Хабарҳо
«BUKHARA FASHION DAYS». ТАРРОҲИ ТОҶИК САИДҶАЛОЛ МАХСУМОВ ҲУНАРИ ХЕШРО БА ТАМОШО ГУЗОШТ
Дар доираи Фестивали якуми байналмилалии гулдӯзӣ, заргарӣ ва зардӯзӣ дар Бухоро намоишгоҳи “Bukhara fashion days” баргузор шуд, ки дар он тарроҳи тоҷик Саидҷалол Махсумов ҳунари дастии хешро ба тамошо гузошт.
Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи нақшаи кории Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои соли 2022 аз ҷониби Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо намояндагии ЮНЕСКО дар шаҳри Тошканд 21 май дар шаҳри Бухоро Фестивали байналмилалии ҳунари гулдӯзӣ, заргарӣ ва зардӯзӣ (кашидадӯзӣ) оғоз ёфт.
Ҳайати Тоҷикистонро бо роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода дар Тошканд муовини аввали Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озода Парпибоева ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Дар бинои мадрасаи Кӯкалтош тарроҳон аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Туркия корҳои намоёни дастии худро ба маъраз гузоштанд. Махсусан, тарроҳони мӯд, ба мисли Маҳфуза Салимова, Ирина Шарифова (Ӯзбекистон), Айдархон Калиев (Қазоқистон), Саидҷалол Махсумов (Тоҷикистон), Мирраҳим Опош (Қирғизистон), Асуман Исчинор (Туркия) ва дигар устодони ҳунар коллексияҳои рангоранги ҳунарии худро дар ин фестивал намоиш доданд.
Дар фестивал зиёда аз 200 нафар занони ҳунарманд, олимон ва донандагони соҳаи санъати миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳунармандон аз 58 давлат иштирок доранд. Миёни онҳо 110 нафар заргарон, 37 устои зардӯз, 44 гулдӯз ва 97 устои соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ ҳастанд.
Мақсад аз баргузории фестивал- муаррифии васеи ҳунарҳои миллии мардумӣ, тарғиби шакли нотак-рори он, роҳандозии табодули таҷриба дар ин самт миёни устодони ҳунар ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ мебошад.
Фестивали байналмилалии гулдӯзӣ, заргарӣ ва зардӯзӣ дар Бухоро то 25 май идома меёбад.
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4781