logo

иҷтимоиёт

ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО. ҶОМЕА НАБОЯД БЕТАРАФ БОШАД!

 
Яке аз мушкилиҳои умда, ки имрӯз ҷомеаи мо ба он рӯбарӯст, ҷудошавии оилаҳо мебошад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд».
Сол ба сол зиёд гардидани бекоршавии ақди никоҳ маънои онро дорад, ки бо ин сабаб ҳамасола дар бисёр оилаҳо беҳтарин арзишҳои инсонӣ мешикананд. Чунончи, танҳо ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе соли гузашта 665 ариза барои бекор кардани ақди никоҳ ворид ва баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба солҳои пештар зиёд мебошад. Албатта, кори суд танҳо баррасии ариза ва бекор кардани ақди никоҳи оилаҳо нест, балки дар давоми омӯзишу баррасии аризаҳо тавассути муҳлат додан, бо ҳам пайвастани оила ва ба ин восита пешгирии ҷудошавии  онҳост. 
Кормандони Суди но-ҳияи Фирдавсӣ соли сипаришуда 300 оиларо аз ҷудо шудан эмин доштанд, вале, мутаассифона,  оилаҳои боқимонда бо қарори суд пароканда шуданд. Аламовар он аст, ки баъзе аз оилаҳо бо сабаби ночизе аз ҳам ҷудо мешаванд. Аз ин метавон чунин хулоса намуд: онҳо ҳанӯз ба оилаву оиладорӣ омода нестанд. Мушкили дигаре, ки баъдтар ҳалли он душвор мегардад, тарбияи фарзандон мебошад. Фарзандон дар тарбияи яке аз волидон мемонанд, бештар дар фазои носолим ба воя мерасанд ва зиёд вақт на танҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ, балки равонӣ низ азият мекашанд. Мувофиқи санҷишҳо, 99 дарсади оилаҳо бо ҷангу ҷидол аз ҳам ҷудо мегарданд ва дар натиҷа ду ҷониб, оилаи духтар ва писар барои як умр душмани ҳамдигар боқӣ  мемонанд. Табиист, ки ин ҳама дар ҳузури кӯдакон рух медиҳад ва онҳо шоҳиди чунин ҳаводиси  номақбул  мегарданд. Собит шуда, ки мурофиаҳои судӣ низ ба равони на танҳо тифлакон, балки калонсолон ҳам таъсири бад дорад. Мушоҳидаҳо ошкор сохтаанд, ки баъди ҷудо шудани оилаҳо  кӯдакон бештар дар тарбияи модарон  мемонанд. Агар зани ҷавон дигарбора оила барпо намояд, тарбияи кӯдак бар дӯши бобову бибӣ меафтад. Яъне, дар натиҷа кӯдак дар хурдӣ аз муҳаббати волидон, ки ҷойи онро чизи дигаре гирифта наметавонад, барои ҳамеша маҳрум мегардад. Худро танҳо ва бе ҳимоя эҳсос менамоянд. Ин барои на танҳо кӯдак, балки падару модари кӯдак садама унвон мешавад. Кӯдаконе, ки дар оилаҳои солим ба воя мерасанд, табиист, ки аз ҷониби оила ҳамеша ва ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Онҳо муҳимтарин арзишҳои инсонӣ ва фарҳанги оиладориро маҳз дар ҳамин муҳити солими оила аз худ менамоянд. 
Аз оғози соли 2022 то имрӯз ба суди ноҳия боз ҳам аризаҳо барои ҷудошавии оилаҳо ворид мешавад, ки ин хеле нигаронкунанда мебошад. 
Пас, агар хоҳем, ки ҷомеаи солим дошта бошем,  фарзандонамон аз беҳтарин арзишҳои инсонӣ бенасиб намонанд, вафодору таҳаммулгаро бузург шаванд ва оянда дар пешрафти кишварамон саҳмгузор бошанд, зарур аст, то пеши роҳи ҷудошавии оилаҳоро бигирем. Дар ҳалли ин мушкил на танҳо сохторҳои алоҳида, балки ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад. Бузургсолон тавассути тарзу шеваи таъсирбахш бо истифода аз таҷрибаҳои рӯзгор ҷавононро ба иттиҳоду якдигарфаҳмӣ ҷалб намоянд.
 
Сайёҳат ТОЛИБЗОДА, корманди Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2022    №: 97    Мутолиа карданд: 592
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед