logo

сиёсат

ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. МАРЗБОНОНИ ТОҶИК КАФИЛИ АМНУ СУБОТИ ФАРОМАРЗИАНД

Имсол аз таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол сипарӣ гардид. Ҳарчанд, неруҳои марзбонӣ мисли дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи бисёр ҳассос ва аз ҳар лиҳоз  мушкили таърихи кишварамон, бе ягон заминаи моддиву техникӣ ташкил гардида бошад ҳам, ин воқеа дар таърихи давлатдории навинамон рӯйдоди муҳим дар амри пойдории давлату миллат, ҳифзи амнияти ҷомеа ва марзу буми сарзамин буд.
Дар он айёми ноором таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ амри зарурӣ ба ҳисоб мерафт, зеро бадхоҳони миллату давлат бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба ҷумҳурӣ яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир ворид намуда, бо дастгирии гурӯҳҳои ҷинояткор Ватани азизамонро ба гирдоби ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ гирифтор карданд. Аз ин нуқтаи назар, марзбонони шуҷои тоҷик тавонистанд дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои сулҳу ваҳдат, таъмини осоиши мардум нақши намоён гузоранд. 
Ҳоло иқтидори мудофиавии ҷузъу томҳои неруҳои марзбонӣ аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳибтахассуси ҳарбӣ ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ хеле мустаҳкам гардидааст. Ба як нуктаи бисёр муҳим бояд таваҷҷуҳ кард, ки марзбонони тоҷик новобас-та аз мавзеъҳои мураккаб ва душворгузар дар сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон (беш аз 1400 километр) онро далерона ҳифз менамоянд. Аз ин хотир, гуфтан мумкин аст, ки неруҳои марзбонии мо дар баробари таъмини ҳифзи марзҳои мамлакати худ, ҳамзамон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро низ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳимоя карда истодаанд. 
Бо назардошти аҳамияти бузурги ин масъала, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такомули сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин, таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст.
Ба иттилои Анушервон Авзалзода, сардори маркази матбуоти  Қӯшунҳои сарҳадӣ, дар даврони Истиқлоли давлатӣ шароити Қӯшунҳои сарҳадӣ тадриҷан ба талаботи замон мувофиқ гардонда шуда, то имрӯз зиёда аз 320 биною иншооти хизматрасонии қисмҳои ҳарбӣ таъмир ва навсозӣ шудаанд.  Аз ҷумла, бахшида ба 25-солагии Қӯшунҳои сарҳадӣ 28 майи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази идоракунии Сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, ки навсозӣ ва бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ, инчунин, шарту шароити корӣ муҷаҳҳаз гардида буд, дидан намуданд. Худи ҳамон рӯз Сарвари давлат дар шаҳри Душанбе Гимназияи ҳарбии ба номи ворисони «Куруши Кабир»-и Қӯшунҳои сарҳадиро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд. Дар Гимназияи ҳарбӣ ҳамасола то 100 нафар баъди хатми синфи 9 ба таълим фаро гирифта шуда, пас аз ду соли таҳсил хатмкунандагон имкон доранд, ки дар асоси шартномаи дутарафа дар самти омода намудани мутахассисони сарҳадӣ таҳсили минбаъдаро дар донишкадаҳои олии ҳарбии дохил ва хориҷ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо идома диҳанд. 
29 сентябри соли 2020 Пешвои миллат дар ноҳияи Фирдавсӣ Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадиро кушоданд, ки барои бозомӯзии ҳайати шахсӣ ва сатҳи роҳбарии Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои пойтахт Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиро пас аз навсозии пурра ба истифода доданд. 
16 июли соли 2021 Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳали будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва тайёрии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии гарнизони Хатлон шинос гардида, бо ҳайати захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудии вилоят суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд. 
Бояд гуфт, ки барои таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпараст бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2001 Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ таъсис ёфт. Баъдан, омӯзишгоҳ соли 2016 ба Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ табдил гардида, дар давоми ин солҳо наздики 1500 нафар афсарони ҷавон Донишкадаро хатм намуданд.
Тавре Президенти кишвар зимни суханрониашон бахшида ба 25-солагии Қӯшунҳои сарҳадӣ иброз доштанд, дар зарфи бисту панҷ сол сарҳадбонони ҷасури мо якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 25 тонна воситаҳои нашъадор, қариб 1200 мил силоҳ ва 6300 муҳимоти ҷангиро мусодира намуда, 638 нафар қочоқчиёнро безарар ва 456 нафар шахсони сарҳадшиканро дастгир кардаанд.
Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат заҳмати хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадиро ҳамеша қадрдонӣ мекунад, чунончи бар пояи иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ, тайи ин солҳо 40 нафар бо рутбаҳои олии ҳарбии генералӣ, 14 нафар бо ордени Спитамен, 5 нафар бо ордени Шараф, 39 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, 25 нафар бо медали Ҷасорат ва 12 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд. Гузашта аз ин, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва оилаи онҳо давра ба давра бо манзили истиқоматӣ таъмин мегарданд. 
Бо итминон метавон гуфт, ки марзбонони қавииродаи мо, ки дар сафи пеши ҳифзи сарҳади давлатӣ ва суботу оромии сокинони кишвар қарор доранд, барои ҳимояи зиндагии осоиштаи халқамон доимо омодаанд. Ин далелро ҳодисаҳои ахири марзӣ бори дигар собит намуд, ки сарҳадбонони тоҷик барои оромию осудагии халқ сина сипар менамоянд 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2022    №: 102    Мутолиа карданд: 1503
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед