logo

иҷтимоиёт

ДИЛРО БА ДИЛ РАҲЕСТ… ХОТИРАҲО АЗ САФАРИ САМАРҚАНДУ БУХОРО

Шиори бузургони ҳар миллати мутамаддин даъват ба касби илму маърифат ва дӯстию бародарӣ будааст. Азбаски таърихи инсоният пур аз саҳифаҳои фоҷиаангези ҷангҳову ситамкориҳо аст, бинобар ин, соҳибхирадон барои зиндагии осудаву ором бар  зидди зӯроварию ғоратгариҳо, ки ба сари мардуми заҳматкаш бадбахтиҳо меовардаанд, садои сулҳхоҳонаи худро баланд ва халқҳоро ба дӯстию рафоқат даъват кардаанд. Байти ҳикматбори Ҳофизи бузургвор ишора ба ҳамин вазъи нобасомони таърих ва даъват ба дӯстӣ ва тарки душманӣ будааст ва он то имрӯз шиори инсонҳои дилогоҳу сулҳхоҳ гаштааст:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Дар ҳақиқат ин суханони пурмазмуни Лисонулғайб ҳангоми сафаре, ки чанд рӯз пеш сурат гирифт, бори дигар таъйид гардид. Аз 11 то 15 - уми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мусоидати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи кормандони ин рӯзнома ба шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро сафар доштем. Ба ғайр аз кормандони нашрияи «Ҷумҳурият» аз ҷумлаи олимон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Ҷонибек Асрориён низ дар ин сафар ҳамроҳ буданд ва суҳбатро гарм менамуданд. Сафарамон  ба воситаи шаҳри бостонии Панҷакент буд. Вақте аз нақби Истиқлол ва галереяҳои роҳи Душанбе - Айнӣ мегузаштем, солҳои пешин пеши назар меомаданд, ки рафтуомад душвор ва вақти зиёдро дар бар мегирифт. Ин нақбҳову галереяҳо ва роҳҳои мумфарши ҳамвор самараи сулҳу ваҳдати миллӣ буданд, ки кас ба чашми сар медид. Роҳи ҳамвору манзараҳои зебои Варзоб, дарёи пуртуғёни он, рафтуомади мошинҳои зиёди боркашу сабукрав, кӯҳҳои сарбафалаккашидаву барфпӯш ва гулҳои рангоранги доманакӯҳ ба кас ҳаловати хосе мебахшиданд. 
Дар Айнӣ раиси ноҳия Муқим Муродзода моро дар ҷойи барҳавое пешвоз гирифта, ба субҳона даъват намуд. Дар шаҳри Панҷакент бошад, моро кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр истиқбол гирифта, дар соҳили дарёи Зарафшон, ки насими рӯд гӯё меҳмононро навозиш менамуд, бо чеҳраҳои кушод меҳмоннавозӣ мекарданд, ки ин ҳама низ аз файзу баракати сулҳу ваҳдат буда, ба дилҳо сурур мебахшид. Роҳи мо аз паҳлуи Саразми бостонӣ мегузашт. Ин мавзеи қадима,  таҷассуми таърихи панҷу нимҳазорсолаи мардуми мо буда, дар ҳафриёти он олими фидокор, бостоншинос Абдулло Исҳоқов хидмати басо арзишманд карда, баъдан кори ӯро бостоншинос  А. Раззоқов идома дод.  Биноҳои назди ёдгорӣ ва осорхонаи зебои онро дида, ба хотирам омад, ки барои ба Феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид намудан ба иҷлосияи Кумитаи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО дар соли 2010 ба  пойтахти Бразилия сафар карда будем. Соати 10 шаб буд, ки ба феҳристи ЮНЕСКО ворид шудани Саразм эълон гардид. Шодмонии мо ҳадду канор надошт. Ин муваффақият, пеш аз ҳама, нишони пирӯзии ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меваи соҳибистиқлолии кишварамон буд…
 Бо ҳамсафарон, кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки чи ҷавононмардон ва чи бонувон, ҳама ифтихор аз истиқлол доштанд, аз хидматҳои беназири Сарвари давлат ёд карда, аз он ифтихор мекарданд. Воқеан, ин сафар ҳам бо дастури Ҷаноби Олӣ сурат гирифт. Рӯзноманигорони ин нашрияи бонуфуз дар инъикоси воқеъбинонаи ҳодисаҳои ҷаҳонӣ ва дастовардҳои дохилӣ хеле муваффақ ҳастанд ва эътибори рӯзномаро баланд бардоштаанд.
Дере нагузашта ба сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон расидем. Дар муддати кӯтоҳе расмиёт иҷро шуд, ҳеҷ монеае вуҷуд надошт. Дар сарҳади ҷониби Ӯзбекистон низ хеле бо эҳтиром ва муаддабона муносибат мекарданд, ки нишоне аз меҳру муҳаббат ва дӯстии пойдори ду мардуми ҳамсоя ва ҳамфарҳанг буд. Мутаассифона, рӯзҳое буданд, ки ҳатто ба маросими таъзияи хешу табор ва дӯстон имкони рафтан набуд. бисёриҳо  рӯзи боз шудани сарҳадҳоро дар ёд доранд, чи гуна хешу табор ва дӯстон бо ҳам во хӯрда, ҳамдигарро дар оғӯш мекашиданд, ашки шодӣ беихтиёр аз чашмҳо ҷорӣ мешуд. Онҳо ба Президентони ҳар ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев  миннатдории бепоён изҳор мекарданд. Ин воқеаи муҳимро метавон пирӯзии ақл бар ҷаҳл, дӯстӣ бар душманӣ ва тамаддун бар ҷаҳолат маънидод кард. 
Ҳангоми расидан ба шаҳри зебову бостонии Самарқанд ба истиқболи гарм рӯ ба рӯ шудем ва суҳбат бо забони тоҷикӣ, ки дар хонаву кӯча ва бозори он ҷо роиҷ буд, тимсоли дӯстию бародарӣ ва таҳаммулпазирии миллатҳои сокини ин шаҳр  буд. Бо намояндагони шуъбаи ҷамъияти фарҳангиию миллии тоҷикон дар шаҳри Самарқанд суҳбати  самимона баргузор шуд. Мо дар ҳавлие ҷой гирифтем, ки хонаи шахсӣ буда, ба меҳмонхона табдил дода буданд,  тамоми шароити муосир муҳайё  ва барои сайёҳон хеле мувофиқ буд.
Сараввал ба Регистони Самарқанд рафта, биноҳои муҳташами таърихии онро, ки хеле зебоянд ва солҳои охир таъмиру тармим шудаанд, дидем. Баъдан ба зиёрати Хона - осорхонаи устод Садриддин Айнӣ рафтем. Ин ҳавлӣ шоҳиди бисёр воқеаҳои муҳими ба ҳаёти устод вобаста буд. Баъди  аз Бухоро ба Самарқанд омадан устод Айнӣ ин ҳавлиро харида, то ба Душанбе кӯчидан дар ҳамин ҷо ба сар бурдааст. Ҳангоми ворид шудан ба ин ҳавлӣ аз тарафи чап даҳлезу хонаи хурд ва дар паҳлуи он хонаи дигаре, ки ёздаҳболора буда, ба услуби маъмули хонасозии классикӣ бо арақу фурӯмон ва вассаҷуфт бо тоқчаҳои гаҷбандшуда, дар пешгоҳ тахтмон дорад, эъмор шудааст. Пайваст ба он хонаи дигарест, ки сандалӣ дорад ва устод бо шогирдону меҳмонон дар он ҷо суҳбатҳо меоростааст. Дар тарафи рости ҳавлӣ ду хонаи дигар, ки бо лоиҳаи худи устод сохтаанд, қарор дорад. Дар ин хонаҳо мизу курсӣ ва ҷевонҳои  либос ва китобҳои устод воқеанд. Дар девор сӯзанӣ ва дар фарш гилемҳои урфӣ паҳн шудаанд. Дар хонаи дувум низ ҷевону мизи корӣ, давоту қаламдон қарор доранд, ки вазъи кории устодро нишон медиҳанд. Сурати устод бо Горкий, портретҳои Пушкин ва Чехов, аксҳои муқоваҳои осори устод Айнӣ низ дар девор насб шудаанд. 
Рӯзи дигар дар идораи рӯзномаи “Овози Самарқанд” меҳмон будем. Ба мо таърихи ба вуҷуд омадани рӯзномаро нақл карданд. Муассисони рӯзнома барои таъсиси он заҳматҳои зиёд кашидаанд. Хушбахтона имрӯз вазъи он хеле хуб буда, ба теъдоди бештар аз 5,5 ҳазор нусха нашр мешавад ва барои ҳифзи асолати забони модарии тоҷикони вилояти Самарқанд кори муҳимро иҷро мекунад. Дӯстони самарқандӣ  ва мо дар бораи саҳифаи тоза боз  кардани сарварони ҳар ду давлат дар муносибатҳои тарафайн сухан кардем. Ҳама дар ин бора  ҳамназар будем, ки президентони ду кишвар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев кори бузургеро анҷом доданд. Роҳҳоро боз намуда, робитаҳои илмӣ ва фарҳангиро тақвият бахшиданд. Сухангӯён борҳо аз хидмати президентон ёдовар мешуданд ва дар ҳаққи онҳо дуои нек мекарданд, ки ду ҷумҳуриро ва мардумони аз ҳам ҷудогаштаро ба ҳам пайвастанд. Ин амали неки онҳо воқеан ҳам, қаҳрамонӣ аст. Зиёиёни тоҷики Самарқанду Бухоро аз сиёсати дурандешонаи Президенти кишварашон изҳори хушӣ ва миннатдорӣ мекарданд, ки барои эҷоди осор ва  рушди забону фарҳанги тоҷикон имконияти бештареро фароҳам овардааст. Дар ин хусус ва  оид ба сафари меҳмонон ва вохӯрии онҳо дар Хонаи матбуот ва идораи рӯзнома дар мақолаҳое, ки дар нашрияи  “Овози Самарқанд” фардои сафари мо дарҷ шуда буд, иттилоъ додаанд.
Мактаби дипломатияи тоҷик таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  дар замони Истиқлоли давлатӣ роҳи душвор, вале боифтихорро тай намуд. Дӯстони самарқандӣ ва бухороӣ ҳангоми мулоқот аз фаъолияти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон академик Абдуҷаббор Раҳмонзода изҳори розигӣ мекарданд, ки чанд бор ба ин шаҳрҳо омада, аз пешрафтҳои Тоҷикистон нақлҳо кардааст. Ҷои хушнудист, ки дар бораи сафири кишвари мо суханони таҳсиномез мешунидем. Мулоқотамон бо профессори самарқандӣ Самибоев, ки мо ҳар дуямон, шогирдони устод Баҳоваддинов ҳастем ва баъд аз чил сол вохӯрдем, падидаи басо хушоянд буд. 
Дар Бухоро сараввал ба зиёрати мақбараи Исмоили Сомонӣ рафта, руҳи ӯро гиромӣ доштем. Мақбараи Сомониён, ки бо услуби нотакрори меъморӣ  сохта шудааст, чандон бузург набошад ҳам, вале шукӯҳу шаҳомати хосса дорад ва дар зебоӣ беҳамто аст. Регистони Бухоро, Арки Амир, мадрасаҳои Девонбегӣ, Абдуллохон, Сари Ҳавз ва биноҳои таърихии дигар ёде аз сеҳрофаринии гузаштагони халқамон мебошад, ки имрӯз аз тарафи Ҳукумати Ӯзбекистон хеле таъмиру тармими хуб шуда, сайёҳони бешуморро аз кишварҳои гуногуни дуру наздик ба ин ҷо овардааст. Як ҷиҳати хотирмони ин сафар дидани Дахмаи биҳиштиён буд, ки дар он ҷо  асосгузори маорифпарварии тоҷик ва Осиёи Миёна Аҳмад Махдуми Дониш дафн шуда будааст. 
Раиси Ҷамъияти тоҷикони Бухоро марди фарҳангӣ, овозхони хуб  ва директори филармонияи давлатии Бухоро Рауф Авазов ва фаъолони ҷамъият дар саҳни мадрасаи Девонбегӣ консерти зебое доир карданд, ки фарҳанги созу навои мардуми Бухороро баён мекард. Мавриди зикр аст, ки ривоҷи сайёҳиро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ба меҳмонхонаҳо мутобиқ намудани ҳавлиҳои шахсӣ мусоидат намудааст. Дар назди ёдгориҳои таърихии Самарқанду Бухоро меҳмонхонаҳои шахсӣ хеле зиёданд ва дар онҳо шароити хуб омода кардаанд. Як ҷиҳати қобили зикр ин аст, ки ин ҳавлиҳо симои миллӣ ва таърихӣ дошта, ба симои таърихии шаҳрҳо мувофиқ карда шудаанд. 
Яке аз ҷиҳатҳои вусъати фазои демократӣ дар Ӯзбекистон дар мисоли Самарқанду Бухоро ин аст, ки бар хилофи солҳои пешин дар кӯчаву бозор, мағозаву тарабхонаҳо ва муоширати байнихудӣ ба забони шевои модарӣ такаллум мекарданд. Мардум фарҳанги одоби муошират ва ҳунари аҷдодии худро ҳифз намудаанд. 
Ҳамин тавр, сафари рӯзноманигорон ва олимони Тоҷикистон, ки бо иқдоми  сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷумҳурият" Қурбоналӣ Раҳмон-зода  сурат гирифт, хотироти хубро ба бор оварда, барои таҳкими риштаҳои дӯстӣ як тадбири хотирмон гардид.
 
Кароматулло ОЛИМОВ, академик
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2022    №: 98    Мутолиа карданд: 1382
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед