Хабарҳо
“ҶУМҲУРИЯТ”. ҶАМЪБАСТИ БОЗ ЯК МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ
27 май дар идораи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” мусобиқоти шашка (байни бонувон) ва нард (миёни мардон), ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардида буд, натиҷагирӣ шуд ва ғолибон бо туҳфаҳо қадр гардиданд.
Ҳамин тавр, дар рақобати зеҳнӣ байни бонувон Мафтуна Бахтибекова бар рақибонаш пирӯз омада, ғолиби мусобиқа гардид. Мақомҳои дуюму сеюмро мутаносибан Матлуба Шарифова ва Барноз Раҳмоншоева гирифтанд.
Дар мусобиқаи нард зинаи аввал насиби Маҳмуд Мирзоён гашт. Ду зинаи ифтихории дигарро Қурбон Мадалиев ва Қурбоналӣ Раҳмонзода касб намуданд. Ҳамчунин, бо пешниҳоди ҳайати тадорукот Нигина Раҳмонова, Фарзона Файзалиева, Лола Ризоева, Фирӯз Ҷумъазода, Муҳаммадзоиршо Шарифов ва Шариф Раҷабов барои бозиҳои хотирмон ҳавасманд гардиданд.
Роҳбарияти идора бо мақсади ҷалби кормандон ба чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили футбол, волейбол, тенниси рӯи миз ва шашкаву шоҳмот пайваста чорабиниҳо доир менамоянд, ки ба тақвияти неруи ҷисмониву зеҳнӣ мусоидат менамояд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки чанде қабл бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз низ байни кормандон мусобиқа оид ба тенниси рӯи миз баргузор шуда буд.
Бешак, ин иқдомҳоро метавон дар амал татбиқ гардидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҷалби ҷомеа ба солимгардонӣ ва тақвияти оммавияти варзишӣ унвон кард.
М. БАҲРОМ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4704