фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
МУАММОИ ГӮГИРДЧӮБ
Аз баробариҳои дуруст мавқеи як гӯгирдчӯбро чунон иваз кунед, ки боз баробариҳои дуруст ҳосил гарданд.
Гирдоваранда Муъминҷон ҶУМЪАЕВ,
омӯзгори МТМУ № 40 – и шаҳри Истаравшан
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
РЕКОРДГУЗОРИИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН
БОЗИГАРЕ, КИ ДАСТОВАРДҲОЯШ ДАР ҶАҲОН НАЗИР НАДОРАНД
Одил Иргашев дар таърихи футболи Тоҷикистон ягона бозигарест, ки 11 маротиба (солҳои 1998, 1999, 2000, 2004, 2006, 2007, 2008, 2010, 2011, 2012, 2013) чемпиони кишвар гардидааст. Гузашта аз ин, ӯ дар ҳайати тими миллӣ барандаи Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (2006) буда, бо «Регар-ТадАЗ» ду маротиба дар Ҷоми президенти КФО (2005, 2008) ғолиб омадааст.
Ҳимоятгари бомаҳорати тоҷик ягона футболбозе мебошад, ки дар ҳайати дастаҳои «Варзоб» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Истиқлол» (Душанбе) ва «Равшан» (Кӯлоб) ду ва зиёда аз он бор қаҳрамони Тоҷикистон шудааст.
Дар баробари ин, Одил барандаи Ҷом, Суперҷом ва унвони беҳтарин ҳимоятгари Тоҷикистон мебошад.
Бо итминон гуфта метавонем, ки дастоварди рекордии Одил Иргашев на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиё ва ҷаҳон низ назир надорад.
Қаҳрамони мо ҳоло дар дастаи «Истиқлол» ба ҳайси маъмур фаъолият дорад.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
САЙЁРАИ «ҚОҲИРОВА» ВА НАҚШИ ТОҶИКОН ДАР БОЗКУШОИИ АСРОРИ КОИНОТ
Шояд на ҳама медонанд, ки дар радифи сайёраи № 2729 «Тоҷикистон» (Tadjikistan) ва сайёраи № 2746 расадхонаи Ҳисор (GisAO) дар фазои коинот ҳашт сайёраи дигар ба номи олимони тоҷик сабт шудааст. Навтарини он сайёраи хурди «Қоҳирова» (24533 – Kokhirova) аст, ки моҳи июли соли 2014 баъд аз Ҳамоиши байналмилалии «Астероидҳо, кометаҳо ва шиҳобҳо» дар шаҳри Хелсинкии Финляндия бо қарори Шурои олимони Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ насаби бонуи тоҷик Гулчеҳра Қоҳироваро гирифт. Қабл аз ин, 7 сайёраи дигар (7164 - Babadshanov, 4011 - Bakharev, 3013 - Dobrovoleva, 4207 - Chernova, 4206 - Kiselev, 3945 - Gerasimenko, 3436 – Ibadinov) барои хизматҳои шоён ба номи ситорашиносони тоҷик гузошта шуданд.
Сайёраи хурди «Қоҳирова» 2 феврали соли 2001 дар расадхонаи Ловелли ИМА кашф шуда, нисбати дигар сайёраҳо ба Замин наздик мебошад. Омили ба чунин шараф даст ёфтани Гулчеҳра Қоҳирова дар он аст, ки ҳангоми тадқиқоти ҷисмҳои хурди системаи офтобӣ бо ташкили шабакаи болидӣ дар Тоҷикистон, ки аввалин шабака дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад, бо ҳайати корӣ зиёда аз 200 болидаро аксбардорӣ намуд. Ҳангоми таҳлили аксҳо гурӯҳи корӣ андоза, суръату мадор ва макони онҳоро дақиқ нишон доданд.
Таҳияи Роҳатхони УМЕД
ҚУДРАТИ ИНСОН
18. ҲЕҶ ВАҚТ НАМЕТАВОНАМ НАГӮ
Рой зодаи шаҳри Лафайетти иёлати Луизиана аст. Ҳангоми таваллуд чун модараш ранҷи зиёд мекашад, духтурон аз ноилоҷӣ кӯдакро бо ҷарроҳӣ мегиранд. Чанд соате, ки амалиёт давом мекунад, мағзи сари кӯдак аз нарасидани ҳаво осеб дида, ба сутунмуҳраи ӯ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Волидайн баробари шунидани хабар, ки фарзанди онҳо фалаҷи модарзодист, аз ӯ даст мекашанд. Кӯдакро Рой Фрэнк Митт II бо ҳамсараш Дина Митт гирифта, қавл медиҳанд, ки чун фарзанди худ калон мекунанд, вале дере нагузашта онҳо аз ҳам ҷудо мешаванд ва нигоҳубини Ройи маъюб танҳо бар дӯши Дина меафтад. Аввалин дарсе, ки модархонд ба Рой медиҳад ин аст: «Писарам, ҳеҷ вақт наметавонам, намекунам нагӯ».
Бо гузашти вақт ва талошҳои Дина Рой роҳгардиро меомӯзад, албатта, чанд вақти аввал бо асобағал, вале пасон чун пойҳояш воқеан рост мешаванд, озод гаштан мегирад.
Тақдири талхи Рой буд, ки модархондаш ба садама афтода, аробачаи маъюбии ӯро гӯё аз худ мекунад. Рой, ки акнун 13 сол дошт, барои дарёфти қути лоямут ба суроғи кор мебарояд, то модархондашро муттако бошад. Аз миёни даҳҳо касбу коре, ки пешниҳодаш мекунанд, кинематографияро мепазирад.
- Қаҳрамони нахустини ман ҳамтақдирам, яъне маъюб буд. Маъюбе, ки ин бемории даҳшатафзоро хеле вазнинтар аз ман гузарондааст. Аз ноилоҷӣ ва ба хотири модарам бозидани ин нақшро ба уҳда гирифтам, ҳарчанд бо тамоми ҳастиям давраи маъюбии худро фаромӯш кардан мехостам, ба ёд меорад Рой.
Имрӯз Рой Ар-Джей Митт III аз серталабтарин ҳунармандони ҳолливуд ва аз табори сарватмандон мебошад. Дар баробари бозидани нақшҳои асосӣ, ҳамчунин, бо машҳуртарин ширкатҳо шартнома баста, ҳамчун модел маблағҳои зиёд ба даст меорад. Ба қавли ҳаводоронаш, агар каме лангидани дасти чапаш набошад, касе гумон намекунад, ки Рой ҳамон тифли маъюбест, ки волидонаш мавҷудияташро нахостанд ва аз ӯ рӯ тофтанд.
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ФРАНСИСК САҒИРА БУД
Дарси таърих:
- Падари Людовики 16 кӣ буд?
- Людовики 15.
- Бисёр хуб. Аз они Карли ҳафтум чӣ?
- Карли шашум.
- Офарин. Падари Франсиск якум чӣ?
- Устод, ба фикрам ин бечора сағира буд.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ЧАНД КИТОБ БОБАТИ РУШДЁБИИ ИНСОН
Рушдёбии инсон – дарёфтан ва дарк намудани худ, роҳест, ки инсон то ба охир онро тай намуда наметавонад. Аммо, агар андаке аз талошҳо бозистед, вақту замон чунон ба ақиб мепартоядатон, ки то дергоҳ «по дар гил» мемонед. Бо вуҷуди ин, бояд кӯшид, то ҳаётатон пешрав, имрӯзатон беҳтар аз рӯзҳои пешин бошанд. Китобҳое, ки таҳти ин рубрика пешниҳод мекунем, дар ин хусусанд.
ХЭЛ ЭЛРОД -
«СУБҲИ СЕҲРАНГЕЗ. ЧӢ ТАВР СОАТИ БАРМАҲАЛИ РӮЗОНА БАРХОСТАН КОМЁБИИ ШУМОРО МУАЙЯН МЕНАМОЯД»
Китобест, ки ҳазорон нафар хонанда баъди мутолиаи он ва баҳравар шудан аз маслиҳатҳои муфиди муаллиф - Хэл Элрод ҳаёти худро тавонистанд тағйир диҳанд. Вай масоили рушд ёфтан ва раҳоёбиро аз нокомиҳо дар одатҳои мунтазами бархостан вақти субҳ ва иҷрои таомулҳои пагоҳирӯзӣ дониста, китобро дар асоси таҳлилҳои амиқ ва таҷрибаҳо иншо намудааст. Чӣ мешавад, агар, айни замон ва ё пагоҳ ба ҳар тарзу усули ҳаётгузарониатон назари тоза андӯхта, онро ба таври ҳаяҷоновар дигаргун намоед? Чӣ мешавад, агар на бо он ҷустуҷӯи хастагипазиронаи кадом як асрори кафолатдиҳандаи беҳбудии ҳар чаҳор самти кӯшишҳоямон, балки бо як рафтори одӣ зиндагиамонро боз ҳам рангинтар созем?!
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
НАХУСТИН ИЗДИВОҶ ДАР 95 - СОЛАГӢ
Аксаран мо мекӯшем ишқи ҳаётан муҳими худро дар ҷавонӣ пайдо намоем, вале Ҷулиан Мойл исбот намуд, ки дарёфти шахси дӯстдошта барои зиндагӣ ҳеҷ вақт дерӣ надорад.
Зодаи Австралия соли 1954 ба Кардифф (Уэлс) муҳоҷират намуд. Аз соли 1970 то 1982 Ҷулиан сарояндаи операи миллии Уэлс буд. Аммо, чанд моҳ пеш ин мард ба зиндагии муҷарради худ нуқта гузошта, ба хонуми дӯстдоштааш пешниҳоди издивоҷро кард. Тӯйи марди 95-сола ва арӯси 84-солааш дар калисои баптистии Голгофл, он ҷое, ки ин ҷуфт бо ҳам шинос шуда буанд, доир гардид. Моҳи асалии худро ин ду бузургсоли хушбахт дар Австралия дар ватани таърихии Ҷулиан Мойл гузаронданд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ТАВСИЯ
ИЛОҶИ РАҲОӢ АЗ ТАНБАЛӢ
16. ВАРЗИШ КУНЕД!
Фоидаҳои варзиш васфношуданианд. Аммо муҳимтарин фоидаи варзиш шодӣ ва шӯре аст, ки дар зиндагӣ ворид мекунад. Ҳангоми ба варзиш машғул шудан, суръати ҷараёни хун меафзояд ва сохтусози бадан беҳтар мешавад. Шояд варзиши пагоҳирӯзӣ барои шумо душвор бошад, аммо кӯшиш намоед, ки ҳаддалимкон 15 дақиқа субҳгоҳон ба варзиш машғул шавед.
Ақли солим дар бадани солим аст. Бо доштани ҷисми солим тамоми зиндагиамон мавзун хоҳад шуд. Ҳар фард бояд дар як ҳафта ҳаддалимкон 150 дақиқа ба варзиш машғул шавад. Агар ин имкон дар барномаи зиндагии шумо нест, пас баъзе корҳоро канор гузоред ва рӯ оред ба варзиш.
Ба варзиш машғул шудан сатҳи энергияи баданро боло бурда, дар андак муддат боиси рушди шахсияти шумо хоҳад шуд.
Таҳияи Кароматулло АТО
АЗ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТИ ГУНОГУН
ЯК САТР
* Оё шумо медонед, ки тездавтарин ҳайвон дар рӯи Замин гепард буда, суръаташ дар як соат ба 114 километр мерасад.
* Сари мор ҳатто баъди буридан, то ним соат пас ҳам, газида метавонад.
* Ғурроси шер аз масофаи 8 километр шунида мешавад.
* Агар фил бимирад, чанд соат рост меистад ва баъд ба замин меафтад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
АҶОИБОТИ БАДАНИ ИНСОН
* Мисли изи ангуштони инсон изи забони ҳар як одам ба худ хос буда, ба пайи забони ҳеҷ кас монанд нест.
* Тақрибан 10 фоизи мардҳо, 8 фоизи занҳо чапдаст мебошанд.
* Ферменти лизотсими таркиби ашки чашм бактерияҳои зиёдро маҳв намуда метавонад.
* Қуввае, ки бадани инсон дар 30 дақиқа сарф менамояд, баробари энергияест, ки барои ним литр обро ҷӯшондан сарф мешавад.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
ҒИЗОИ ДУРУСТ ВА МУҲАББАТ БА КАСБ – СИРРИ ДАРОЗУМРӢ
Лейли Демарк дар синни 103 ба нафақа баромад, аммо ташхиси беморонро дар хона тариқи маслиҳати телефон идома медод. Сирри дарозумрии ӯ ирсӣ нест, чун модари Лейли дар 45-солагӣ вафот кард ва падараш каме бештар аз 60-сол умр дид. Доруҳои муассир низ кафолати солимии ӯ набуданд, зеро Лейли хеле кам дору истеъмол мекард, ҳарчанд духтури варзида ва яке аз таҳиягарони ваксинаи сулфа буд. Духтару набера ва аберагон бовар мекунонанд, ки калиди дарозумрии ӯ дар некбинӣ, ғизои дуруст ва муҳаббат ба касб аст. Ба гуфтаи худи ӯ, сирри дарозумрӣ дар ду омил аст: ғизои дуруст ва муҳаббат ба кор.
Лейли дар синни 114-солагӣ аз олам даргузашт.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
МАЪРУФТАРИН ОЛИМОНИ ТАЪРИХИ БАШАРИЯТ
ЛУИ ПАСТЕР (С.1822-1895)
Луи Пастери фаронсавӣ олими соҳаи биология ва химия мебошад. Писари чармгар дар мактаб бо баҳои аъло мехонд. Баробари дар коллеҷ дониш андӯхтан дар лексияҳои кушоди Сорбонн яке аз донишгоҳҳои беҳтарини Фаронса ширкат менамуд.
Пас аз хатми мактаби олӣ олим комилан бо илмҳои дақиқ машғул шуд. Табиати бархе равандҳои химиявӣ мароқи ӯро ба худ ҷалб кард. Заҳмати Пастер ҳамеша ба ҷамъият суд меовард. Таҳқиқгар шаробпазони фаронсавиро аз муфлисшавӣ наҷот дод. Сабаби вайроншавии вино ва ҷилавгирӣ аз онро муайян намуд. Шоҳибофӣ низ ба шарофати Пастер умри дубора дид: ӯ муддати тулонӣ бемории кирми пилларо омӯхт. Инчунин, Луи Пастер бо иммунология машғул шуда, орзуи ғалаба бар вабо, табларза, ҳорӣ ва дигар бемориҳоро дошт. Олим хеле барвақт инсултро аз сар гузаронд ва солиёни дароз бо як дасту по кор кард.
Замоне ки Пастер 70-сола шуд, ҳукуматдорони фаронсавӣ ба ӯ бо навиштаҷоти «Накукори башарият» ҷиҳати қадрдонии заҳматҳояш медал тақдим намуданд. Дар Париж Донишкадаи Пастерро сохтанд.
Дастовардҳои Луи Пастер: туршшавии табиии биологӣ; нигаҳдории хӯрокаҳо тариқи коркарди ҳароратӣ – ин усулро ба ифтихори ӯ пастеризатсияшуда номиданд; коркарди ваксина аз захми сибирӣ ва ҳорӣ мебошанд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
БАРНОМАСОЗИ 16 - СОЛАИ ТОҶИК
Иқбол Темирхоҷаеви 16-сола ба барномасозӣ машғул аст. Феълан хонандаи синфи 10-уми мактаби хусусии «Гулчини маърифат» мебошад.
Иқбол барои системаи Android барнома месозад ва айни ҳол 6 барномаи сохтааш, аз ҷумла «Қонуни маориф», «Ҷаҳони бофаросат», «NUN.tj», «Dono», «ТехноЗнаток» ва «Парчам», дар Play Market ҷой дорад. Ин барномаҳоро беш аз 8 ҳазор кас боргирӣ кардаанд.
-Яке аз барномаҳое, ки аз ҳама зиёд боргирӣ шудааст ин «Қонуни маориф» мебошад, ки беш аз 5 ҳазор муаллим онро истифода мебаранд, - мегӯяд Иқбол.
Лоиҳаи дигари Иқбол «Dono» номгузорӣ шуда, барои забономӯзӣ пешбинӣ гардидааст. Ӯ ин барномаро дар Ҳамоиши байналмилалии
EMERGE — INTERNATIONAL TECH CONFERENCE дар шаҳри Минск муаррифӣ намуда буд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ТААССУРОТИ МИНА ГУЛИ АЗ ТОҶИКИСТОН
22 май шаҳрванди Австралия Мина Гули дар масири ноҳияи Шамсиддин Шоҳин- Дарвоз дави навбатии худро анҷом дод. Пас аз марафон ӯ таассуроташро дар бораи кӯҳҳои Тоҷикистон нақл карда, онҳоро ҳайратангез хонд, - хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Ман интизор набудам, ки Тоҷикистон пур аз чунин кӯҳҳои зебост. Тули тамоми давҳоям ин гунаашро боре дар ягон кишвари дигар надидаам, ҳайратангез аст!», - гуфтааст Мина Гули.
«Нақши асосии ман дар Осиёи Марказӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи буҳрони об, нишон додани аҳамияти мушкилоти пайдошуда ва ташвиқи иқдом барои ҳалли он аст», - иброз доштааст Мина Гули.
Ӯ, ҳамчунин, ба роҳбарияти кишвар ва тамоми масъулоне, ки дар баргузории марафони дав дар Тоҷикистон ӯро мусоидату дастгирӣ мекунанд, изҳори сипос менамояд.
Мина Гули дар Тоҷикистон марафони дав баргузор мекунад, ки аз 16 май то 10 июн идома меёбад. Дар ин муддат ӯ нақша дорад, ки 10 марафонро дар масофаи 458,2 километр тай карда, аз манбаъҳои бойи обии Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии «Роғун»-у «Норак» ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ, дидан намояд.
Таҳияи Комрон САФАР
СИЁСАТИ ИМПЕРАТОРӢ
Вақте император Николайи I назди полк мебарояд, ҳама мебинанд, ки як тугмаи остинаш кушода мондааст. Адъютант ба ӯ наздик шуда, иҷозат мепурсад, то ин хатои ночизро ислоҳ кунад. Вале император бо шаҳомате, ки дошт, бо овози баланд мегӯяд:
- Формаи ман ба низомнома пурра мувофиқ аст, полк бояд дуруст пӯшидани либосро омӯзад.
Баъди сухани император тамоми полк дар як лаҳза тугмаҳои остинҳои худро мекушоянд ва «камбуд»-ашонро ислоҳ мекунанд.
Аз русӣ тарҷимаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ҲОЛАТҲОИ ҒАРИБ
ДАРЁИ ДУЗД
Кафши кӯдакеро дарё бурд. Кӯдак рӯи соҳил навишт: Дарёи дузд.
Он тарафтар марде, ки сайди хубе дошт, рӯйи мосаҳо навишт: Дарёи саховатманд.
Ҷавоне ғарқ шуд, модараш навишт: Дарёи қотил.
Пирамарде марвориде сайд кард, навишт: Дарёи бахшанда.
Мавҷе навиштаҳоро шуст. Дарё ором гуфт: Ба қазовати дигарон эътино накун, агар мехоҳӣ дарё бошӣ.
Бар он чи гузашт, он чи шикаст, он чи нашуд, ҳасрат нахӯр. Зиндагӣ, агар осон буд, бо гиря оғоз намешуд.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
ЧӢ ҚАДАРИ УМРАМОНРО БА ХОБ, ХӮРОК, СУХАН… МЕГУЗАРОНЕМ?
Олимон ҳисоб кардаанд, ки, агар умри инсон ба ҳисоби миёна 70 сол бошад, пас ӯ 13 солашро ба сухан гуфтан, 6 солашро ба истеъмоли ғизою об ва 22 солашро ба хоб мегузаронад.
Дар ин муддат инсон 100 тонна озуқа масраф мекунад. Агар тапиши дилаш дар як дақиқа 80 – 100 бор бошад, пас дар тули ҳаёт қалби ӯ 2 миллиарду 58 миллион маротиба хоҳад тапид. Дар як рӯз 20 ҳазор, дар як сол 7 миллион қадам зада, маҷмуан, дар 70 сол масофаи гирди Заминро 9 маротиба тай мекунад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ОЁ МЕДОНЕД?
Калонтарин фурудгоҳи байналмилалии ҷаҳон дар Ҳонконг ҷойгир шудааст.
***
Ранге, ки дар қисми зиёди парчамҳои дунё дида мешавад, ранги сурх аст.
***
Дарозтарин бозии теннис дар таърих 11 соату 5 дақиқа тул кашид.
***
Кӯтоҳтарин ҷанг 38 дақиқа давом ёфта аст.
***
80 дарсади майнаи сарро об ташкил медиҳад.
***
Асал ягона ғизоест, ки таркибаш ҳеҷ гоҳ вайрон намешавад.
***
Лонаи уқоб метавонад то 2 тонна вазн дошта бошад.
Таҳияи З. РАҶАБ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.05.2022 №: 102 Мутолиа карданд: 2391