Хабарҳо
ҶАВОНОН - ПАРЧАМБАРДОРИ ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ МИЛЛАТ!
Дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Ҷавонон - парчамбардори имрӯз ва фардои миллат!” баргузор гардид. Дар он роҳбарият ва омӯзгорону донишҷӯёни муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабиниро директори муассиса Салоҳиддин Разоқзода ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки имрӯз давлату Ҳукумат, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди зеҳнии ҷавонон диққати махсус зоҳир менамоянд. Хусусан, ба роҳ мондани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” яке аз иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат барои насли ҷавон мебошад.
Муовини директор оид ба таълим Ҷаъфар Ҷаъфаров ва муовини директор оид ба тарбия Шаҳло Шарифова зикр карданд, ки Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” солҳост, ки дар таълиму тарбияи ҷомеа саҳми арзанда гузошта истодааст. Ин боргоҳи муқаддасро даҳҳо шахсиятҳои барӯманди кишвар хатм намуда, дар пешрафти илму фарҳанг саҳми босазо гузоштаанд. Имрӯз низ саҳми муассиса дар таълиму тарбияи ҷавонон назаррас аст.
Сипас, омӯзгорон Зиёуддин Ҷамолов, Саврия Қурбонова, Муҳаммаднабӣ Баёнӣ доир ба таълиму тарбия ва илмомӯзии донишҷӯён ибрози андеша намуданд.
Дар интиҳо донишҷӯёни муассиса дар мавзуъҳои ватандӯстӣ аз шоирони муосир шеърҳо қироат намуданд.
Муассисаи давлатии
“Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии
ба номи П. Бӯйдоқов”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5167