Хабарҳо
БАДАХШОН. Саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ кушта шуд
22 май, соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Хоруғи Боло бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич кушта шуд.
Дар ин бора маркази матбуоти раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо нашри як изҳорот хабар дод.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Прокуратураи вилоят тафтишоти пешакӣ оғоз гардид.
Мулоқот бо Роҳбари кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар ҳошияи якумин Форуми байналмилалии бознигарии масъалаи муҳоҷират бо роҳбари кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират Антонио Виторино мулоқот кард.
Миёни ҷонибҳо оид ба паёмадҳои номатлуби бемории ҳамагирии коронавирус, вазъи душвори муҳоҷирон ва тадбирҳои беҳтар намудани он табодули афкор сурат гирифт. Инчунин, роҳҳои густариши равобити Тоҷикистону СБМ, тарҳрезии барномаҳо ва лоиҳаҳои марбута ва дигар масъалаҳои эҳтимоми муштарак баррасӣ гаштанд.
Аломатгузории сарҳадҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон
Аз 16 то 20 май дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, - хабар дод Вазорати корҳои хориҷӣ.
Зимни вохӯрӣ ҷараёни корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодҳои муштарак оид ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон омода шуданд.
Дар нишаст протоколи дахлдор ба имзо расид. Вохӯрии навбатӣ дар Тоҷикистон барпо мегардад.
Ҷаласаи бонкҳои узви Иттиҳоди байнибонкии СҲШ доир гашт
Нақшаи чорабиниҳои муштараки бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай оид ба дастгирӣ ва рушд додани ҳамкории дохилиминтақавии иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ дар давраи пас аз пандемия дар ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои ИББ СҲШ, ки дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид, баррасӣ шуд.
Ба иттилои БДА Тоҷикистон «Амонатбонк», ҷаласа таҳти раисии Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон доир гашт. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода иштирок намуд.
Роҳбарону намояндагони бонкҳои аъзои ИББ СҲШ принсипҳои нави чаҳорчӯбаи ҳамкории молиявӣ ва ҳамкорӣ тавассути пешниҳоди хатҳои қарзӣ аз ҷониби бонкҳои аъзои Иттиҳод ба дигар бонкҳо, муассисаҳои молиявии кишварҳои нозир ва бонкҳои шарики Иттиҳодро баррасӣ намуданд.
Иштирок дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иқтисод ва молия Файзулло Машраб дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Қасри Таврическийи шаҳри Санкт-Петербурги Россия баргузор гардид, ба таври фосилавӣ иштирок намуд.
Дар ҷаласа пеш аз ҳама масъалаи интихоби муовини Раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба иқтисод ва молияро Должиков Алексей Петрович, муовини мудири котиботи Шурои АБ ИДМ, пешниҳод ва баррасӣ намуда, зимнан аз ҷониби иштирокчиёни дигар як зумра масъалаҳои оид ба лоиҳаи “Консепсияҳои тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаи кишварҳои аъзои ИДМ”, лоиҳаи “Тавсияҳо оид ба инкишофи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи амнияти иқтисодӣ”, лоиҳаи қонунҳои намунавӣ “Дар бораи хариди давлатӣ”, “Дар бораи дороиҳои молиявии рақамӣ”, “Дар бораи рақамикунонии соҳаҳои саноати кишварҳои аъзои ИДМ” ва лоиҳаи қонуни намунавӣ “Дар бораи ҳуқуқу қоидаҳои рақамӣ” – ро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4905