logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ КОМЕНДАТУРАИ САРҲАДИИ “САРИ ҒОР”
 
26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон бо маъвои хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шинос гардида, ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо афсарону сарбозон суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.
 
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Комендатураи сарҳадии “Сари ғор”-и Отряди сарҳадии “Шамсиддин Шоҳин” оғоз гардид.
Дар комендатураи сарҳадӣ барои афсарону сарбозон, ки ҳимояи ҳамаҷонибаи марзи давлатиро бо масъулияти баланд ба уҳда доранд, шароити мусоиди хизматӣ ва будубош фароҳам оварда шудааст.
Комендатураи сарҳадии “Сари ғор” аз хобгоҳи сарбозон, ҳуҷраҳои кории афсарон, хонаҳои хизмати сарҳадӣ, нигоҳдории силоҳу аслиҳа, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, ҷойи истироҳату фароғат, хизмати маишӣ, нуқтаи тиббӣ, либосшӯӣ, ошхона, майдони сафороӣ, марказҳои таълимӣ, ҳаммом, анбори захираи маҳсулоти кишоварзӣ, сарулибос, сӯзишворӣ, мошинсарой, нишасти чархбол ва дигар иншооти хидмати ҳайати шахсӣ иборат мебошад ва он соли 2018 дар сатҳи баланд, мутобиқ ба меъёрҳои замонавии ҳарбӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Дар ин ҷо 8 хонаи муҷаҳҳаз бо тамоми ашёи рӯзгор бунёд гаштааст, ки афсарон метавонанд дар давраи хизмат бо аҳли оилаи худ истиқомат кунанд.  
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид изҳор доштанд, ки давлату Ҳукумати мамлакат тайи даврони соҳибистиқлолӣ ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи доимӣ ва аввалиндараҷа дода, дар тамоми мавзеъҳои сарҳади давлатӣ дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ ва дигар иншооти заруриро бунёд ва ҷузъу томҳои марзбонро бо техникаву таҷҳизоти муосир, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва дигар ашёву лавозимоти ҳарбӣ таъмин намуда истодаанд.
Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳар ҷиҳат ва, пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳибихтисос ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ ба талаботи замона мутобиқ гардонда шудаанд ва ин раванд бо истифода аз тамоми имконият идома хоҳад ёфт.
Таъкид гардид, ки вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Тоҷикистон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намоянд.
Сипас, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбозону афсарони шуҷои Комендатураи сарҳадии “Сари ғор”-ро, ки ба истиқболи Сарвари давлат саф ороста буданд, ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрику таҳният гуфта, дар иҷрои вазифаи муқаддаси ҳарбӣ далериву шуҷоат ва шарафу комёбӣ орзу намуданд.
Президенти мамлакат зимни суҳбат таъкид намуданд, ки Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шароити басо сангини солҳои аввали Истиқлоли давлатии мамлакат дар ҷойи холӣ, бе заминаи моддию техникӣ таъсис ёфта, бо гузашти 28 сол дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии давлату Ҳукумат ба як неруи муқтадири муҳофизи марзу буми Ватан табдил ёфтанд.
Дар давраи бесарусомониҳо аз инфрасохтори бамеросмондаи қисмҳои сарҳадии замони пешин нишонае боқӣ намонда буд. Дар он замон норасоии маводи озуқа, сарулибоси низомӣ, техника, яроқу аслиҳа ва дигар муҳимоти зарурӣ мушкилоти асосии сарҳадбонон ба ҳисоб мерафт. Сарҳадбонон дар пешбурди фаъолияти хизмати ҳарбӣ бо сабаби набудани инфрасохтори сарҳадӣ ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешуданд. Вале бо дастгириву тадбирҳои саривақтии давлату Ҳукумати мамлакат қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар замони соҳибистиқлолӣ куллан навсозӣ ва бо пешрафтатарин техника, яроқу аслиҳа ва дигар муҳимоти ҷангӣ таъмин шуда, ҳоло сарҳадбонони тоҷик барои ҳифзи амнияти ҷомеа, ҳимояи марзҳои кишвар ва Истиқлоли давлатӣ хизматро дар шароити мусоид анҷом медиҳанд, ки намунаи барҷастаи он бунёди Комендатураи сарҳадии “Сари ғор” мебошад.
Зимни шиносоӣ бо муҳимоти ҳарбӣ вобаста ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир бобати самаранок истифода бурдану дар ҳолати хуби омодагӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои махсуси низомӣ, техника, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон ба ҳайати роҳбариву фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат, супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Баъди боздид аз шароиту имконият Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи ёдгории сарбозону афсарон, ки зимни ҳифзи сарҳади давлатӣ сина сипар намуда, ҷони худро аз даст додаанд, бо нишони эҳтиром гулчанбар гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва нооромию даргириҳои дохилӣ моҳи июли соли 1993 қисмҳои низомии мухолифин – Ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом аз қаламрави Афғонистон ба ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурӣ ҳамла карданд.
Ҳангоми ҳуҷуми Ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом ба дидбонгоҳи сарҳадии 12-уми Тоҷикистону Федератсияи Россия 25 нафар сарҳадбони рус ба ҳалокат расид. Новобаста аз вазъи мураккаб ва нооромии сиёсии минтақаи сарҳадӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳали фоҷиа ташриф оварда, бо сарбозон мулоқот анҷом доданд. Ташрифи Роҳбари давлат руҳияи сарбозону афсарони дидбонгоҳи низомиро баҳри ҳимояи марзи давлатӣ қавӣ гардонд.
24 майи соли 1994 дар замони муноқишаҳои мусаллаҳонаи дохилӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дидбонгоҳи сарҳадии “Сари ғор” бо шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуда, дар назди маҷмааи ёдгории сарҳадбонон гулчанбар гузошта буданд.
Боиси таъкид аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи навсозии Артиши миллӣ дар тамоми қисму воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ барои афсарону аскарон пойгоҳҳои ҳозиразамони ҳарбӣ бунёд гардиданд.
Воқеан, имрӯз Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як неруи бузурги ҷангӣ табдил ёфта, сарҳадбонон қодиранд дастоварду манфиатҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя  ва таъмин намоянд.
 
 
БОЗДИД АЗ ОТРЯДИ САРҲАДИИ “ЁЛ” 
26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 
ҳамчунин аз Отряди сарҳадии “Ёл” боздид 
ба амал оварданд. 
 
Дар Отряди сарҳадии “Ёл” барои сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо масъулияти баланд, далерию ҷасорат ва садоқату матонати мардонагӣ ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатиро бар дӯш доранд, муосиртарин шароити хизмат ва будубош фароҳам оварда шудааст.
Иттилоъ доданд, ки соли 1957 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дидбонгоҳи сарҳадии “Ёл” бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ бо афзоиш додани ҳайати шахсӣ, техникӣ ва иншооти сохтмонӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он дар самти мубориза бар зидди қонуншиканиҳои сарҳадӣ, пешгирӣ аз гурӯҳҳои террористию нашъаҷаллоб равона гардида буд. 
Соли 2022 бо назардошти афзоиши хатару таҳдидҳо, аз ҷумла амалҳои террористию экстремистӣ ва фаъолгардии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дар минтақа ва ҷаҳон ҳайати Отряди сарҳадии “Шамсиддин Шоҳин”-ро ба дидбонгоҳи “Ёл” кӯчонда, он ба Отряди сарҳадии “Ёл” табдил дода шуд.
Сипас, Отряди сарҳадии “Шамсиддин Шоҳин” ба комендатураи “Шамсиддин Шоҳин” табдил дода шуда, дар заминаи таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он бо ҳайати нав ва муосиртарин воситаҳои техникӣ бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ пурра таъмин карда мешавад.
Дар ҳудуди Отряди сарҳадии “Ёл” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои сарбозону афсарон хобгоҳҳо, ҳуҷраҳои корӣ, хонаҳои хизмати сарҳадӣ, нигоҳдории силоҳу аслиҳа, синфхонаҳои таълимӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, макони истироҳату фароғат, хизмати маишӣ, нуқтаҳои тиббӣ, либосшӯӣ, ошхона, майдони сафороӣ, машқ, ҳаммом, анборҳо барои захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, мошинсарой ва дигар иншооти ҳайати шахсӣ мавҷуд мебошанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба масъалаи таҳкиму тақвияти заминаҳои моддиву техникӣ, ташаккул додани сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос, ҳамзамон, сохтмону ба истифода додани иншооти нави соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус равона намуда, имрӯз сарбозону афсарони аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таъмини амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон саҳми арзишманд доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити хизмат ва будубоши сарбозону афсарони Отряди сарҳадии “Ёл” дар назди ҳайати шахсӣ ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ тамоми сарбозону афсаронро, ки ҳамчун сипари боварибахши давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар ҳифзи тамомияти арзӣ ва суботу оромии кишвар шабонарӯзӣ хизмати шоиста анҷом медиҳанд ва қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватан ҷавонмардона иҷро мекунанд, ба Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ табрику таҳният намуда, оид ба таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат аз ин навъи қӯшун дар даврони соҳибистиқлолӣ андеша ронданд.
Тавре зикр гардид, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар рӯзҳои бисёр вазнину ҳассоси таърихи халқамон таъсис дода шудааст, на танҳо барои ҳимояи истиқлоли давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои кишвар ва амнияти ҷомеа саҳми босазо гузоштааст, балки нишонаи возеҳи истиқлоли давлати тоҷикон мебошад. 
Дар робита ба авзои имрӯзи ҷомеаи байналмилалӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти давлату миллатҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбозону афсаронро ба иҷрои содиқонаю софдилонаи вазифаҳои хизматӣ ва аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ҳидоят намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил иброз доштанд, ки марзбонони шуҷову далери Ватан бо ифтихори баланди ватандӯстӣ ва ҷасорату мардонагӣ барои ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, сохти конститутсионӣ ва суботу оромии кишвар ҳамеша омодаанд.
Дар охир сарбозону афсарони шуҷову далери отряд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷуҳи пайваста ва фароҳамсозии шароити муосири хизмат ва будубош дар сафҳои Артиши миллӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки ҳифзи марзу буми аҷдодиро қарзи шаҳрвандӣ медонанд ва барои эмин нигоҳ доштани он зарур ояд, ҷони худро нисор месозанд.
 
 
ШИНОСОӢ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маркази таълимии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар маркази таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақшаи тарҳрезигардида босуръату сифати баланд ҷараён доранд.
Иттилоъ доданд, ки Маркази таълимӣ дар масоҳати наздики 5 гектар замин бунёд мегардад ва дар ҳудуди он баробари иншооту биноҳои таълимӣ майдончаҳои варзиш, ҳуҷраҳои истироҳату фароғат ва дигар инфрасохтори зарурӣ дар асоси талаботи имрӯза муҳайё карда мешаванд.
Дар рафти корҳо дар ҳама қитъаҳои иншоот, асосан, бинокорону мутахассисони маҳаллӣ ба фаъолият ҷалб гардидаанд.
Масолеҳи сохтмонии истифодашаванда дар иншоот истеҳсоли корхонаву коргоҳҳои ватанӣ буда, дорои сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои имрӯза мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти сохташаванда дар ҳудуди Маркази таълимӣ ва суҳбат бо бинокорону сохтмончиён ҷиҳати иҷрои босифати корҳо ва дар муҳлати муайнгардида ба истифода додани он дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
 
 
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОН ВА АҲЛИ ҶОМЕАИ ДЕҲОТИ НУРИДДИН МАҲМУДОВИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо роҳбарону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии деҳоти Нуриддин Маҳмудов мулоқот ва суҳбати самимии сарироҳӣ доир намуданд.
Дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдому ташаббусҳои сокинони ин деҳоти дурдасти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат баҳои баланд дода, онҳоро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд.
Бо назардошти авзои имрӯзаи ҷомеаи байналмилалӣ  таъкид гардид, ки бо истифода аз шароит ва иқлими мувофиқи ин минтақа сокинон бояд ҳамасола майдони кишти зироатҳои гуногунро зиёд намоянд ва дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд. 
Иттилоъ доданд, ки деҳоти Нуриддин Маҳмудов дорои наздики 7 ҳазор нафар аҳолӣ буда, ин ҷо 713 хоҷагии деҳқонӣ фаъолияти пурсамар дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сокинон ҷиҳати истифодаи мақсадноки ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта, рушди картошкапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ, ниҳолпарварӣ ва бо ин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти хуштаъму лазиз ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ ба онҳо дастуру масҳилатҳои судманд доданд.
Иқлим ва обу ҳавои ин минтақа имкон медиҳад, ки соҳаи кишоварзӣ бештар рушд дода шавад ва сокинон дар боло бардоштани иқтидори содиротии мамлакат саҳми назаррас гузоранд.
Истифодаи пурсамари гулу гиёҳҳои шифобахши кӯҳҳои ин мавзеъ ҳам яке аз роҳҳои муассири беҳтар намудани зиндагии сокинони деҳот маънидод карда шуд.   
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти имконоти васеи деҳоти Нуриддин Маҳмудов дар самти боғпарварӣ ва афзудани ҳаҷми истеҳсоли меваҳои хуштаъми ватанӣ ба масъулони ноҳия ҷиҳати дастгирии иқдомҳои сокинон дар самти  хушкондан ва роҳандозии содироти он ба кишварҳои хориҷи дуру наздик дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Тавре зикр гардид, феълан дар ҳудуди ин деҳот 5 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият дошта, дар доираи Солҳои рушди саноат - 2022-2026 ва татбиқи раванди саноатикунонии босуръати кишвар бо истифода аз иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт нақшаҳои мушаххас тарҳрезӣ шудаанд ва мавриди амал қарор мегиранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  сокинонро ҷиҳати тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва касбу ҳунардӯстӣ ҳидоят намуда, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро омили муҳим дар самти пешгирӣ аз исрофкорию харҷи беҳуда маънидод карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар деҳоти Нуриддин Маҳмудов 8 муассисаи таълимӣ, 4 кӯдакистон, 1 беморхона ва 7 бунгоҳи тиббӣ фаъолият дошта, бо мақсади рушди инфрасохтори деҳот дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам боло бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои муҳими созандагӣ амалӣ мегарданд.
 
ДАР ХОҶАГИИ “ТОҶ АГРО”-И ДЕҲОТИ ПАНҶОБИ НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, бо истифодаи мақсадноки замин дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” шинос шуданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” дорои 70 гектар замини обӣ буда, хоҷагидорон аз ҳар қитъа замин оқилона истифода намуда, зироатҳои гуногун кишт кардаанд. 35 гектарро токзор, аз ҷумла ангурҳои содиротӣ, ташкил медиҳанд. 13 гектари токзор навбунёд буда, хоҷагидорон нақша доранд, ки дар оянда бо роҳу усулҳои муосири парвариш, аз ҷумла пайванд, ҳосили хуб ба даст оварда, рушди соҳа ва бозори истеъмолиро таъмин созанд. Аллакай, дар майдони 3,8 гектар парвариши навъҳои гуногуни ангур бо роҳи пайванд ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин ва дар ин замина таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли ватании аз ҷиҳати экологӣ тоза саҳмдорон дар байни қатори ниҳолҳо тарбузи зери плёнка кишт кардаанд.
Риоя кардани агротехникаи парвариши полизӣ ва заҳматҳои ҳамешагӣ ба беҳтаршавии ҳосил замина гузоштаанд.
Тибқи иттилоъ, рӯзҳои наздик аҳли заҳмат самараи дастранҷи худро ҷамъ оварда, пешниҳоди сокинон мегардонанд.
Хоҷагидорон нақша доранд, ки аз ҳар гектар то 500 - сентнерӣ ҳосил ҷамъ оваранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз боғи интенсивии себ ба хоҷагидорон барои дар оянда зиёд намудани майдони боғ ва афзудани ҳаҷми истеҳсоли мева дастуру супоришҳои муфид доданд.
Боғи интенсивии себ дар ҷойи боғи куҳна бо истифода аз ниҳолҳои серҳосили ба иқлим мувофиқ бунёд гардида, зиёда аз 2 ҳазор бех себи навъи “галамаст”, ки давраи пухта расидани он моҳҳои июл-август буда, ҳосилнокиаш 400-450 – сентнериро аз 1 га ташкил медиҳад, шинонда шудааст.
Боғдорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” дар 4,5 гектар зардолу ва дар 3,5 гектар себ шинондаанд.
Барои самараноку оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замини корам ва рӯёндани ду ва се ҳосил кишоварзон дар байни қатори ниҳолон полизӣ кишт кардаанд.
Хоҷагидорон дар майдони 13 гектар пиёз кишта, баъди ҷамъоварии ҳосил харбуза коштанианд.
Аз кишти барвақтии пиёзи байни қатори ниҳолон аҳли заҳмат аз ҳар гектар 400-450 - сентнерӣ ҳосил ҷамъ оварданд.
Баъди ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ дар 6 гектар харбуза кишт шуд, дар 5 гектари боқимонда кишти дигар намуди зироат идома дорад.
Дар маҷмуъ, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” 450 нафар бо ҷойи кор таъмин мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи лавҳаи рамзии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” парда бардоштанд. Лавҳаи мазкур ва майдончаи назди иншооти ҷамъият дар масоҳати 35 метри мураббаъ бо тарҳи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст. Мувофиқи лоиҳа баландии лавҳа 2,5 метр буда, зерпояи он бо сангҳои мармар оро ёфтааст.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат-саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” коргоҳи хурди бандубасти асал бунёд гардидааст. Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Масоҳати коргоҳ 160 метри мураббаъ буда, бо технологияи пешрафтаи Туркия муҷаҳҳаз гардидааст.
Хатҳои нави технологӣ имкон медиҳанд, ки дар як шабонарӯз 2 тонна асал коркард шавад. Асал барои коркард, асосан, аз хоҷагиҳои занбӯриасалпарварии ноҳия ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ворид шуда, дар зарфҳои гуногун бандубаст мегардад. Ин имкон медиҳад, ки асали тозаи табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи истеҳсоли Тоҷикистон дар шакли муосир бандубаст шуда, пешниҳоди харидорон мешавад. Дар коргоҳи навбунёд 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гашт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардхонаи навбунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО”-ро бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот мавриди истифода қарор доданд.
Сардхона аз 8 ҳуҷраи нигоҳдории маҳсулот иборат буда, бо сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо технологияи нав бунёд гардидааст. Ҳоло дар сардхона зардолу, помидор, пиёз ва картошка нигоҳдорӣ мешавад.
Ҷамъият метавонад бо истифода аз ҳосили фаровони маҳсулоти истеҳсолкардаи худ бозори дохилиро бо меваю сабзавот ва полизӣ таъмин намуда, дар баробари ин, содиротро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монад.
Ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ ва зиёд кардани майдони гармхона хоҷагидорон тасмим гирифтанд, ки гармхонаи нав сохта, парвариши помидорро амалӣ гардонанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ иқдоми хоҷагидоронро ҷиҳати ташкили чунин гармхонаҳои замонавӣ ва, ба ин васила, дар тамоми фасли сол таъмин намудани талаботи сокинон бо маҳсулоти тару тоза ба манфиат арзёбӣ карданд.
 Гармхонаи навбунёд 2 гектарро дар бар гирифта, дар он соле ду маротиба парвариши помидори навъҳои серҳосил ба роҳ монда шудааст.
Дар гармхонаи навбунёд обёрӣ тариқи қатрагист, технологияи парвариш низ бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти замонавист. Ин омил имкон медиҳад, ки оби полизӣ самаранок истифода гашта, ҳосилнокии замин баланд бардошта шавад.
Аллакай, ин таҷриба самараи хуб ба бор оварда, ҳосили помидори гармхона қонеъкунанда аст.
Таъкид бояд кард, ки дар хоҷагӣ моҳи октябри соли 2021 дар майдони як гектар гармхона мавриди истифода қарор дода шуда буд. Аз гармхонаи мазкур кишоварзон бо роҳи дастрас намудани тухмии серҳосил, ба маҳал мутобиқ ва риояи агротехникаи парваришу заҳматҳои шабонарӯзӣ 100 тонна помидор ҷамъ оварда, пешниҳоди мизоҷон гардонданд.
Ба роҳ мондани парвариши помидор дар гармхона афзалияти бештар дошта, омили муҳими даромаднокӣ ва дар тамоми фасли сол таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тозаи кишоварзӣ ба шумор меравад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти аҳли заҳмати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО” ба иқдоми шоистаи хоҷагидорон баҳои баланд дода, онҳоро ба истифодаи мақсадноку оқилонаи замин, рӯёндани ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус сабзавоти барвақтӣ ва таъмини бозори истеъмолию рушди соҳа, ҳидоят намуданд.
Дар идома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.
Дар намоишгоҳ аз ҷониби заминистифодабарандагони Ҷамъияти мазкур ва кишоварзони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, ғалладонагиҳо ва меваю сабзавот, муаррифӣ шуд.
Кишоварзони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар самти парвариши маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи бой дошта, бо маданияти баланди заминдорӣ ва истифодаи мақсадноки обу замин соҳаро рушд бахшида, самараи дастранҷи худро афзун намуда, то имрӯз 89 ҳазору 28 тонна маҳсулот ҷамъ овардаанд.
Тибқи иттилоъ, кишоварзон дар майдони 13318 гектар зироати гуногун кишт кардаанд, ки аз ин 5107 гектар ғалладона, 5900 гектар пахта, 255 гектар картошка, 800 гектар сабзавот, 510 гектар полизӣ, 330 гектар пиёз ва 90 гектар сабзӣ мебошад.
Деҳқонон баъди гирифтани ҳосили якум, аллакай, кишти такрорӣ гузарондаанд, ки аз мақсаднок истифода бурдани ҳар қитъаи корам дарак медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо дастранҷи деҳқонон бо кишоварзон суҳбати озоду самимӣ карда, ҷиҳати аз як майдон гирифтани ду ва се ҳосил, истифодаи оқилонаву мақсадноки замин ва дар навбати аввал таъмини оилаи худ бо маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии ғизо ва таъмини бозори истеъмолӣ ба онҳо дастуру супоришҳои судманд доданд.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Ангурбоғ» ба дарави ғалла оғоз бахшида, таваҷҷуҳи кишоварзонро дар самти беталаф ғундоштани гандум, ки фаровон ба назар мерасид, ҷалб намуданд. Хоҷагӣ дорои 30 гектар замин буда, дар майдони 4,5 гектар гандум кишт намудааст.
 Соли равон кишоварзони ноҳия дар майдони 5107 гектар зироати ғалладонагӣ аз ҷумла 4647 гектар гандум, 200 гектар ҷав, 10 гектар шолӣ ва 120 гектари дигар ҷуворимакка барои дон, кишт кардаанд.
Ҳамасола кишоварзони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус гандум, тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда, ҳосили фаровони ғалла мерӯёнанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо хоҷагидорон таъкид доштанд, ки дар замони норасоии маводи ғизоӣ дар ҷаҳон бо роҳи истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ, гирифтани ду - се ҳосил аз як қитъа, вусъати корҳои саҳроию сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил ва заҳмати содиқона метавон талаботи сокинони мамлакатро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин намуда, дар иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузошт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2022    №: 102    Мутолиа карданд: 2830
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед