Хабарҳо
«РЕАЛ» - «ЛИВЕРПУЛ»
Андешаҳои сармураббии тими шоҳона пеш аз бозии финалии ЛЧ
www.sports.ru. Карло Анчелотти, сармураббии тими «Реал» (Мадрид), дар мавриди суханони Муҳаммад Салоҳ, ҳамлагари мисрии «Ливерпул» назарашро пеш аз бозии финалии Лигаи чемпионҳо (28 май, Париж) баён кард.
- Салоҳ гуфт, ки мехоҳад аз «Реал» қасос гирад. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?
- Ин метавонад як навъ ангеза бошад. Аммо «Реал» низ дар Париж аз «Ливерпул» мағлуб шуда буд (дар назар дорад финали соли 1981). Аз ин рӯ, мо низ хоҳиши интиқом ситондан дорем.
- Оё «Реал» лоиқи пирӯзӣ дар Лигаи чемпионҳо ҳаст?
- Агар мо ғолиб шавем, самараи меҳнатҳоямон дар вохӯрии ниҳоист, на воқеаҳое, ки қаблан рӯй дода буданд. То ҳол касе дар фидокорӣ аз мо пеш нагузаштааст. Фикр мекунам, ки ин барои ғалаба кофӣ нест, аммо мусоидат хоҳад кард.
- Аз ин бармеояд, ки шумо нақшаи ҳангома (камбэк) карданро доред?
- Умедворам не. Мехоҳем, ки «Ливерпул» кӯшиши камбэк кунад. Мо ба ин даста эҳтироми зиёд дорем ва интизори бозии ниҳоӣ бо «Ливерпул»-ем.
Ёдовар мешавем, ки дар финали Лигаи қаҳрамонҳои мавсими 2017/2018 «Реал» бар «Ливерпул» ғолиб омада буд (3:1). Дар он вохӯрӣ Муҳаммад Салоҳ бо иллати лат бардоштан дар нимаи аввал иваз гардид.
ҶОМИ ОСИЁ – 2023
Ҳарифони мунтахабҳои U-17 ва U-20 Тоҷикистон маълум шуданд
Тибқи натоиҷи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё – 2023, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «H» бо дастаҳои Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон нерусанҷӣ мекунад. Бозиҳо 5 – 9 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё байни наврасон (3 – 20 майи соли 2023, Баҳрайн) ғолибони даҳ гурӯҳ ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳ меёбанд.
Мунтахабҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур ҳарифони дастаи мунтахаби то 20-солаи кишвар дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё – 2023 (U-20) дар гурӯҳи «I» аст.
Зӯрозмоиҳои ҷавонони кишвар 14 – 18 сентябр дар Душанбе мегузаранд.
Бар пояи низомнома, ғолибони даҳ гурӯҳ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки зинаҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё– 2023 (1 – 18 марти соли 2023, Ӯзбекистон) роҳхат мегиранд.
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3741