logo

Хабарҳо

КӮЛОБ. БУНЁДУ НАВСОЗИИ 500 ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР НАҚША АСТ

 
Омодагиҳо ба Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо маром идома дошта, айни замон таъмиру бунёди 350 иншооти таъиноташон гуногун нақшабандӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар деҳоти Кӯлоб 23,  деҳоти Даҳана 44,  деҳоти Зарбдор 48, деҳоти Зиракӣ 98 ва дар маркази шаҳр 137 иншоот то ҷашни мазкур ба истифода дода мешавад.
Тибқи иттилои Қурбон Аҳмадзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, аз рӯи нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда ба ифтихори 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозии 500 иншоот дар назар аст. Феълан дар 105 иншоот сохтмон бо вусъат идома дорад. 
Ба гуфтаи манбаъ, дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳр 6 иншоот, аз ҷумла мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ва сехи истеҳсоли сементблок, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, деҳаи Бахтобод аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қаландаров Аломуддин, майдончаи варзиш дар деҳаи Маҳмадалӣ Ғаффор аз ҷониби соҳибкор Ҳофизи Бобоназар, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Лавова, майдончаи варзиш дар Олтоули Ҷамоати деҳоти Даҳана аз ҷониби соҳибкор Матлуб Давлатов, мағозаи хӯрокворӣ дар деҳаи Офтоблиқои Ҷамоати деҳоти Зиракӣ аз ҷониби соҳибкор Шодӣ Давлатов ва кошонаи ҳусн ва маркази чакан, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр аз тарафи соҳибкор Мавлуда Сафарова мавриди истифода қарор гирифт.   
Вобаста ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат дар назар аст, ки то соли 2026 дар шаҳр 27 корхонаи хурду бузурги саноатӣ бо таъсиси беш аз 300 ҷойи нави корӣ сохта шавад. 
 
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият ”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5159
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед