтоёни ӯзбек ва кишварҳои дигар ба роҳ мондани ҳамкориҳои густарда мебошад. Дар ин самт Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ барои иштироки намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон мусоидат намудааст, - гуфт ба “Ҷумҳурият” роҳбари бахши сайёҳии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Анвар Иброҳимов.
Ӯ афзуд, ки ширкатҳои сайёҳии “Рози дил”, “Гоу травел турс”, “Панҷакент интур”, “Маркази рушди сайёҳӣ”, “Арча Сайр”, “Адрас Тур”, “Артуч”, “Бадахшон травел”, “Ҷавоҳир тур”, “Памир Трипс”, “Сайри Мунк”, “Голден травел Турс” ва амсоли он, аллакай, бо чанд ширкати сайёҳии Ӯзбекистон ва кишварҳои иштироккунандаи намоишгоҳ Ёддошти тафоҳум имзо карданд.
Дар ҷамъомад туроператорҳои маҳалливу хориҷӣ, агентиҳои сайёҳӣ, вакилони меҳмонхонаву хостелҳо, бонкҳо ва ширкатҳо низ ҳузур доштанд.
Дар замони трансформатсияи рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, ки ба соҳаи сайёҳӣ амиқ ворид шудаанд, масъалаи ба инобат гирифтани тамоми ҷанбаҳои устувории экологӣ омили муҳими рақобатпазирӣ арзёбӣ гардид. Намоишгоҳ мусоидат намуд, ки мутахассисони соҳаи сайёҳӣ на танҳо мушкилотро дар меҳвари гуфтугӯ қарор диҳанд, балки ба саволҳои доғи рӯз барои худ посух пайдо кунанд.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошканд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3684