Хабарҳо
Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Россия 50% афзудааст
Мир24. Мубодилоти мол миёни Тоҷикистон ва Россия тақрибан 50 дарсад афзоиш ёфта, дар чор моҳи соли ҷорӣ беш аз 470 миллион долларро ташкил дод. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
“Дар чор моҳи соли 2022 ҳаҷми муомилоти тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия 476,5 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 дарсад афзудааст”, - гуфта мешавад дар гузориш.
Ин омор дар мулоқоти сардори раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Шарифӣ ва муовини раиси Кумитаи равобити хориҷии ҳукумати Санкт-Петербург Арби Абубакаров, ки ҳайати соҳибкорони Россияро роҳбарӣ мекунад, гуфта шуд.
Путин ва Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Мир24. Президентҳои Ӯзбекистон ва Россия Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин зимни суҳбати телефонӣ, ки бо ибтикори ҷониби Ӯзбекистон сурат гирифт, масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд.
Ҳамин тариқ, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, ҳамчунин, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи иттиҳодияҳои ҳамгироии АвруОсиё, аз ҷумла бо назардошти раисии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Сарварони давлатҳо майли худро барои таҳкими минбаъдаи равобити Россияву Ӯзбекистон изҳор намуданд.
Тедрос Адханом Гебрейесус бори дуюм роҳбари СҶТ
Синхуа. Директори генералии феълии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус аз ҷониби Ассамблеяи 75-уми ҷаҳонии тандурустӣ барои давраи дуюми панҷсола дубора интихоб гардид.
Дар аввалин суханронии худ пас аз интихоб шуданаш, ӯ ба СҶТ барои меҳнати душворашон ва ба кишварҳои узви созмон ҷиҳати эътимод изҳори сипос кард. Гебрейесус гуфт, ки авлавиятҳои ӯ дар ин мансаб мусоидат ба рушди тандурустӣ, таъмини ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, пешбурди илм, инноватсия ва саломатии рақамӣ мебошанд.
Россия ва Беларус дар бораи як меморандуми амнияти биологӣ ба мувофиқа расиданд
RT. «Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳамкории дахлдор ҷонибҳо лоиҳаи меморандуми байниҳукуматии дуҷониба оид ба масъалаҳои таъмини амнияти биологиро ба мувофиқа расонданд», - гуфта мешавад дар хабар дар паи машваратҳои байниидоравӣ.
Таъкид мешавад, ки ҷонибҳо дар бораи таҳдидҳо ба амнияти биологӣ дар фазои пасошуравӣ табодули назар карданд.
Қаблан, Рашид Нургалиев, муовини дабири Шурои амнияти Россия, гуфта буд, ки Москва ба кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ пешниҳоди таъсиси Шурои муштараки мубориза бо таҳдидҳои биологӣ кардааст.
Даъвати Шурои амнияти СММ аз “Толибон”
АИР “Новости”. Аъзои Шурои амният аз “Толибон” даъват карданд, аз сиёсатҳое, ки ҳуқуқ ва озодиҳои занону духтарони афғонро маҳдуд менамоянд, фавран даст кашад. Онҳо, инчунин, даъвати худро ба “Толибон” такрор карданд, ки ба уҳдадории худ дар бораи кушодани мактабҳо барои ҳама донишҷӯдухтарон бидуни таъхири минбаъда риоя намоянд.
Шурои Амният аз афзоиши шумораи поймол сохтани ҳуқуқу озодиҳои занону духтарон аз ҷониби “Толибон” дар Афғонистон, аз ҷумла тавассути маҳдуд намудани дастрасӣ ба таҳсил, шуғл, маҳдудият дар озодии рафтуомад ва ширкати занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, изҳори нигаронии амиқ кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3798