Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
ТАСС. Федератсияи Россия аз пешниҳоди Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тавсеаи БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) истиқбол мекунад, аммо номбар намудани номзадҳои эҳтимолиро барои пайвастан ба ин иттиҳодия бармаҳал медонад.
RT. Чин ба тарҳи қатъномаи Шурои амнияти СММ дар бораи таҳримҳо алайҳи Кореяи Шимолӣ мухолиф аст. Дар ин бора дафтари матбуоти намояндагии доимии Чин дар СММ хабар дод.
АИР “Новости”. Роҳбари хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ИМА Нед Прайс изҳор дошт, ки Департаменти давлатии ИМА аз сохторҳои масъули таъмини интернет даъват намуд, ки иртиботи Россияро ба хотири дастрасии озоди русҳо ба иттилоот аз шабакаи ҷаҳонӣ қатъ накунанд.
Lenta.ru. Нархи газ дар ИМА рекорди чандинсоларо шикаст ва ба баландтарин сатҳи худ аз моҳи августи соли 2008 боло рафт.
SNG. TODAY. Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов зимни суҳбати телефонӣ бо вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров оид ба вазъияти минтақаи Қафқози Ҷанубӣ мубодилаи афкор намуданд. Инчунин, масоили марбут ба иҷрои эъломияҳои сеҷониба, аз ҷумла ифтитоҳи тамоми хатҳои иртиботот, таъини марзи давлатии миёни Озарбойҷон ва Арманистон, баррасӣ шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7416