logo

Хабарҳо

ОСОРИ МУҲАММАД ҒОИБ БО ЗАБОНИ РУСӢ

Тавассути нашриёти «Эр-Граф» китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб - «Преступление без наказания» («Ҷинояти беҷазо») рӯйи чоп омад. Ин китоб тарҷумаи як силсилаи асарҳои насрии шоир ба забони русӣ буда, 2 повест ва 15 ҳикояро фаро мегирад. Ба хонандаи зирак маълум аст, ки Муҳаммад Ғоиб ба ҷуз шоирӣ, инчунин, нависандаи драмаҳо, филмномаҳо, саҳнаҳои телевизионӣ ва роману ҳикояҳои хонданӣ ҳам, ҳаст.
 
Тарҷумонҳо Норӣ Раббимдухт, Азим Аминов, Комила Камолова ва Искандар Ҳамроқулов мебошанд. Китоб бо таҳрири мунаққид ва нависандаи чирадаст Абдураҳмони Абдуманнон ба дасти чоп расид.
Дар оғози китоб омадааст: «Повесту ҳикояҳои дар китоб ҷамъомада ба равшанӣ нишон медиҳанд, ки истеъдоди шоирӣ ба иншои осори насрӣ ба Муҳаммад Ғоиб хеле ёрдам карда, насри шоиронаро ба самар овардааст».
Муаллиф дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки яке аз сабабҳои ба забони русӣ тарҷума кардани асарҳо ба доираи васеи хонандагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ошно сохтани насри тоҷик аст.
Медонем, ки чанд сол пеш шоир бо Ҷоизаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба номи Чингиз Айтматов қадр гардид.
- Ин ҷоиза маро вазифадор мекард, ки осори худро бо забони русӣ, ки забони муоширати кишварҳои ИДМ аст, пешниҳоди хонандагон гардонам. Дар нашри китоб, ки нашриёти «Эр-Граф» ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ интишор дод, маблағи ҷоиза истифода шуд. Ба ин восита, ганҷе, ки ба ивази ранҷи қалам ба даст омада буд, боз ҳам дар роҳи адабиёт сарф шуд, - изҳор медорад Муҳаммад Ғоиб.
Ёдовар бояд шуд, ки солҳои 90 - уми асри сипаришуда китоби бачагонаи шоир - «Савғо» бо теъдоди 30 ҳазор нусха бо забони русӣ нашр шуд.  Ҳамзамон, шеърҳояш дар ҷаридаи «Молодая гвардия», ки аз маъруфтарин нашрияҳои давр буд, дар баробари 5 шоири машҳуру ҷавони шуравӣ интишор ёфтааст. Яъне, пеш аз ин ҳам ин ном ба хонандагони русзабон ошно будааст. 
- Бознишастагӣ маро водошт, то асарҳои нимакораро пурра, дар нақшабударо рӯйи авроқ биёрам ва гуфтаниҳои ногуфтаро бигӯям. 
Барои дилхоҳ эҷодкор муҳимтарину муқаддастарин ҷоиза эътирофи мардум ва дар коғаз боқӣ мондани осори ӯст. Кош ин ҷоизаҳо ба навиштаҳои мо умри ҷовидона бахшида метавонистанд. Дар олам кам нестанд касоне, ки соҳиби ҷоизаву унвонҳо шудаанд, аммо имрӯз осорашонро камтар касон мехонанду медонанд. Ҷоизадорон Рӯдакиву Хайёму Бедилу Соиб буданд, ки номашон дар дилҳо бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шудаанд. Бо доштани унвонҳои баланд ранҷу машаққати эҷодӣ  меафзояду кам намешавад, зеро масъулият ва ҷавобгарӣ назди хонандаву эътирофи мардум даҳчанд мешавад, - афзуд муаллиф. 
Дар охири китоб чанд намуна аз шеърҳои ба миллату Ватан, модар, қаҳрамонфарзандони тоҷик бахшидаи шоир ва дар муқова зиндагиномааш низ оварда шудааст. Дар маҷмуъ, китоби «Преступление без наказания» («Ҷинояти беҷазо») дар муаррифии адабиёти мо дар хориҷи кишвар судманд мебошад.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5196
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед