logo

сиёсат

ШИРКАТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ИҶЛОСИ 78-УМИ КОМИССИЯИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ СММ БАРОИ КИШВАРҲОИ ОСИЁ ВА УҚЁНУСИ ОРОМ

23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 78-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором (ЭСКАТО), ки ба таври маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
 
Дар иҷлос Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш, раиси Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором Армида Алишаҳбону, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Таиланд, Гурҷистон, Индонезия, Ҷазираҳои Маршал, Бангладеш, Камбоҷа, Фиҷи, Малайзия, Самоа, Ветнам, Зеландияи Нав ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҳузур доштанд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кишварҳои аъзои ЭСКАТО-ро ба муносибати 75-солагии таъсисёбии он табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз мавзуи ҳамоиши имрӯза таҳти унвони “Рӯзномаи умумӣ барои мусоидат ба рушди устувор дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором” истиқбол менамояд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсири буҳрони бемории ҳамагири COVID-19 ба иқтисоди кишварҳо, талошҳои муштарак ҷиҳати мубориза бар зидди беморӣ, коҳиш додани паҳншавии он ва идомаи пайомадҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар миқёси ҷаҳон, андеша ронданд.
Зикр гашт, ки бо саъю кӯшиши муштарак мо тавонистем таҳдидҳои дар натиҷаи паҳншавии COVID -19 зуҳуркардаро то андозае коҳиш диҳем.
Имрӯзҳо бо шарофати тадбирҳои саривақтии зиддибуҳроние, ки аз ҷониби Ҳукумат ҷиҳати ҷилавгирӣ аз таъсири ҳамагирӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар амалӣ карда шуданд, тамоюли эҳёи иқтисод пас аз бемории COVID -19 мушоҳида мегардад. Ҳамин тариқ, дар соли 2021 рушди иқтисодӣ дар кишвар 9,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 4,7 фоиз зиёд мебошад.
Ба андешаи Президенти мамлакат афзоиши талаботи истеъмолӣ, сармоягузории хориҷӣ, эҳёи раванди рушди иқтисод ва савдои ҷаҳонӣ аз омилҳои асосии мусоидат кардан ба суръати баланди рушди иқтисодӣ, ба ҳисоб мераванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор зарурати таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти бисёрҷанбаи ҳамлу нақл, рушди инфрасохтори он, таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, инчунин, низоми зеҳнии нақлиётӣ дар доираи ЭСКАТО-ро, ки метавонад кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра берун бароварда, ба як мамлакати транзитӣ мубаддал созад, ба миён гузоштанд.
Барои амалисозии нақшаву барномаҳо оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об таъкид гардид, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва саҳмгузор дар ин самт, Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро 6-9 июни соли равон дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе баргузор мекунад.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамоиши ЭСКАТО барори кор орзу карда, бо итминон изҳор доштанд, ки ҳамаи кишварҳои аъзои ЭСКАТО дар ҳамоиши сатҳи баланд дар Душанбе фаъолона ширкат меварзанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2022    №: 98    Мутолиа карданд: 1314
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед