Хабарҳо
Шиносоии Қоҳир Расулзода бо рафти навсозии роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод шинос шуд. Лоиҳаи мазкур фарогири ду марҳила буда, дарозии умумии роҳ беш аз 75 километрро ташкил медиҳад, - хабар дод АМИТ «Ховар».
Марҳилаи якум аз қитъаи Обигарм то Тагикамар беш аз 30 километрро фаро мегирад. Дар қитъаи мазкур сохтмони 5 пул бо дарозии 387 метр, таҷдиди як пули 93-метра, такядеворҳои оҳану бетонӣ бо дарозии 2938 метр, деворҳои ҳимоявии бетону сангии дарозиашон 1986 метр, 73 лӯлаи обгузар бо дарозии 3300 метр ба нақша гирифта шудааст. Бунёди ду нақб - Қарағоч бо дарозии 1701 метр ва Қандак бо дарозии 1610 метр низ ҷараён дорад.
Роҳ аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳнои стандартии он 12-15 метр ва канораҳои ду тараф ба 2,5 метр мерасанд. Қисми роҳи мошингард аз 7 то 10 - метрро ташкил намуда, дар маҷмуъ, ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ мешавад.
Айни замон дар марҳилаи якум 417 мутахассиси дохилию хориҷӣ бо ҷалби 110 техникаву механизми роҳсозӣ дар 41 нуқта фаъолият дорад.
Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар фуд-2022»
Дар Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар фуд - 2022», ки дар шаҳри Бохтар доир шуд, беш аз 200 намояндаи мақомоти давлатӣ, маъмурияти дипломатии муқими Тоҷикистон, бахши хусусӣ, роҳбарони ширкату корхонаҳои ватаниву хориҷӣ, шарикони рушд ширкат карданд. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар дод.
Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ҳадафи ҷараёни форумро татбиқи дастурҳои Паёми Сарвари давлат арзёбӣ карда, онро дар рушди содирот, дарёфти роҳҳои рақобатнокии маҳсулот, баррасии имконоти марбут ба бахши содирот муҳим номид.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иқтидори истеҳсол ва содироти вилоятро дар қиёс бо солҳои пешин афзалтар маънидод намуда, гуфт, ки ҳар сол дар вилоят ба ҳисоби миёна то 2 миллион тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ тавлид мешавад.
Дар доираи Форум якчанд созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 19 миллион доллари ИМА имзо шуд.
Машваратҳои солонаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА
Таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ Доналд Лу дар шаҳри Душанбе даври нуҳуми машваратҳои солонаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Амрико баргузор шуд.
Ба иттилои Вазорат, ҷонибҳо масоили рушди муносибатҳоро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, тандурустӣ ва маориф, ҳамчунин, муқовимат бо таҳдиду чолишҳои муосир ва ҳуқуқи инсон баррасӣ карданд.
Таъсиси Донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Корея дар назар аст
Дар мулоқоти вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода бо сафири фавқулода ва мухтори Корея дар Тоҷикистон Квон Донг Сок таъкид шуд, ки дар 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон - Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи С. Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон забони кореягӣ таълим дода мешавад. То имрӯз зиёда аз 200 донишҷӯ ихтисоси забони кореягиро хатм намудаанд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея омода аст дар доираи ҳамкориҳои судманд дар Тоҷикистон як Донишгоҳи муштаракро дар самти омодасозии мутахассисони техникӣ, хусусан соҳаи лифтсозӣ, таъсис диҳад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7352