иқтисод
ДАСТУРИ ПЕШВО - САРМАШҚИ КОР. ДАР ЛАХШ БАРОИ ТО 900-СЕНТНЕРӢ РАСОНДАНИ ҲОСИЛ ТАЛОШ ДОРАНД
Ин шабу рӯз дар сарзамини зархези Лахш кишту парвариши картошка бо ҷӯшу хурӯши хосса ҷараён дорад. Ҳадафи сокинони меҳнатқарини ноҳия дар доираи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври чашмрас зиёд намудани майдони кишт ва истеҳсоли босифати ин зироати муҳими озуқаворист. Дар партави супориши Пешвои миллат доир ба тақвияти корҳои кишту парвариши зироатҳо ситоди ноҳиявӣ оид ба кишти картошка зери роҳбарии Файзулло Баротзода, раиси ноҳияи Лахш, таъсис ёфта, ҳоло фаъолияти мунтазам ба роҳ мондааст.
Ба иттилои раиси ноҳия, ситод дар ҳар як ҷамоат ва деҳот намояндагиҳои махсус вобаста ба кишти картошка таъин ва гурӯҳҳои корӣ иборат аз фаъолони ҷомеаро сафарбар намудааст. Ҳамзамон, барои анҷоми саривақтии ин маъракаи кори саҳроӣ ба таъминоти техникаю олоти кишоварзӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Зеро кишти босифати картошка аз ҳолати техникаҳо низ сахт вобаста аст.
- Мо мақсад дорем, ки тибқи дурнамо майдони кишти картошкаро аз ҳисоби хоҷагиҳои давлатию инфиродӣ ба зиёда аз 3 ҳазор гектар расонем. Ин ҷо саҳми заминҳои ҷудогонаи аҳолиро агар илова намоем, ҳаҷми заминҳои картошка ба бештар аз 5 ҳазор гектар хоҳад расид. Ҳамчунин, аз ҳисоби таъмини тухмиҳои босифати маҳаллӣ ва таъмиру навсозии қисматҳои харобгаштаи хатту шабакаҳои обёрӣ дараҷаи ҳосилнокиро дар сатҳи хуб нигоҳ дорем. Зеро сол ба сол гармшавии иқлим эҳсос мешавад, ки ин раванди табиӣ ба ҳосилнокии картошка бетаъсир нахоҳад буд. Аз ин рӯ, моро лозим меояд, ки таъминоти оби полизиро низ сари вақт ва бемонеа анҷом диҳем.
Айни замон, 128 техникаи кишоварзӣ дар саҳро барои кишти картошка равона шудааст, - изҳор дошт Файзулло Баротзода.
Ба иттилои Акрам Асомиддинзода, муовини якуми раиси ноҳия, то ҳол дар ноҳия зиёда аз 2100 гектар картошка кишт гардидааст, ки аз 60 дарсади дурнамо зиёд аст.
Тавре номбурда гуфт: «Имсол дар мавсими кишт деҳқонон аз лиҳози дастрасӣ ба тухмии босифат танқисӣ надошта, аксари онҳо аз тухмии маҳаллии навъи «Тоҷикистон» ё маъруф ба «Дарозпалак» истифода мекунанд, ки дар ҳолати риоияи дурусти корҳои агротехникӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектари он то 300 - 350 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст».
Ислом Худойдодов, роҳбари Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Самар», изҳор намуд, ки дар доираи ҳадафҳои пешгузоштаи давлату Ҳукумат вобаста ба истеҳсоли интенсивии маҳсулоти кишоварзӣ мо ду соли охир дар ноҳия парвариши тухмиҳои супер, суперэлитаро бо ҷалби олимони варзида дар гармхонаҳо аз ҳисоби занону бонувони хонашин ба роҳ мондем.
- Имсол, аллакай, як қисми тухмиҳои парваридаи «Самар» берун аз гармхонаҳо ва майдонҳои таҷрибавӣ дар саҳро васеъ истифода мешаванд. Ин тухмиҳои офаридаи олимони ватанӣ дар қитъаҳои таҷрибавии ассотсиатсияи «Самар» мутобиқ ба тағйирёбии иқлим буда, аз ҳар гектари он аз 700 то 900 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст. Аз рӯи нақшаи пешгузошта, давоми 3 соли минбаъда бояд 200 тонна тухмии навъи суперэлитаи маҳаллӣ истеҳсол ва пешкаши кишоварзон гардонда шавад, - бо баварӣ гуфт Ислом Худойдодов.
Ноҳияи Лахш яке аз минтақаҳои асосии картошкапарварии мамлакат аст. Бинобар ин, Ҳукумати кишвар ҳамасола ба вазъи соҳаи мазкур дар ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Яке аз масъалаҳои асосии ҳалталаб дар ноҳия ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида аст. Чанд соли охир Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби соҳибкорон, аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Сартитал, даҳҳо гектар майдони навро шодоб намуд, ки боиси афзунии истеҳсоли маҳсулот ва ҷойҳои нави кор гардид. Ҳоло набудани пули мошингузар дар деҳоти Обшорон боиси аз истифодаи кишоварзӣ берун мондани садҳо гектар замини баландҳосил шудааст. Солҳои пеш, ки дар ин минтақа роҳу кӯпруки автомобилгард мавҷуд буд, деҳқонони он дар ноҳия ҳосили аз ҳама баландтарини картошка – то 400 – 500 сентнер мегирифтанд. Роҳбарияти ноҳия талош дорад якҷо бо Вазорати нақлиёт барои ҳалли ин масъала низ тадбири натиҷабахши амалӣ андешад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.05.2022 №: 97 Мутолиа карданд: 1949